Санаи 4-уми октябри соли 2024 дар асоси нақшаи чорбиниҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷайҳун бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Муассисаҳои  таълимии рақамҳои 1,5,6 ва 17-и ноҳияи Ҷайҳун маҳфилҳои адаби бо иҳтироки хонандагон таҳти унвони  «Забон-ҳастии миллат» ва иншои беҳтарин дар васфи забони давлати баргузор карда шуд. Дар маҳфили адабӣ ва иншои беҳтарин хонандагон бо омодагии хуб ширкат варзида, дар васфи забони тоҷики шеърҳо кироат намуда, адешву иқтибосҳо аз эҷодиёти шоирону мутафаккирони халқи тоҷик пешкаши иштирокчиён гардониданд. Ҳамчунон дар васфи забони давлати иншоҳои гуногун мазмун навистанд.