Имрӯз, 12 апрел, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ дар ноҳияи Панҷ нахуст бо фаъолияти Пойгоҳи обкашии Файзобод-қалъа-1 шинос шуданд.
Мавриди зикр аст, ки пойгоҳи обкашии мазкур аз ҳисоби хизмати обрасонӣ аз соли 1975 таъсис ёфтааст. Иттилоъ дода шуд, ки дастгоҳи обкашии тамғаи 22-НДС азнавсозӣ шуда, ҳоло аз 6 адад муҳаррики обкашӣ 5 адади он омодаи кор аст, ки 3 ҳазору 456 гегтар заминҳои ноҳияҳои Панҷ ва Ҷайҳунро обёрӣ мекунад.
Самаранокии дастгоҳҳои обкашии ин пойгоҳ 1,3 метр сония буда, ҷамъи иқтидораш 6,6 метр сония аст. Гуфта шуд, ки айни ҳол дар ноҳияи Панҷ 16 адад истгоҳи обкашӣ мавҷуд аст.
Инчунин, дар идомаи сафари корӣ раиси вилоят бо фаъолияти истгоҳи обкашии рақами 3-и ноҳияи Ҷайҳун шинос гардиданд.
Иттилоъ дода шуд, ки пойгоҳи мазкур аз 11 агрегат иборат буда, беш аз 6 ҳазор гегтар заминро обёрӣ менамояд. Тавонмандии агрегатҳо 2750 киловатт соатро ташкил медиҳад.
Зимни суҳбат бо масъулон раиси вилоят барои обёрӣ намудани заминҳои киштшаванда дастур дода, таъкид намуданд, ки ҷиҳати истеҳсоли маҳсулоти кишоварзии рақобатпазир пайваста кушиш намоянд.