Устодони гиромиқадр!
хонандагони азиз ва ҳозирини гиромӣ!
Имрӯз дар саросари кишвари соҳибистиқлоламон – Тоҷикистон, яке аз ҷашнҳои фархунда – Рўзи Дониш ва Дарси сулҳ, таҷлил мегардад. Бо истифода аз фурсати муносиб ҳамаи Шумоён-устодону хонандагони азизро ба муносибати оғози соли таҳсили 2024-2025 самимона табрику таҳният гуфта, бароятон сиҳату саломатӣ, сарбаландию сарфарозӣ ва дар ҷодаи омӯзиши илму дониш ва корҳои омӯзгорӣ барору комёбиҳои беназирро таманно менамоям.
Кишвари соҳибистиқлоли мо дар партави сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста ба инкишофи илму маърифат, такомули раванди таълиму тарбия ва баланд бардоштани сатҳи маънавиёти ҷавонон ғамхорӣ зоҳир менамояд.
Ман чунин мешуморам, ки бунёди миллат аз маориф оғоз меёбад ва ғамхорӣ нисбат ба маориф – сармоягузорӣ барои рушди нерӯи инсонӣ ва ояндаи ободи давлат ва Ватан ба ҳисоб меравад. Бинобар ин, гарчанде, ки раванди таҳсил дар муассисаҳои таълимии ноҳия ба низоми муайян даромада бошад ҳам, зарур аст, ки омӯзгорони ноҳия барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот, омода кардани хонандагон ба озмунҳои вилоятиву ҷумҳуриявӣ, олимпиадаҳои фаннӣ, омӯзонидани забони давлатӣ, таъриху фарҳанги бостонии халқи тоҷик, боло бурдани завқу рағбати хонандагон ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ, табиӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва аз худ кардани забонҳои хориҷӣ, махсусан, забонҳои русиву англисӣ таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир намоянд.
Барои ноил гаштан ба гуфтањои боло, роҳбарони муассисаҳои таълимиро зарур аст, ки ба масъалаҳои баланд бардоштани сатҳи дониш ва касбияти омӯзгорон дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, бахусус, омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёнаи асосӣ ва миёнаи умумӣ, такмили ихтисосу бозомӯзӣ ва тарбияи омӯзгорони ҷавони баландихтисос ва ба талаботи замона ҷавобгӯй дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот эътибори аввалиндараҷа диҳанд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷайҳун барои татбиқи ҳадафҳои миллӣ ва барномаҳои давлатӣ дар самти рушди соҳаи маорифи ноҳия мунтазам тадбирҳоро амалӣ менамояд. Тибқи нақшаи чорабинҳо ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии кишвар, дар ноҳия бунёди мактабҳо ва синфхонаҳои иловагӣ барои хонандагон ба нақша гирифта шудааст, ки танҳо дар соли хониши 2024-2025 дар назди 8 муассисаҳои таълимии ноҳия 65 синфхонаи иловагӣ бо теъдоди 1560 ҷойи нишаст дар як баст сохта шудааст ва ба истифода дода мешавад. Фаъолияти синфхонаҳои мазкур дар раванди таълиму тарбияи наврасони ноҳия шароит муҳаё месозанд.
Муҳайё сохтани шароити таълимӣ вазифаи мо калонсолон мебошад ва вазифаи шумо хонандагони азиз ҷавобан ба ғамхориҳои рўзафзуни Ҳукумти Ҷумҳурии Тоҷикистон хусусан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сидқан хондану ба давлату миллат хизмат карданаст.
Хонандагони азиз бояд донед, ки инсони некном пайваста дар омӯхтани илму андӯхтани донишу фазл аст. Шумо низ фарзандони азиз фурсатро ғанимат шумурда, бо гузашти вақт дониши худро сайқал диҳед. Зеро дар зиндагӣ ҳамеша илму дониш ва хирад шуморо саодатманду хушбахт мегардонад. Бояд кӯшиш намоед, ки ҳар рӯзи ҳаётро дар пайи зиёд кардани донишу ақлу заковат сарф намоед.
Зимни яке аз суханрониҳои худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намуда буданд, ки «Рӯзи дониш ва дарси сулҳ беҳтарин имкониятест, ки мо дар шароити торафт печидаву мураккаб шудани вазъи ҷаҳони муосир, нақши сулҳу субот ва ваҳдати миллиро дар таҳкими аркони давлатдории миллӣ ва пешрафти давлату ҷомеа таъкид месозем, доир ба таъмини ҳадафҳои стратегии миллӣ, аз ҷумла дастоварду мушкилоти яке аз соҳаҳои муҳимтарини иҷтимоӣ—мактабу маориф изҳори назар карда, бори дигар таваҷҷуҳи мактаб, оила ва ҷомеаро барои боз ҳам беҳтар намудани таълиму тарбия дар кишвар ҷалб менамоем».
Биёед имрӯз баъди чанд лаҳза суханронии Пешвои муаззами миллат, Ҷаноби олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дарси сулҳ баргузор мегардад. Мо ҳама ба толори барҳаво ворид гашта, аз суханронии пурмуҳтавои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳравар гардем.
Дар охири суханрониам гуфтаниам, ки ман итминони комил дорам, ки хонандагону устодон бо дарки ҳисси баланди масъулият, дар ҷодаи таълиму тарбия бо истифода аз шароиту имкониятҳои мавҷуда ба дастовардҳои нав ба нав муваффақ мешаванд.
Бори дигар ҳамаи Шумо иштирокчиёни чорабинии имрӯзаро бо фарорасии «Рӯзи дониш» ва «Дарси сулҳ» муборакбод менамоям ва ба ҳамаи Шумо тани сиҳат, рӯзгори ободро орзумандам, бигузор Истиқлолияти давлатии кишвари азизамон ва ваҳдату якдигарфаҳмии миллатамон то абад поянда бошад.
Ташаккур ба диққататон.