Дар ин чорабинӣ  раиси  ноҳия  баромад намуда,  иштирокчиёни чорабинӣ ва ҳамаи  модарону  бонувони арҷмандро ба Рӯзи модар табрик гуфта, ба ҳар яки онҳо, пеш аз ҳама, саломатӣ, хушбахтӣ ва тамоми хушиҳои зиндагиро орзу намуданд.

Қайд карда шуд, ки модар, гаронбаҳотарин сарвати бебаҳои зиндагии мост. Модар, ин сарчашмаи кули бузургони ҷаҳон аст.

Аслан сиришти занону модарони рӯи олам аз покиву зебоӣ, рисолати зиндагисозӣ ва эҳсоси гарму ҷонбахш офарида шудааст. Аз ин рӯ, мо ин рӯзи фараҳбахшро ҳамеша бо хушҳоливу нишоти хоса истиқбол мегирем, зеро нақш ва мақоми зан дар ҳамаи давру замонҳо дар ҳаёти ҷомеаи башарӣ ҳамчун офарандаи ҳаёт, пайвандгари наслҳо ва низомбахши рӯзгор ниҳоят бузург аст. Гузашта аз ин, зан – модар мураббии аҳли башар ва нахуст устоди инсон мебошад.

Аз ин лиҳоз, пос доштани иззату эҳтироми модар ва арҷ гузоштан ба мақому манзалати ӯ қарзи муқаддаси ҳар як инсон буда, подоши заҳмату бедорхобиҳои модар фақат аъмоли писандида, рафтори шоиста ва фазилатҳои неки ҳар як фарди солимфикр ва бонангу номус  аст.

Инчунин дар доираи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ба ҳамаи иштирокчиён гулу туҳфаҳои моддӣ тақдим карда шуд.

Инчунигн ра­иси ноҳияи Ҷайҳун Абдулҳафиз Одиназода ба хонаҳои чор нафар занҳои куҳансол: Нигина Бобоева, Азамат Каримова ҳарду 102-сола ва Майлонбӣ Раҳимова, Гулмира Искандарова ҳарду 101-сола, ки дар Ҷамоати деҳоти «Истиқлол» зиндагӣ мекунанд, аёдат намуда, тӯҳфаҳои хотиравию кӯмакҳои моддӣ расонданд.