Санаи 2 сентябри соли 2024-ум, Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ва раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид барои ифтитоҳи бинову  иншоотҳои ҷашни ба  ноҳияи Ҷайҳун сафари кори анҷом  додаанд. Зимни сафари корӣ дар деҳаи Рӯдакии ҷамоати деҳоти Панҷи ноҳияи Ҷайҳун ба фаъолияти коргоҳи истеҳсоли хишти сабук ҳусни оғоз бахшиданд. Иттилоъ дода шуд, ки коргоҳи истеҳсоли хишти сабук дар як шабонарӯз то 1000 дона қудрати истеҳсолӣ дошта, дар майдони 0,8 гектар сохта шудааст. Дар доираи тадбирандешии Ҳукумати мамлакат ҷиҳати ба шуғли доимӣ фаро гирифтани аҳолӣ дар коргоҳи навбунёд 5 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардиданд. Тибқи иттилоъ таҷҳизоти коргоҳ аз Ҷумҳурии Узбекистон бо маблағи 450000 сомонӣ харидорӣ ва васлу насб карда шудааст.

Сипас сафари кории дар деҳаи Сари пули ҷамоати деҳоти Панҷи ноҳияи Ҷайҳун идома  ёфта Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода якҷо бо раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва  Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳақимзода Қурбон аз фаъолияти ҶДММ Иттиҳоди аграрии “Водии Заррин” шинос шуда, ба маъракаи ҷамъоварии пахта ҳусни оғоз бахшиданд. Тибқи маълумотҳои мавҷуда дар ихтиёри ҶДММ Иттиҳоди аграрии “Водии Заррин” ҳамагӣ 11950 гектар замин вобаста шуда, аз он замини корами обӣ 233,07 га, зери сохтмон 17,2 га, буттазор 107,63 га, қумзор 5664,99 га, тутзор 4,54 га, зери об 513,31 га, боғ 0,40 га, боир 2754,42 га, чарогоҳ 2381,74 га, зери роҳ 163,29 га, дигар заминҳо 63,18 га ва ҷангалу бешазор 54,74 га ҷудо шуда буд. То имрӯз ҶДММ Иттиҳоди аграрии “Водии Заррин” тибқи ҳисоботи солонаи замин майдони умумии 5700 гектар ба гардиши кишоварзӣ ворид карда шудааст. Аз 5700 гектар замини ба гардиши кишоварзӣ ворид кардашуда, дар майдони 4967 гектар пахтаи навъи Синлу Чжун-54 кишт карда шудааст. Айни замон нашъу намои пахта дар ҳолати хуб қарор дошта, дар нақша аст, ки аз ҳар гектар замин ба ҳисоби миёна аз 25 то 30 сентнер ҳосил  ба  даст  оранд. Дар ҶДММ Иттиҳоди аграрии “Водии Заррин” 400 нафар ба кори доимӣ таъмин буда, дар мавсими кишту кор аз 1500 то 2000 нафар ба кори муваққатӣ таъмин карда мешаванд. Сарвазири мамлакат ба пахтачинони пешқадам туҳфаҳо супорида,  бо масъулони соҳаи кишоварзӣ ба чиниши пахта оғоз бахшиданд ва барои пурра ва беталаф ҷамъоварӣ намудани ҳосил ба хоҷагидорон тавсияҳои судманд доданд.

Инчунин зимни сафари корӣ Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид, вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Раҳим дар деҳаи Зарнисори Ҷамоати шаҳраки Дӯстии ноҳияи Ҷайҳун бинои алоҳидаи  синфхонаҳои иловагии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии№ 20-ро ифтитоҳ намуданд.

Бинобар сабаби зиёд шудани хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №20 эҳтиёҷ ба сохтмони синфхонаҳои иловагӣ дар муассисаи мазкур ба миён омода буд. Соли 2022 бо маблағгузории Бунёди миллии иҷтимоии Тоҷикистон (КАСА — 1000) сохтмони 8 синфхонаи иловагӣ ва 2 утоқи корӣ бо ҷойи нишасти 200 нафар дар як баст дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №20 дар майдони 0,10 га оғоз гардида буд. Корҳои сохтмонии синфхонаҳои иловагии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №20 моҳи августи соли 2024 пурра ба охир расида, дар он маблағи 3,3 миллион сомонӣ харҷ карда шудааст.

Сарвазири мамлакат бо омӯзгорону хонандагон суҳбат намуда, онҳоро муваззаф намуданд, ки бо хониши хубу фаъолияти назаррас саҳми худро дар ободии диёр гузоранд. Инчунин, Сарвазири мамлакат махсус таъкид намуданд, ки дар шароити ҳассосу пешгуинашаванда, вусъат пайдо кардани терроризму экстремизм ва дигар омилҳои хатарноки ҷаҳонӣ рисолати аслии омузгорон дар рӯҳияи ватандӯстиву ифтихори миллӣ тарбия намудани насли наврас мебошад. Ҳамчунин маорифчиён аз чунин туҳфаи зебо изҳори миннатдорӣ намуда, ваъда доданд, ки насли наврасро дар рӯҳияи худшиносиву худогоҳӣ тарбият менамоянд.