Санаи 24 ноябри соли 2022 дар асоси нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷайҳун чорабинии сиёсии бошукӯҳ бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид, ки дар он мудирони шуъбаву бахшҳои дастгоҳи раиси ноҳияи Ҷайҳун, намояндагони ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарон ва ҳайати кормандони ташкилоту муассисаҳо, ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти ноҳия ширкат варзиданд. Баргузории чорабинӣ бо роҳпаймоии умумии фаъолони ноҳия бо шиору овезаҳо ва Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон то майдони Парчами маркази ноҳия оғоз гардид.
Зимни таҷлили ин ҷашни бошукӯҳ бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҳикистон ва қад афрохтани Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси ноҳияи Ҷайҳун Одиназода Абдулҳафиз Абдусаттор дар ҳузури иштирокчиён ва фаъолони ноҳия баромад намуда, паёми табрикии худро расонд.
Раиси ноҳияи Ҷайҳун Одиназода Абдулҳафиз Абдусаттор дар баромади худ оид ба муқаддастоти миллӣ, яъне Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун рамзи давлатӣ ва ҳуввияти миллӣ ибрози андеша намуда, қайд кард, ки «Эҳтиром ба давлату Парчам ва ифтихор аз гузаштаву имрӯз ва фардои халқ яке аз омилҳои муҳими худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ ва эҳсоси муҳаббату садоқат ба давлату миллат, арҷ гузоштан ба арзишҳои олии миллию фарҳангии моро собит менамояд».
Сипас оид ба таърихи давлатдорӣ ва Парчаму парчамсозии миллати куњанбунёди тоҷик Сардори Шуъбаи КДАМ дар ноҳия Бобоҷон Абдураҳмонзода суханронӣ намуда, эҳтиром ба Парчам қадршиносӣ аз соҳибистиқлолию сулҳу амонӣ ва ҳифзи арзишҳои миллию муқаддасоти давлатиро вазифа ва асолати шаҳрвандӣ арзёбӣ намуд. Дар идома бобати дӯст доштани сарзамин, ҳифзи якпорчагии Тоҷикистони азиз дар рӯҳияи ватандӯстию меҳанпарастӣ тарбия намудани насли ояндасози кишвар, инчунин арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию давлатдорӣ собиқадори меҳнат, Аълочи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон Садафмо Дилдорова суханронӣ намуд.
Дар қисмати фарҳангӣ ҳунармандони бахши фарҳанги мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия, толибилмони мактаби мусиқии бачагона бо шеърҳои дар васфи Ватан, Парчами давлатӣ, Нишон, Модар ва намоишномаҳои театрикунонидашудаи худ дар васфи рамзу муқаддасотҳои миллӣ пешкаши иштирокчиён намуданд, ки хеле ҷолибу фараҳбахш буданд.