Санаи 10 апрели соли 2025, дар асоси нақшаи чорабиниҳои раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтар дар толори маҷлисгоҳи шӯъбаи фарҳанги ноҳияи Ҷайҳун ва дар бинои амоатои дехоти Панч, Кумсангир, Яккадех, Истиклол ва Вахдати миллии нохия сӯҳбату вохӯрӣ ва корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни аҳолӣ доир гардид.
Дар ин чорабинӣ сардори шӯъбаи муқовимат бо коррупсияи раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Бохтар, майори адлия-Акрамзода Ёсуман Абдуҳалим, сарнозири шуъбаи раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Бохтар, майори адлия-Давлатзода Собирҷон Ғаффор иштирок ва суханронӣ намуданд, ки мӯҳтавои баромадҳо масъалаҳои хусусиятҳои коррупсионидошта ва сабабу шароитҳои ба коррупсия мусоидаткунандаро дар бар мегирифт. Дар охир масъулин ба аҳолӣ оид ба пешгирии ҳама гуна хусусиятҳои номатлуби коррупсионӣ ва ҳамкории зич бо ин мақомот баҳри решакан намудани ин падида дар ҷомеа андешаронӣ намуданд.