Имрӯз бо иштироки муовини раиси ноҳияи Ҷайҳун Сабурзода Насим Маҳмадулло, Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия Маҳмадраҷабзода Маҳмадшариф Маҳмадраҷаб ва Одиназода Эмомиддин муовини раиси Ҷамоат, дар Ҷамоати деҳоти Қумсангир деҳаи Ҳилоли бо падару модарон, фаъолон вохӯри баргузор гардид.
Дар рафти вохӯри аъзои гурӯҳи таблиғоти оид ба пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгароӣ ва таълимоти ғайрирасмии динӣ, ҷалби ҷавонон ба сафи Қуввахои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, пешгирии зуровари дар оила, пешгирии бемории сироятӣ, тозаву озода нигоҳдоштани махалли зист, самаранок истифода бурдани қувваи барқ, супоридани андоз, тарзи дуруст истифодаи телефони мобилӣ, рафти иҷрои Қонунҳои дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи кӯдак ва дар бораи танзиму анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон суханрони намуданд.