ХАБАРҲОИ МУҲИМ :

Бояд қайд намоям, ки аз аввали солҳои соҳибистиқлоли Тоҷикистони азизмон, бо шарофати сиёсати дурбинонаву хирадмандонаи  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сиёсати давлатии ҷавонон яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти Ҳукумати кишвар пазируфта шуда, 3  марти  соли 1993-юм аввалин  шуда, дар  байни собиқ давлатҳои Иттиҳоди Шӯравӣ, қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи ҷавонон ва  сиёсати давлатии ҷавонон»-ро қабул намуда, баҳри дастгириву пуштибонии насли ояндасоз ва қишри меҳварии ҷомеа таваҷҷӯҳи ҳамешагӣ зоҳир карда шуд.

Инчунин, барои ҳифзи ҳуқуқ ва  манфиатҳои ҷавонон якқатор  қарорҳо ва барномаҳои рушди иҷтимоии ҷавонони мамлакат, имтиёзҳо таъсиси стипендия барои хонандагони лаёқатманд ва квотаҳои Президентӣ барои духтарону  писарони ноҳияҳои дурдаст, таъсиси стипендияи байналмилалии “Дурахшандагон”, грантҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти тарбияи ватанпарастии ҷавонон,  Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон ва дигар тадбирҳо андешида  шуд, ки ин шаҳодати ғамхориҳои пайвастаи давлату Ҳукумат нисбат ба насли ҷавони кишвармон  мебошад.

Бинобар ин, ҳамаи Шумо ҷавонони азизро ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, ки мо ҳар сол онро дар фазои сулҳу дӯстӣ ва муҳаббат ба Ватан ҷашн мегирем ва он имсол ба 34-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ рост омадааст, самимона табрик менамоям.

Дар замони ҷаҳонишавӣ ва то  рафт  мураккаб гаштани вазъи  геополитикии  ҷаҳон хусусан насли ҷавонро водор  месозад, ки  пеш аз ҳама амнияти миллӣ ва ҳифзи  ҳуқуқ ва озодии шаҳрвандонро яке самтҳои муҳим шуморида, дар рӯҳияи Ватандӯстӣ тарбия  ёфта, омодаи  ҳимояи марзу бум, таъминкунандаи сулҳу субот ва манфиатҳои миллии мамлакат бошанд.

Ҷавонони неруманд барои хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон, иштирок дар корҳои ободонии ноҳия, мубориза бо ҷинояткорӣ ва экстремизм, тарғиби сулҳ ва ҳамзистии осоишта дар таҳкими амнияти миллӣ ва пойдории истиқлолият нақши муҳим мебозанд.

Бояд, дар замони ҷаҳонишавӣ ва густариши технологияҳои иттилоотӣ ҷавонони мо аз дастовардҳои илму техникаи муосир ба таври самаранок истифода баранд. Онҳо метавонанд тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ, платформаҳои онлайнӣ ва дигар воситаҳои коммуникатсионӣ дар тарғиби арзишҳои миллӣ, муаррифии дастовардҳои мамлакат дар арсаи байналмилалӣ ва мубориза бо иттилооти бардурӯғ саҳм гузоранд.

Гарчанде  дар  солҳои  охир  сафи ихиёриёни ҷавон барои адои хизмат  дар  сафи Қувваҳои  мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёд  шуда  бошад,  ва ноҳияи  мо  аввалин  шуда нақшаи  даъватро таъмин  карда  бошад, мутаасифона  ҳастан  ҷавононе,  ки аз  иҷрои  қарзи  шаҳрвандӣ хизмат ба  Ватан  саркаши  намуда, бо  баҳонаи гуногун  хусусан ба муҳоҷирати  меҳнатӣ сафар мекунанд, ҳоло  он ки хизмат  дар  сафи Қувваҳои  мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ин  мактаби обу  тоби  мардонагӣ  ба ҳисоб  меравад.

Таҳлилҳо  нишон  медиҳанд,  ки  ҷавононе,  ки фирефтаи  доми ташкилотҳои  мамнуъи  ифротӣ  мешаванд  ва ба  ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида  мешаванд,  аксарияташон  дар  муҳоҷирати меҳнатӣ  буда, соҳибкасб нестан  ва донши кофӣ  надоранд, ё  ин  ки аз даъвати хизмати ҳарбӣ  гурехтаанд.

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти даввлатии ноҳия дар навбати худ доимо барои рушди ҷавонон, фароҳам овардани шароити мусоид барои таҳсил, шуғл, иштироки онҳо дар ҳаёти ҷамъиятӣ ва сиёсӣ тадбирҳои зарурӣ меандешад. Дастгирии иқтидори зеҳнӣ ва эҷодии ҷавонон, татбиқи барномаҳои давлатӣ дар соҳаи ҷавонон, таъсиси марказҳои рушди касбӣ ва фароҳам овардани имконият барои татбиқи лоиҳаҳои ҷавонон ба тақвияти нақши ҷавонон дар таҳкими истиқлолият мусоидат менамоянд. Пешвои маззами миллат пайваста иброз менамоянд, ки «Ҷавонон бояд ҳушёр бошанд, фирефтаи  гурӯҳҳои  ифротгаро  нагарданд  ва Ватани азизи худро аз ҳама гуна хатару таҳдидҳо эмин нигоҳ доранд».

Ҷавонони ватандӯсту  ватанпарвар, матину қавиирода ва далеру шуҷоъи ноҳия дар ҳамаи соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва ҳаёти ҷомеа ғайратмандона фаъолият намуда, дар пешрафти ноҳия ҳиссаи муносиб мегузоред, барои ободиву пешрафти Ватани маҳбубамон софдилона хизмат мекунед, марзу буми сарзамини аҷдодӣ ва амнияту оромии давлатро содиқона ҳифз менамоед ва бо донишҳои муосири худ ҳамчун мутахассисони оянда ба хотири тараққиёти кишварамон саҳми арзишманд мегузоред.

Ҳадафи аслии дастгирию  ва тарбияи ҷавонон, ин муттаҳид сохтани худи ҷавонони дорои тафаккури солим ва созанда, ҳимоя ва пуштибонии ҳуқуқҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ, ворис ва давомдиҳандаи иқдоми неки наслҳои шарафманди ҷавонони Тоҷикистон мебошад. Вазифаи асосии Шумо ин бедории ҳисси баланди худшиносии миллӣ ва номуси ватандорӣ, таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ, бунёди ҷомеаи демократӣ, ҳифзи дастовардҳои истиқлолияти давлатӣ ва муаррифии он дар ҷаҳони мутамаддин мебошад.

Маврид ба ёдоварист, ки саҳми Шумо дар пешбурди сиёсати созанда ва ҳадафҳои олии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон назаррас буда, ин рисолат ҳамарўза таҳким ёфта истодааст. Шумораи барандагони стипендияи Президентӣ дар ноҳия солҳои охир зиёд гардида, хушбахтона аз 4 нафари соли 2018 то имрўз ба 49 нафар расидааст, ки аз ин 42 нафаррашонро ҷавондухтарон ташкил медиҳанд, ки ҳамасола ҷавонони фаъол дар ноҳия аз ин дастгириҳо бархурдор мебошанд.

Бо шарофати соҳибистиқлолии кишвар дар ҳудуди ноҳияи Ҷайҳун 10 адад  мактаби нав, 1 адад мактаби типи нав 1 адад коллеҷи хусусӣ муҳандиси-омўзгорӣ, 3 адад биноҳои иловагӣ дар  назди  мактабҳои ноҳия ва 129 адад синфхонаҳои иловаги сохта ба исифода дода шудааст, ки фаъолият доранд, ки барои наврасону ҷавонон шароити хуби тадрис фароҳам оварда шудааст.

Дар ин замина сол аз сол шумори довталабони муассисаҳои таҳсилоти олӣ, миёна ва ибтидоии касбӣ зиёд гардида, айни замон дар муассисаҳои мазкур 3700 нафар ҷавонони ноҳия аз рўи касбу ихтисосҳои  гуногуни ба бозори меҳнат рақобатпазир ба таҳсил фаро гирифта шуда, 15  нафар ҷавонони ноҳия дар муассисаҳои бонуфузи хориҷи мамлакат ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.

Аз соли 1997 то инҷониб наздик ба 600 нафар  ҷавонони ноҳияи Ҷайҳун дар баробари дигар ҷавонони кишвар тибқи Квотаи Президентӣ дар 16 муассисаҳои олии касбии ҷумҳурӣ таҳсили илм намуда, аз ин шумора беш аз 480 нафарашон муассисаҳои таҳсилоти олиро хатм намуда, дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ ва хизмати давлатӣ фаъолият намуда истодаанд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷайҳун, дар ин давра, ҷиҳати амалигардонии имтиёзҳои муқарраргардидаи омўзгорони ҷавон ва тақвияти ҳифзи иҷтимоии мутахассисони ҷавон, алалхусус табибон ва омўзгорони дар деҳот фаъолиятдошта зери назорат буда, ба 85 нафар қитъаи замин барои сохтмони манзили истиқоматӣ дода шудааст.

Яке аз дастовардҳои бузурги мо дар солҳои соҳибистиқлолии кишвар бунёди иншооти варзишӣ мебошад, ки барои ташаккули тарзи ҳаёти солим, рушду инкишофи варзиш, оммавгардидании он ва аз ҳама муҳим дар ҷалби васеи ҷавонон ба риштаҳои гуногуни варзиш мусоидати фаъол намуд. Теъдоди иншоотҳои варзишӣ дар ноҳия ба 80 адад расидааст.

Дар давоми 5 моҳи соли 2025 варзишгарони ноҳия дар 49 мусобиқаҳои варзишии ноҳиявӣ, вилоятӣ, ва ҷумҳуриявӣ ширкат варзида, дар умум 15 медали тилло, 25 медали нуқра, 20 медали биринҷӣ ҳамагӣ 60 медал ба даст овардаанд, ки нисбати солҳои аввали соҳибистиқлолии кишвар зиёд мебошад.

Қобили зикр аст ки, 41,8%-и аҳолии ноҳияи Ҷайҳунро ҷавонон ташкил медиҳанд, ки онҳо давомдиҳандаи кору фаъолияти насли калонсол, нерӯи созанда ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа, хулоса ояндаи миллат ва давлат мебошанд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба нерӯи тавонои шумо эътимод дорад, пешниҳоду ибтикороти шуморо дастгирӣ менамояд ва ҷиҳати ҳавасманд гардонидан ва муҳайё сохтани шароити хуби зиндагӣ ва таҳсил барои шумо ҳамаи тадбирҳои заруриро роҳандозӣ мекунад.

Дар ҷавоб ба дастгириҳои доимии Пешвои миллат ҷавонони моро зарур аст, ки дучанд заҳмат кашанд, мунтазам ба омӯзиши донишҳои муосир машғул шаванд, корҳои илмӣ, ихтироъкориву навсозиро дар сатҳи баланд иҷро намоянд ва дар ободии Ватани маҳбубамон фаъолона ширкат варзанд.

Ободу зебо нигоҳ доштани кишвар ва ба наслҳои баъдӣ ба мерос гузоштани мулки мутамаддину пешрафта масъулияти бузург дошта, ҳар фарди бедордил, бахусус ҷавонони баору номусро водор менамояд, ки ба хотири таҳкими истиқлолияти давлатӣ, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот ва густариши худшиносиву худогоҳӣ ҳамеша кӯшишу талош намоянд.

Итминони комил дорам, ки шумо, ҷавонони саодатманд, масъулияти бузурги таърихӣ ва қарзи пурифтихори фарзандии худро сарбаландона адо намуда, ба хотири рушди рӯзафзуни кишвари биҳиштосоямон ҳамчун созандагони фардои ноҳия хизмати арзандаро ба ҷо меоред.

Бори дигар, ҳамаи шумо, насли умеду орзуи фардои Ватанро ба муносибати Рӯзи ҷавонон табрик гуфта, бароятон саломатӣ ва дар корҳои ободониву созандагии Ватани азизамон – Тоҷикистон пирӯзиҳои тоза орзу менамоям.

 

Рӯзи ҷавонон муборак, фарзандони хушиқболи ноҳияи Ҷайҳун!