АХБОР

Ҷаласаи навбатии Шӯрои мутобиқсозию методӣ оид ба таълиму тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон дар назди раиси ноҳияи Ҷайҳун

Ҷаласаи навбатии Шӯрои мутобиқсозию методӣ оид ба таълиму тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон дар назди раиси ноҳияи Ҷайҳун

Дар бинои Ташкилоти ҷамъиятии «Моҳи мунир»-и  ноҳия  санаи 26 июли соли 2024, ҷаласаи навбатии Шӯрои мутобиқсозию  методӣ оид ба таълиму  тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон дар  назди  раиси ноҳияи Ҷайҳун баргузор карда  шуд. Дар  ҷаласаи мазкур Раиси ноҳияи Ҷайҳун Одиназода А. ба ҳайси раиси Шӯро, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи ноҳия, мудирони шуъбаву бахшҳои дахлдори дастгоҳи раиси ноҳия  ва мақомоти иҷроияи ҳокмияти давлатӣ ва раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия, ки аъзои Шӯрои мазкур мебошанд иштирок намуданд.

Чаласаи Шӯрои мутобиқсозию  методӣ оид ба таълиму  тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандонро  Раиси Шӯро- раиси ноҳияи Ҷайҳун Одиназода А. кушода суханро ба  котиби Шуро, натариуси Идораи ноариалӣ дар  ноҳияи Ҷайҳун Саидзода Ф. дод. Саидзода Ф. тибқи рӯзномаи Шӯро дар  нази аъзоён ҳисобот дод. Сипас дар  ин  ҷаласа муовини Сардори ШВКД дар  ноҳияи Ҷайҳун Ғоибзода И. вобаста ба  ҳолатҳои ошкор  намудани ҷиноятҳо аз  тарафи ноболиғон ҳисобот доданд.

Дар  охири ҷаласа аз ҷониби Прокурори ноҳияи Ҷайҳун мушовири адлияи дараҷаи 1 Бобохонзода Ф. ва Сардори шуъбаи КДАМ дар ноҳияи Ҷайҳун Қурбонов М. барои ҷонок намудани фаъолияти минбаъдаи Шӯрои мутобиқсозию  методӣ оид ба таълиму  тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон  таклиф  намуданд, ки дар  нақшаи корӣ оиди  пешгирии шомилшавии шаҳрвандон ба  гурӯҳҳои экстремистӣ террористӣ, муомилоти ғайриқонунии маводи  нашъаовар ва таълимоти ғайриқонунии динии ноболиғон ва пешгирии ҷинояткорӣ байни наврасону ҷавонон чорабиниҳо пешбини шавад.

Инчунин, таклиф  шуд, ки дар ноҳия вохурии аҳолии ноҳия  бо шахсиятҳои обруманду шинохта  аз  ҷумла сиёсатшинос Абдуллои Раҳнамо ташкил  карда  шавад.

Дар охир Ҷаласаи Шӯрои мутобиқсозию  методӣ оид ба таълиму  тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон дар  назди  раиси ноҳияи Ҷайҳун вобаста ба  масъалаҳои баррасишуда қарори дахлдор  қабул намуданд.

  Аъзои Шӯро- мудири шуъбаи  рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳия  Камолзода Ҷалолиддин