ХАБАРҲОИ МУҲИМ :

Дар асоси нақша-чорабиниҳои Раёсати маорифи МИҲД-и вилояти Хатлон, мактуби Раёсати маорифи вилояти Хатлон аз 12 майи соли 2025, таҳти № 168 ва нақша-чорабиниҳои Шуъбаи маориф оид ба масъалаҳои фанни омодагии ибтидоии ҳарбӣ байни хонандагони синфҳои 11-и муассисаҳои таълимӣ мутобиқи моддаи 36-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» ва Низомномаи Шуъбаи маориф, аз ҷумла бо қарори раиси ноҳияи Ҷайҳун аз 21 январи соли 2025, таҳти №74 «Оид ба ташкил кардан ва гузаронидани ҷамъомадҳои таълимӣ-саҳроии ҷавонон дар урдугоҳҳои мудофиавӣӣ варзишии солимгардонӣ ба муддати 6-рӯз аз тарафи муассисаҳои таълимии ноҳия» гузаронида шуд.

Ҷамъомадҳои таълимӣ-саҳроӣ аз рӯзи 26-уми май то 31-уми май идома ёфта, дар сатҳи баланди сиёсию фарҳангӣ анҷом ёфт.

Дар чорабинии мазкур гурӯҳҳо аз 52 муассисаи таълимии ноҳия фаъолона иштирок доштанд. Дар минтақаҳои урудгоҳии мудофиавии қаламрави ноҳия мувофиқи дастуру ншондодҳои Низомнома гузаронида шуд. Дар ҷараёни чорабиниҳои мазкур хонандагони синфҳои 11-ум (хатмкунандагон) ба шумораи умумии 1433 нафар, аз ҷумла писарон 960 навар ва духтарон 473 нафар иштироки фаъолона нишон доданд.

Машӣулиятҳои таълимии саҳроӣ барои духтарони синфҳои 11-ум оид ба мавзӯи «Ёрии аввалияи тиббӣ» дар бунгоҳҳои тиббӣ ва марказҳои саломатии ҳудудҳои деҳбуда, бо мутахассисон ва бо мураббии хеш дар ин муддат коромӯзӣ намуданд. Ин ҷамъомади таълимии саҳроӣ ҷавононро соҳиби малакаҳои таҷрибавӣ, обутоби ҷисмонӣ ва руҳияи қавӣ, зеҳни тоза мегардонад. Иштирокчиёни ҷамъомади таълимии саҳроӣ яке аз таълимии омодагии ҳарбиро дар иҷрои хизмати ҳарбӣ нишон медиҳад.

Дар анҷоми чорабини мазкур тибқи фармоиш ва нақша-чорабинии Шуъбаи маориф дар якҷоягӣ бо комиссариати ҳарбии ноҳия, қисми низомии сарҳадии «Панҷ» СКС КДАМ-и Ҷумҳурии Тоҷикистон хонандагонро (хизматчиёни оянда) шахсони масъули ҳарбии сарҳад аз рафти хизмати ҳарбии марзбонон дар дидбонгоҳҳои сарҳадии дар ноҳия ҷойгир буда шинос намуданд.

Рафти машӣулиятҳо бо як низоми муайян дар сатҳи баланд ва ба пуррагии иҷроиши Барномаи таълимии Омодагии Ибтидоии Ҳарбиро (ОИҲ) масъулин таъмин намуданд.