Санаи 15-16 уми апрели соли ҷорӣ бо иштироки роҳбарони гурӯҳҳои корӣ муовинони раиси ноҳияи Ҷайҳун Бахдавлатзода Гулбаҳор ва Сабурзода Насим бо сокинони деҳаи Сӯғдиёни Ҷамоати деҳоти Қумсангир ва бо волидайн, омӯзгорону хонандагони мусссисаҳои таълимӣ дар мавзуъҳои муубрами рӯз суҳбату вохӯрӣ доир намуд.
Дар ин вохуриҳо аъзоёни гурӯҳхои корӣ мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳия Камолзода Ҷайлолиддин, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Маҳмадраҷабзода Маҳмадшариф, мудири бахши дин, танзими ҷашну маросимҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия Самиев Баҳром , мудири шуъбаи маориф Эшонзода Умед, котиби комиссияи ҳифзи ҳуқуқи кӯдак Сангов Саймуҳамад ва мудири бахши кор бо занон ва оилаи ноҳия итирок ва аз рӯи мавзуъҳои нақшавӣ суханрони намуданд.