ХАБАРҲОИ МУҲИМ :

Дар назди лавҳаи  ёдбуди  ноҳияи Ҷайҳун  бахшида ба муносибати 80-солагии  Иди ғалаба  бар  зидди фашистон  маросими  гулчамбаргузорӣ  ва чорабини  фарҳангии таҳти унвони «Ҳеҷ   кас   ва   ҳеҷ   чиз   фаромуш    намешавад»  доир гашт. Дар ин  чорабинии мазкур раиси ноҳияи Ҷайҳун  Одиназода Абдулҳафиз ба хотири пос  доштани  корнамоиву шуҷоатмандии  иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945, ки  баҳри  озодиву  ягонагии  собиқ   миллатҳои Ҷамоҳири Шуравии  сотсиалистӣ ба  зидди фашистон  ҷангидаанд   суханрони  намуд. Инчунин дар  чорабини Зулматов Қобил раиси Шурои ҷангу  меҳнати ноҳия ва Майсеев Александр  роҳбари ташкилоти  ҷаъмиятии ҷанговарони башардӯсти ноҳия аз  корнамоиву  ватандӯстии халқи тоҷик дар хатти фронт ёдовар  гаштанд. Сипас  хонандагони мактаби №1-и ноҳия бо барномаи омоданамуда, хотири иштирокчиёнро болида  гардониданнд