Истилоҳи ҷангро қариб ҳама намепарастанд, дӯст намедоранд ва ҳатто кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки ин истилоҳи шумро вирди забони покизаву поксиришташон наёранд. Бале, ҳамватани гиромӣ. Ин истилоҳ вайронкунандаи хонаҳои обод, шаҳру деҳаҳои гулафшон ва давлатҳои рубатарақидошта, гашта метавонад. Ин вабо аст, аниқтараш ин бало аст, ки ногаҳон бар сари мардуми тинҷу орому осоишта мисли панҷолҳои деви сиёҳ бар сари одамӣ давида, маконҳоро хароб, дилҳоро озурдаву пур аз ғам, фарзандҳо дар ҳасрати рӯи падару модар, падару модар, хешу ақрабо дар ҳасрати дидори фарзанд ва азизони гумгаштаашон як умр месӯзанду, бо руҳи онҳо дар суҳбат мешаванду бо тамоми ҳастӣ аз ғаму ғуссаи ба сарашон омада, меноланду меноланд. Охир кадомин ҷанг хонаҳоро обод, маҳаллаҳоро гул-гул шукуфон ва дилҳоро шод карда буд? Ҷанг бадбахтӣ ва саргардониҳои зиёдеро ба бор меорад. Беҳуда пирони ҷабрдида аз ҷанг то охирон нафасашон намегуфтанд, хонаи ҷангбарор бисӯзад….
Имрӯзҳо аҳволи Афғонистони ҳамсоя, Украинаву давлатҳои шарқи наздикро мебинаму пешиназарам ҳамон парокандагиҳову парешониҳои миллати баруманду арҷмандам пеши назар меояд. Ҷанг барои мо чӣ дод? Як кишвари валангор, хонаҳои дар коми оташ нест гашта, мардуми сарсону саргардон, фарзандҳои дар гузару маҳалла, дарраву дарғотҳо аз дасти нобакорон кушта шуда, заминҳои зору ҳайрони кишт ногашта, модарони аз ғами фарзандҳо ақл гумкарда, хоҳарони дар ҳасрати додару бародар сӯхта, арусони бахт гумкарда, фарзандони бепадар монда, гурезаҳои беватан, гуристонҳои ғарибон, куҳу пуштаҳои аз хуни фарзандон лолаҳо дамида, мурдаҳои зору ҳайрон дар кучаву растаҳо хуфта, мурдаҳои пурҳасрату бекафан дар дарёҳо партофташуда, ҳамсояҳои аз ҳамдигар ҳаросон, чашмҳои аз гиря кур гаштаи модарону хоҳарон, асабҳои хароб, дилҳои пур аз ғам, пур аз тарсу ҳарос, рӯҳи ноором ва ғайраҳо. Ин аст хони ҷанг дар хонадони ҳар кадоми мо.
Аз нооромиҳои як гушаи диёрам дар хавотирам, ки наход боз дасти пур аз хун ва нобакори ҳасудхори миллати арҷмандам ба сӯи ин кишвари офтобӣ, орому озод, мардумаш сарбаланду шод нигаронида шудаву дар пайи вайронии ин каъба, ин хонаву дар, ин манзили орому осоишта бошад?
Аслан мегӯянд, ки хонаи ободро ҳасудхӯронаш зиёд аст, рост мегуянд. Барои он, ки ин хонаву дари обод, барои тарбияи фарзандҳои фарзона ва мардуми шарифаш хизмат бикунад, соҳибони хонадон бояд, меҳрубон, хушмуомила, ҳушёр, айёру зирак бошанд, ки мабодо гармии хонадон аз бемеҳрии аҳли он сард гардаду бо мурури замон манзили гургону шағолон шавад.
Барои гармии хонадонро нигоҳ доштан моро месазад, ки фарзандони хонаводагиамонро дар руҳияи дӯстдоштани марзу бум, худшиносии миллӣ ва ифтихор доштан аз гузаштаву имрӯзаи миллатро тарбия намоем, ба воя расонем, фарзандҳои шарифи сарзамини Тоҷикистони азиз эҳсоси ватандӯстӣ ва ҳифзи кишвари азиз аз туфонҳову бодҳои вайронкори ободиҳоро бояд дошта бошанд.
Чаро имрӯз мағзҳои ҷавонони худогоҳу худшиноси сарзамини азизамонро бояд бегонагон идора намоянд? Чаро? Фарзандон аз миллати баруманди тоҷик бошад, сарзамин аз тоҷикон бошад, кӯҳҳои сар ба афлок кашида овои тоҷикӣ доранду чашмаҳои мусаффояш бо садои тоҷикона месароянду, сарбаландии кӯҳҳояш ғурури тоҷикӣ дораду, хокаш зархез тоҷикона, модарона бо муҳаббат дар хизмати фарзандҳои гиромиаш қарор дораду аз боғу роғаш бӯи биҳиш меояд, магар ин даргоҳро даргоҳи нооромиву ғам гуфтан мумкин аст?
Уболи ҷанг дар дунё нағунҷад,
Ва дилҳои хароби ҷанг бисёр…..
фармудааст шоир, бале азизони дилам дилҳои хароби ҷанг бисёр аст. То имрӯз хонадонеро пайдо карда наметавонем, ки бобову бобокалонҳояшон маҷруҳи Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ набошанду зиёда аз 300 ҳазор нафар тоҷику тоҷикистониён қурбони ин ҷанг гаштаву доғи фарзандҳо дар синаҳои пуралами модарони тоҷик, ки дар ҳасрати дидори фарзанде, ки аз ҷанг хатти сиёҳаш омадааст, пурамону дар ҳасрати дидори фарзанди гумномаш ба хоки тира рафтаанд.
Солҳои 90-уми асри гузашта низ барои ин милати баруманду арҷманд, тақдир соз буд. Дар ҷанги тарҳрези шудаи душманони сарзамин ва миллати тоҷик зиёда аз 150 ҳазор нафар фавтиаанду зиёда аз 80 ҳазор тифлон ятим монданду зиёда аз 1 миллион нафар ҳамватанони азизамон шаҳди ғарибиро дар мулки ҳамсояи бароямон дӯсту бародар, ҳаммазҳабу, ҳамфарҳангу ҳамзабонамон кашидаанд. Хисороти ба сари ин сарзамину мардумаш омада беохир буд.
Имрӯзҳо шаҳди Истиқлолияту озодӣ, оромиву осоиштагиро мардуми шарифи Тоҷикистон кашида истодаву бо сиёсати хирадмандона пешгирифтаи Сарвари кишвар по ба по қадам гузошта ин муқаддасотро мисли гавҳараки чашм ҳифз намуда истодаем. Аз ин рӯ, месазад, ки бо сиёсати оқилона, ободкорона ва озодихоҳу озодипарасти Ҳукумати ҷумҳуриамон, ки сарварии онро маҳбубтарин шахс, Пешвои муаззами миллат, Эмомалӣ Раҳмон бар душ дорад, якҷо қадам ба сӯи ободкориҳову ташаббусҳои наву созандаи миллат сарбаландона қадам гузошта, бо ифтихор бигӯем, тоҷик ва тоҷикистонӣ ҳастем.
Маҳмадраҷабзода М.
вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ҷайҳун