ҶАЙҲУН/ВОКУНИШ: Ҳар як шаҳрванди ин кишвари озодаву соҳибистиқлолро, ки дар машомаш ҳавои тозаву беғубори Тоҷикистон мерасад ва дар фазои амну субот, озодӣ, сулҳу салоҳ зиндагонӣ мекунад, бояд ин калом ва ин панду насиҳати падаронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар зеҳни худ нақш бандад, ки гуфтаанд: «Ҳар куҷое, ки бошед, ҳар куҷое, кис афар кунед. Дар кадом гӯшаву канори дунё, кик ору зиндагӣ накунед, ҳеҷ гоҳ нисбат ба миллати худ, нисбат ба ватани худ, давлати худ-Тоҷикистони соҳибистиқлол хиёнат накунед».
Ин нуқтаро ҳамеша бояд дар зеҳнӣ худ ҷойгузин бояд кунем. Дар воқеъ, хиёнат нисбат ба миллат, давлат ва ватани худ, ки дар он инсон арзи ҳастӣ кардааст, аз ҳавои он нафас гирифтааст, аз обу хокаш бузург шудааст, кирдори зишт ва нобахшиданист.
Дар ин бобат мехоҳам ёдовар шавам, ки чуноне аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ огаҳӣ дорем ду тан аз хиёнаткорон, ҳаммаслакон ва аъзои гурӯҳи ТТЭҲНИ аз саркардаи он Муҳиддин Кабирӣ барои маккору хабис буданаш шикоят намуда, Муҳиддин Кабириро ҳамчун дурӯя, қалоб, разил ва манфиатҷӯй унвон кардаанд.
Яке аз ин ҳаммаслакон, ҷузъи шохаи ТТЭҲНИ роҳбари ТЭ рушди Тоҷикистон Шарофиддин Гадоев, ки баръакс аст, ин ташкилоти рушд баромад намуда, чеҳраи воқеӣ ва дар зери ниқоби исломӣ пинҳоннамудаи Муҳиддин Кабириро ифшо намуда, фаъолияти асосии он-тамаъҷӯӣ, сармоядӯздӣ, бееэтиноӣ, буздилӣ хиёнаткорӣ ва даҳҳо кирдорӣ манфури онро байён намудааст.
Дигар аъзои ин гурӯҳ, ки ба доми фиребу найранги ин душманони миллат ва хиёнаткорон уфтодааст, аз чеҳраи воқеии онҳо, инчунин овораву саргардон кардани садҳо ҷавонон аз дасти ин бадфитратон хабар додааст. Дар баробар ин, аъзоёни ин гурӯҳ оид ба айбҷӯӣ, туҳмату таҳқир, буҳтонсозӣ нисбати ҳамдигар, нисбат ба миллату давлати худ ва ба ин масила судҷӯӣ ҳарф задааст, ки чи гуна Муҳиддин Кабирӣ аз пеши худ ва бо дастури хоҷагонаш нисбати давлату миллат ва Пешвои муаззами миллат туҳмату таҳқир, буҳтон ва лофгӯи намуда, аз ин роҳ манфиат ба даст меорад.
Дар воқеъ агар ба фаъолияти ТТЭҲНИ назар афканем бараъло маълум аст, ки дар тули фаъолият ҳеҷ кори судманде барои миллату давлат, ҳатто барои як шаҳрванди оддӣ анҷом надодааст ва баръакс зиён ба ҷомеа, гумроҳсозии ҷавонон, қатлу куштор ва доғдор намудани садҳову ҳазорон оила гаштааст, ки ин аст дасти ТТЭҲНИ ва амалкарди онҳо. Албатта, ки ин маротиби аввал нест, ки номардӣ, буҳтонсозӣ ва хиёнатҳои Муҳиддин Кабирӣ ва аъзоёни ин гурӯҳ ошкор мешавад, ки ин ҳам дар ҳоле, ки аз миёни худи онҳо ва ин мояи нанги Муҳиддин Кабирӣ бояд бошад, вале ҳамон тавре, ки медонем инсони бенангу беномус ҳар чанд, ки обурӯяш равад ҳам бенанг аст.
Айни ҳол чуноне, ки дар рафти навори видеоӣ гуфта мешавад 40000 аъзо дар ин ташкилоти террористӣ шомил аст, ки ин маънои доғдор намудани ана ҳамин теъдоди инсонҳо, аз ҳаёти осуда маҳрум сохтани онҳо ва дар мусибат қарор додани пайвандону наздикони онҳосту чизе беш аз ин нест. Ҷолиби диққат ин аст, ки худи аъзоҳои ин гурӯҳ бори дигар чӣ гуна будани ТТЭҲНИ, роҳу равиши онҳо, киҳо будани онҳо ва чӣ мақсад доштани онҳоро ошкор сохт. Яъне ба таври комил инҳо экстремист, террорист ва қотил ва баръакси ғамхорӣ ба дини мубини Ислом душмани он аст.
Дигар ҷиҳати масъала, ки бараъло мушоҳида гардид ин аст, ки бо мақсади манфиатхоҳӣ, ҳирсу тамаъ ва судбарӣ мухолифат миёни ин гурӯҳ ба миён омадааст. Ҳамаи ин нишон медиҳад, миллати тоҷик боз ҳам дастболо гардидааст дар сиёсати давлатии хеш ва ин душманони миллат ва хиёнаткорон аст, ки ба хотири молу ҷоҳ тамоми арзишҳои инсонӣ ва давлатдориро зери по гузоштанду нисбат ба давлату миллат хиёнат карданд.
Ҳамин аст, ки мегӯянд: «Одам аз нияту мақсадаш мебинад» ва ҳамеша ниқоб намонад ба рӯ.
Ҳамеша ниқоб намонад ба рӯ,
Ё бияфтад ногаҳ ё яке рабояд ӯ.
Дам айён шавад рӯи яқин-т,
Чӣ кардӣ ниҳону чӣ омад зи ту.
Мо боварии комил дорем, ки беш аз беш амалкарди ин хиёнаткорон ва душманони миллати сарбаланди тоҷик ошкор шавад ва онҳо дар баробари ин миллати фарзона ва кирдори худ хору залил гарданд, ки боз ҳам ин дасти болои миллати тоҷик аст. Аз ин хотир, ба миллати азизу арҷманди хеш бори дигар хотирнишон месозам ТТЭҲНИ, ки дар зери ниқоби Ислом кору фаъолият дорад ва худро ба тавре ҳақиру дилсӯзи мардум нишон медиҳад, баръакс душмани ҷони мову шумост, ки озодиву амният, истиқлолияти комил ва рушди бемайлони моро дида, аз рашку ҳасад месӯзад ва намехоҳанд, ки моро дар ин ҳама неъмат бубинанд. Ҳамеша шукргузор аз неъмати соҳибдавлатӣ бояд кунем ва фарзандонро дар рӯҳияи баланди ватандӯстию меҳанпарастӣ тарбия намоем. Ҳамеша бо заҳмати содиқона ва софдилона баҳри ободию гул-гулшукуфоии меҳани азиз заҳмат кашем ва Тоҷикистони азизро аз ин ҳам дида ободу зебо ва рушдкунанда табдил диҳем. Бо амалӣ сохтани ҳар як дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳадафҳои стратегии мамлакати худро таъмин намуда, зиндагии шостаи хешро таъмин намоем.
Дилором Тағойзода – директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии
№35- ноҳияи Ҷайҳун