Дар назди  лавҳаи Оташи Абадӣ аз ҷониби  мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ва  ташкилоту муассисаҳо  гулчамбар  гузошта  шуда,  оиди  гузаштагони  худ  дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ суханрони намуданд.

         Раиси  ноҳия  Одиназода Абдулҳаифз Абдусаттор  ҳамаи иштирокчиёни чорабиниро ба ин санаи бузург– Рӯзи Ғалаба, ки 76 сол муқаддам ба яке аз ҷангҳои даҳшатноктарин ва фоҷиабори асри XX хотима гузошт, самимона табрик гуфта, барояшон сулҳу оромӣ ва саломативу хушбахтӣ орзу  намуданд.

         Қайд карда шуд, ки дар ин ҷанги ҷаҳонӣ Тоҷикистон даҳҳо  ҳазор фарзандони худро талаф дод, қисме аз онҳо дар қабристонҳои бародарӣ дар хоки Русия, Украина, Беларус, кишварҳои соҳили Балтика, Молдова, Аврупо ва дигар ҷойҳое, ки муҳорибаҳо барпо гашта буданд, дафн шудаанд.

         Аз ноҳияи Ҷайҳун бошад 1056 нафар барои ҳимояи Ватан ба ҷанг рафта аз ин шумора 525 нафар дигар барнагаштааст.

         Айни ҳол дар ноҳияи мо 3 нафар иштирокчиёни Ҷанги Бузургӣ Ватанӣ давлати пирӣ меронанд.

         Собиқадорони ҷанг он мардоне мебошанд, ки роҳи пурмашақатро тай намудаанд. Барои ояндаи нек ҳаёти худро дареғ надониста, ба ҳақиқат бовар карда, барои тантанаи он мубориза бурдаанд. Дар мавриди зарури барои ҳимояи Ватан, барои пойдории сулҳ ва ояндаи неки фарзандон ба муқобили душман сина сипар намудаанд.

         Ҳамчунин сабақҳои талхе, ки ин ҷанги хонумонсӯз ба сари тамоми инсоният оварда буд, ҳаргиз фаромуш нахоҳанд шуд. Ҳамаи ин моро водор месозад, ки сулҳу оромиро ҳифз намоем, ба қадри он расем ва насли ҷавонро  дар рӯҳияи сулҳу субот, ватанпарастиву башардӯстӣ тарбия намоем.

         Инчунин  дар  ҳамин  рӯз  ба аёдати 3 нафар  иштирокчиёни  Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ки айни ҳол дар қайди ҳаёт мебошанд ва  ба хонаи 2 нафари дигар, ки  нав  аз  дунё  гузаштаанд рафта,  ба  онҳо  кумакҳои модию молиявӣ  расонида шуд.