ХАБАРҲОИ МУҲИМ :

       Дар асоси нақшаи кории муштараки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, ҷиҳати расонидани мӯҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, истифодаи самараноки нерӯи барқ ва дар самти рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа,  санаи 08.07.2025, бо фаъолон в а сокинони деҳаи Ҳ.Шерозӣ-и Ҷамоати шаҳраки Дӯстӣ  суҳбату вохуриҳои гурӯҳи корӣ баргузор карда шуд.

       Дар вохӯрии мазкур муовини раиси ноҳияи Ҷайҳун Сабурзода Насим, Раиси Ҷамоати шаҳраки Дӯстӣ Носирзода Сулаймон  ва фаъолони деҳа иштирок доштанд.

         Зимни баромади худ муовини раиси ноҳияи Ҷайҳун  бо сокинони деҳаи мазкур оиди фаҳмонидани мӯҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  суханронӣ намуда, вобаста ба самаранок истифода бурдани нерӯи барқ, тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, самаранок истифода бурдани ҳар як ваҷаб замини назди ҳавлигӣ, сафарбар намудани ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, шомил нашудани ҷавонон ба ҳар гуна Ҳизбу ҳаракатҳои экстеремистиву террористӣ мамнуъ дар  Тоҷикистон  ибрози андеша намуданд.