ХАБАРҲОИ МУҲИМ :

Дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, имрӯз санаи 16.05.2025, дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъомади низомии «Мудофиаи ҳудудӣ» доир карда шуд.

Дар ин чорабинии омодагии низомӣ муовини якуми вазири Мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Генерал майор, Саидзода Бобоҷон, муовини раиси ноҳияи Ҷайҳун Сабурзода Насим Маҳмадулло, Комиссари ноҳия, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи ноҳия, раисон ва сокинони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия, раис ва кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия фаъолона иштирок доштанд.

Дар ин чорабинии омодагии «Мудофиаи ҳудудӣ» фаъолон ва сокинони ноҳияи Ҷайҳун фаъолона ширкат варзида, аз субҳи барвақт дар ҷойи таъиншуда зиёда аз 7000 нафар ҷамъ омаданд.  Инчунин зиёда аз 300 техникаи хоҷагии халқ ва дигар мошинолоту механизмҳои лозимӣ дар чорабинии мазкур қатор карда шуданд.

Пас аз саломи низомӣ додан, муовини якуми вазири мудофиа Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳолати омодагӣ ва тарзи ҷобаҷогузории ҳайати мудофиавӣ шинос гардида, ба масъулон ва ташкилкунандагони чорабинии «Мудофиаи ҳудудӣ» баҳои баланд дод ва ба сокинони ноҳияи Ҷайҳун, хусусан иштирокдорони «Мудофиаи ҳудудӣ» миннатдорӣ баён намуд.

Дар анҷом ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  бо садои баланд ва нишони эҳтиром Шараф-Шараф-Шараф баён карда шуд.