ХАБАРҲОИ МУҲИМ :

Санаи 12,13 ва 15  уми майи  соли ҷорӣ бо  иштироки  роҳбарони гурӯҳҳои корӣ  муовинони  раиси ноҳияи Ҷайҳун  Бахдавлатзода Гулбаҳор  ва Сабурзода  Насим ва аъзоёни гурӯҳҳои корӣ бо сокинони деҳаи Ҳилолӣ  Ҷамоати деҳоти Қумсангир, сокинони деҳаи Истиқлоли   Ҷамоати деҳоти Панҷ, бо сокинон шаҳраки Дӯстӣ Ҷамоати шаҳраки Дӯстӣ ва бо  волидайн, омӯзгорону  хонандагони мусссисаҳои таълимӣ дар мавзуъҳои мубрами  рӯз суҳбату вохӯрҳо доир намуданд.

Дар ин  вохуриҳои мазкур  аъзоёни гурӯҳхои  корӣ мудири шуъбаи  рушди  иҷтимоӣ ва робита  бо  ҷомеаи  дастгоҳи  раиси ноҳия Камолзода Ҷайлолиддин, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Маҳмадраҷабзода Маҳмадшариф, мудири бахши дин, танзими ҷашну маросимҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия Самиев Баҳром , мудири шуъбаи  маориф Эшонзода  Умед, котиби комиссияи  ҳифзи  ҳуқуқи кӯдак  Сангов  Саймуҳамад ва  мудири бахши  кор бо  занон  ва оилаи  ноҳия итирок  ва аз  рӯи  мавзуъҳои нақшавӣ  суханрони  намуданд.

Дар  вохуриҳои мазкур пешниҳои шуъбаи  тафтишоти Раёсати КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  вилояти Хатлон  аз 7 апрели  соли 2025, №13/535-1п «Оид ба  рафти ҳолатҳое  ки ба  содир  шудани ҷиноят ва дигар  қонуншиканиҳо  мусоидат  менамоя» мавриди баррасӣ  қарор  дода  шуда,  қайд  гардид,  ки сокини Ҷамоати деҳоти Қумсангир деҳаи  Ҳилолӣ Сафаров  Файзали Қурбоналиевич  соли таваллудаш 29.12.1997 бо  моддаи 1792 қисми 1-и КҶҶТ  ба ташкилотҳои террористӣ  ва экстремистии «Паймони миллии Тоҷикистон» ва «Ҳизби мамнуъи наҳзати исломӣ»  ҳангоми дар  муҳоҷирати меҳнатӣ маблағгузори намуда, ҷиноят содир  намудааст. Гуфта  шуд,  ки чунин  кирдорҳо бештар  аз  ҷониби  ҷавононе,  ки дар  муҳоҷирати меҳнати Фидератсияи Рассия мебошанд, рух  дода  аз  беаҳмиятии волидайн  ава  хешовандони  наздикашон ба  чунин  ҳолатҳо  гирифтаор мешаванд. Таҳкид  гардид,  ки волидайн  ва  хешовандони наздик бояд бо фарзандони дар  муҳоҷирати меҳнатӣ буда алоқаи  доимии телефони дошта, ҷавононро оид ба  пешгирии кирдорҳои ҷинояти огоҳ  намоянд. Инчунин оиди  масъалаҳои пешгирии шомилшавии ҷавонон ва ҳизбу  ҳаракатҳои  ифротгароӣ, пешгирии таълимоти ғайриқонунии динии ноболиғон, ҷалби доимии хонандагон  ба  мактаб ва илмомӯзӣ, пешгирии худкуши ва суиқаст ба  ҷони  худ миёни занон, пешгири тақлиди либоспушии занон, ки ба  фарҳанги  милии мо бегона аст, тарбияи ватандӯстӣ, мӯковимат бо  коррупсия ва талаботҳои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну  маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» «Дар бораи масъулият барои таълиму  тарбия кӯдак» ба  зеҳни иштирокчиён расонида  шудаанд.