Дӯстони  азиз,

Ҳозирини гиромӣ!

Ҳамасола 24-уми ноябр дар сартосари кишвари соҳибистиқлолу маҳбубамон-Тоҷикистони азиз Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо як шукӯҳу шаҳомати беандоза таҷлил карда мешавад. Баргузории ин чорабинии бошукӯҳ ифодагари рамзи миллию давлатдорӣ, озодию истиқлол ва ваҳдату ҳамдилии мо тоҷикон мебошад. Ба ин муносибат ба ҳар яки Шумо ҳамдиёрони азиз хонаи обод, тансиҳатӣ, саодатмандии рӯзгор ва дар ҷодаи кору пайкоратон сарбаландию музаффариятњои рӯзафзун хоҳонам.

Миллати тоҷик ҳамчун миллати куҳанбунёд, таърихӣ, соҳибтамаддун ва дорои фарҳанги пурғановат аз қадим то кунун соҳибдавлат буд ва ба арзишҳои миллию давлатдорӣ эҳтиром мегузоштанд. Дар гузашта низ миллати тоҷик ҳамчун миллати соҳибдавлат дорои Парчам буда, Парчам ҳамчун рамзи миллӣ ва давлатдорӣ ба давраҳои бостонии таърих рафта мерасад.

Парчам дар фарҳанги миллии мо бо номҳои “дирафш”, “ливо”, “парчам”, “байрақ”, “алам”, “роят” ва амсоли ин омада, ҳамчунин ба маъноҳои гуногун ва вижагиҳои хоси худ баён гардидааст, ки ин вижагиҳо тибқи сарчашмаҳои таърихӣ аз ҳаёти иҷтимоӣ ва фарҳангии ҳар як қавму миллат далолат мекунад. Илова бар ин, адибону орифони оламшумули форсу тоҷик дар китобу асарҳои безаволи худ, аз ҷумла “Шоҳнома”-и Абулқосим Фирдавсӣ, ки фарогири баланди тарбияи худшиносӣ, ватандӯстӣ ва меҳанпарастист оид ба Парчам ҳамчун рамз ва баёнгари ҳуввияти миллӣ борҳо зикр ёфтааст, ки яке аз ин “Дирафши Ковиёнӣ”, ки онро «Ахтари Ковиёнӣ» низ мегӯянд. Ҳамчунин Парчам муқаддасоти миллӣ, рамзи истиқлолияти давлатӣ буда, ҳанӯз аз замонҳои қадим барои мардуми куҳанбунёди тоҷик рамзи давлатдориву ватандорӣ, таҷассумгари ҳуввияти миллӣ, ифтихору шараф ва нангу номус ба шумор мерафт.

Қобили қайд аст, ки дар ибтидои солҳои 90-уми асри гузашта Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди ба даст овардани истиқлоли давлатӣ бар асари низоъҳои дохилӣ ва ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ гирифтори буҳрони шадиди сиёсӣ, фалаҷ гардидани сохторҳои ҳокимияти давлатӣ гардид. Дар чунин замони ҳассосу мураккаби сиёсӣ 16-уми ноябри соли 1992 Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун иҷлосияи тақдирсоз доир гардид, ки дар ҷараёни он асосҳои давлатдорӣ, яъне рамзҳои давлатӣ, аз ҷумла Парчам қабул гардида, Сарвари тозаинтихоби тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамин Иҷлосияи Шӯрои Олӣ ҳамчун нишони эҳтирому садоқат ва ватандӯстӣ Парчами давлатиро бӯсид.

Маврид ба зикр аст, ки баъди ба даст овардани истиқлолияти комили давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистонро беш аз 200 давлати дунё шинохта, соҳибистиқлолии моро эътироф намуданд ва Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун рамзи эътироф ва ҳуввияти миллӣ дар Созмони Милали Мутаҳид ва дигар Созмонҳои байналмилалӣ афрохта шуд. Парчами давлатӣ ҳангоми маъракаҳои расмии давлатӣ, чорабиниҳои сиёсиву иҷтимоӣ, фарҳангиву варзишӣ ва муносибатҳои байналмилалӣ ҳамчун рамзи шоистаи ватандории тоҷикон барафрохта мешавад.

Боиси хурсандии ҳамаи аҳолии ноҳия ва мову шумост, ки ба хотири эҳтирому садоҳат ба Парчами давлатӣ манораи Парчам дар маркази ноҳия бо баландии 50 метр ва манораи Нишони давлатӣ ба баландии 29 метр бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 16 июни соли 2022 ифтитоҳ гардид.  Акнун ҳар яки мо имкон пайдо намудем, ки дар чунин майдони зебо сайругашт намоем ва чорабиниҳои фарҳангию сиёсии худро дар назди муқаддасоти миллӣ, яъне Парчами давлатӣ доир намоем. Парчам имрӯз ҳамчун рамзи волои давлатдорӣ дар биноҳои мақомотҳо, ташкилоту муассисаҳо, идораву корхонаҳо, муассисаҳои таълимӣ ва дигар иншоотҳои маъмурию хизматӣ насб гардидааст, ки ин шаҳодати эҳтироми воло ба ин рамзи миллӣ мебошад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни баромади худ ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рангҳои Парчами миллиро «Ифодагари роҳи таърихии халқи Тоҷикистон ва баёнгари арзишҳои фарҳанги миллӣ ва сиёсӣ» дониста баён намуданд, ки: «Ранги сурх-рамзи муборизаву ҷоннисории халқ барои озодӣ ва истиқлол, ранги сафед-нишони бахту саодат, умеду орзу ва ранги сабз-нишонаи сарсабзиву шукуфоӣ, сарбаландиву хуррамӣ ва абадият мебошад. Дар байни Парчам тасвири тоҷ ва ҳафт ахтар ҷой гирифтааст, ки он ишора ба решаҳои таърихии давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад».

Чуноне, ки аз таърихи халқи тоҷик маълум мегардад, Парчам ҳамчун муқаддастарин сармояи давлат, як ҷузъи муҳими таъриху фарҳанги миллати тамаддунсози тоҷик арзиши баланд дошта, нишонаи нангу номус, ифодагари ҳастию пояндагии давлат ва арзишмандтарин сарвати давлатдорӣ ба ҳисоб меравад. Эҳтиром ба давлату Парчам ва ифтихор аз гузаштаву имрӯз ва фардои халқ яке аз омилҳои муҳими худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ ва эҳсоси муҳаббату садоқат ба давлату миллат, арҷ гузоштан ба арзишҳои олии миллию фарҳангии моро собит менамояд.

Бояд иброз намуд, ки маҳз  бо роҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳу раванди мамлакатамон дар як муддати кӯтоҳи таърихӣ рушд намуда, мавқеи устувори худро дар арсаи байналмилалӣ пайдо намуд. Таҳти Парчами давлатӣ бо ифтихори ватандорӣ ва шукрона аз неъматҳои соҳибистиқлолӣ сӯи фардои дурахшон устуворона қадам мегузорем. Аз ин рӯ, ҳар яки моро зарур аст, ки бо ҳисси эҳтиром, ифтихор, муҳаббат ва садоқату вафодорӣ ба рамзҳои давлатию муқаддасоти миллӣ дар зеҳну шуури фарзандон саҳм гузошта, онҳоро дар рӯҳияи ватандӯстию меҳанпарастӣ ва арҷ гузоштан ба ин арзишҳои олии миллию давлатдорӣ, ки таҷассумгари гузаштаи пурифтихори мо тоҷикон аст, ба воя расонем. Моро лозим аст, ки Парчами миллии худро эњтиром ва ҳифз намоем, онро чун нишонаи давлатдории миллӣ, истиқлолу озодӣ ва арзиши олии давлатдорӣ нигоҳ дорем.

Дар ин лаҳзаҳои фараҳбахш ҷашни Парчами давлатиро бори дигар ба ҳамаи Шумо тарбику муборакбод намуда, таманниёти онро дорам, ки ҳамеша дар кишвари азизамон, сулҳу амонӣ, осмони софу беғубор, ваҳдату ҳамгироӣ ҳукмфармо бошад ва Парчами Тоҷикистон дар фазои дӯстию рафоқат то абад танинандозу парафшон бимонад.

Саломату сарфароз бошед.