Санаи 25-уми сентябри соли 2024, дар толори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷайҳун иҷлосияи бистуякуми маҷлиси вакилони халқи ноҳия, даъвати шашум баргузор карда шуд. Дар иҷлосияи макур тибқи рӯзномаи се масъала мавриди муҳокима қарор дода шуд. Масъалаи якум рафти иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷткистон аз 3 августи соли 2021, №222«Дар бораи Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», дуюм ҳисоботи раиси Кумитаи идораи замини ноҳия оид ба рафти иҷрои Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷайҳун ва сеюм тасдиқи қарорҳои раиси ноҳияи Ҷайҳун баррасӣ гардида, қарорҳои дахлдор қабул гардид.