Терроризм кирдори номатлуби ваҳшатангезест, ки аз ҷониби гурӯҳҳои манзури зидди башари бидуни эҳтиром ба арзишҳои инсони, бидуни хотир, бидуни тараҳҳум ва раҳму шафқат нисбат ба маъсуме ва пиру барно барои амалисозии ғаразҳои хеш амали карда мешавад. Терроризм новобаста аз шакл ва усулҳои худ ба амнияти тамоми кишварҳои ҷаҳон ҳатто давлатҳои абарқудрат хатарзост. Аз ин хотир имрузҳо созмонҳои бонуфузи амнияти ҷаҳон алайҳи он муборизаи дастаҷамъона мебаранд. Пайдоиши терроризм дар ҷаҳони муосир як падидаи номатлуби нав набуда, дар гузашта низ вуҷуд дошт. Вале дар ҷаҳони муосир ва рушди илму техника терроризм ҷанъбаҳои гуногун касб намуда, муболиғони ин гурӯҳ бо истифода аз шабакаҳо интернетӣ ҳадафу мақсадҳои ғаразноки худро талқин намуда ба ин васила гурӯҳҳои одамони бесавод ё камсаводро бо истифода аз бовари хусусан боварии динӣ ба доми худ андрхта, барои иҷрои нақшаҳои нопоки худ истифода мебаранд. Як нуқтаро бояд қайд кард, ки чаро муболиғони гуруҳҳои террористӣ ё худи террористон бештар дар пардаи дини Мубини Ислом пинҳон шуда мехоҳанд бо ин роҳ ҷиноятҳои худро анҷом диҳанд? Ё чаро махсус аз эътимоду боварии динии одамон кор гиранд? Зеро онҳо хуб медонанд, ки бо ин роҳ дар доми фиреб андохтани ашхоси гуногун, бахусус ҷавонон одамони камсавод ниҳоят осон аст ва суистифода ва истифода аз боварии динӣ чизе аст, ки эътимоди кулли ва як нав виҷдони худи инсон аст ба мисоле, ки дар халқият мегуянд: «дин нашр нашъаи одамон аст…» Террорист барои амали сохтани ҳадафҳои худ аз ҳар чиз руй намегардонад ва метавон гуфт ки террорист дар сурати одами шаруртарин ва манфуртарин махлуқот аст. Мақсад ва ҳадафи онон танҳо бесуботи, ноороми ва халалдор сохтани истиқлолу озодӣ ва амнияти ҳар як давлати соҳибистиқлол ва амни сайёра мебошад. Шохаи дигари терроризм ин экстремизм мебошад. Шояд дуруст афтад, ки гӯем экстремизм модари терроризм, яъне тавлидкунандаи он аст. Чунки экстремизм ташвиқу тарғиб ба ақидаҳои тундгароӣ , ифротист, ки оқибат ба терроризм мебарад, ки дар ин шаку шубҳае нест. Яке аз амали дигари ин гурӯҳи террористи, ки бо истифода аз дини мубини ислом анҷом дода мешавад ки комилан дурӯғу найранг аст ин мебошад, ки ҳар кору кирдори худро ба дини мубини Ислом мувофиқ намуда, баръакс харобиовар, хашин , дур сохтан аз илму маърифат, таҷовузкори, қатлу куштор ва дар ҷаҳолат ғутавар сохтани амали башар мебошад. Ба ҳар аркони инсони, шаъну шараф ва ҳуқуқҳои инсон эҳтиром нагузоштани гурӯҳои террористи далолат аз касолат ва пастарину шаруртарин махлуқ будани онҳо мекунад,яъне терроризм ҷуз хароби чизе наорад ба бор ва аз ҳама зараровар дар тамоми ҷанбаҳои ҳаёти одамон аст . Аз ин хотир дар замони муташаккил гардонидани авзои ҷомеъаи ҷаҳонӣ рақобати абарқудратони дунё , тезу тунд гардидани вазъи сиёсии ҷаҳони густариш пайдо кардани гурӯҳҳои террористи ва манфиатҳои ҳар як кишвари соҳибистиқлоли водор месозад, ки дар баробари ин ҳифзи истиқлоли хеш, амнияту суботи ҷомеа талош варзида, зиракии сиёсии худро аз даст надиҳад, Вобаста ба ин бо назардошти вазъи имрӯзаи ҷомеаи ҷаҳони Асосгузори Сулҳу Ваҳдати Миллӣ Пешвои миллат, Президентӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёминавбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ «таъкид намуданд, ки «Вазъи мураккабу ташвишовари минтақа ва ҷаҳон аз ҷумла то рафт шиддат гирифтани раванди азнавтақсимкунии дунё, яроқнокшавиибошитоб, «Ҷанги Сард», таҳлилу хатарҳои муосир — терроризму экстремизми, қочоқи силоҳ, ҷиноятҳои кибери ва дигар ҷинояткориҳои муташаккил моро водор месозад, ки барои таъмин намудани амнияти мудофиавии кишварамон тадбирҳои иловагӣ андешем…» . Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷузъи ҷомеаи ҷаҳони буда, дар сиёсати пешгирифтаи худ ҳамеша ҷонибдори сулҳу осоиш ва амнияти сартосари буда, дар ҳамбастагӣ кирдорҳои номатлуби зиддибашариро дар тамомиманотиқи олам маҳкум менамояд. Яке аз роҳҳои ягона ва мубориза бо экстремизму терроризм интарбияи дурусти насли наврас ва дар рӯҳияи худшиносии миллӣ ва Ватандусти тарбия намуданинаврасону ҷавонон мебошад. Аз ин лиҳоз, мо омӯзгорон бояд ба ин масъала диққати махсус зоҳир намуда, дар ҷараёни фаъолияти хеш ба масъалаи таълиму тарбияи насли наврас ва ҷавонон диққати махсус зоҳир намуда, пеш аз ҳама дар замири онҳо ҳисси худшиносии милли, арҷгузорӣ ба муқаддасоти милли, эҳтироми волои меҳанпарасти, иззату эҳтиром нисбат ба таъриху гузаштаи пурифтихори худ ва моҳияти Ватандориро бедор созем. Бояд дар мафкураи наврасону ҷавонон масъалаи ҳифзи якпорчагии сарзамини аҷдоди зебоипарасти, дустдории миллату давлат ва аҳкоми давлату давлатдори чун нангу номуси шахси нақш бандад, ки иҷрои ин вазифаи муқаддас вазифаи ҳар яки мо омӯзгорон, падару модарон ва аҳли ҷомеа мебошад. Илова бар ин, падару модаронро зарур аст, ки ҷавонписарони худро дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакатсафарбар намуда,адои хизмати ҳарбироқарзи ҷавонмарди ва ҳаққи шаҳрванди тарғиб намоянд. Бо бедор намудани ҳисси баланди худшиносии миллӣ дуст доштани миллату давлат ва дарки моҳият ва маърифати баланди Ватандӯсти метавон алайҳи ҳама гуна зуруроти номатлуб мубориза бурда, ҷомеаи солим ва ояндаи неки давлатро сохт.
Сумани Фарҳод
вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ҷайҳун