ХАБАРҲОИ МУҲИМ :

Санаи 17 апрели соли 2025 дар асоси нақшаи муқарраргардида таҳти раёсати раиси ноҳияи Ҷайҳун муҳтарам Одиназода А. А. дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия  бо иштироки намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  вилояти Хатлон  ва мудирони шуъбаю бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, вакилон, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, соҳибкорон ва фаъолони ноҳия баргузор гардид.

Дар ҷамбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия дар семоҳаи якуми  соли 2025 ва вазифагузориҳо барои фаъолияти минбаъда баррасӣ гардиданд.

Намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  вилояти Хатлон ба сухан баромада, афкори хешро бобати масъалаҳои марбути соҳаҳои иқтисоди  иҷтимоӣ ва авзои сиёсии ҷаҳон иброз дошта баҳри рушду инкишоф, таҳкими минбаъдаи фаъолият изҳори ақида намуданд.

Дар фарҷом раиси ноҳия иброз намуд, ки сокинони ноҳия Ҷайҳун ҷонибдори сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, баҳри дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси вилояти Хатлон тамоми чораҳоро роҳандозӣ менамоянд ва баҳри ободонии кишвари азизи худ саҳмгузори менамоянд.