ХАБАРҲОИ МУҲИМ :

Бахши Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании вилояти Хатлон дар ноҳияи Ҷайҳун ба маълумоти Шумо мерасонад, ки дар баробари гарм шудани ҳарорати ҳаво ва оғоз гардидани мавсими оббозӣ талаботи мардум ба оббозӣ рӯз то рӯз зиёд мегардад. Гарчанде обутоби бадан ва оббозӣ барои саломатии инсон ва фаъолияти рӯҳию ҷисмонии он фоидаовар бошад ҳам, вале бояд фаромӯш накунем, ки об дар баробари фоиданок будан, боз фалокатовар низ мебошад. Чуноне муқаррар шудааст, оббозӣ танҳо барои одамони солим фоидабахш буда, пеш аз оббозӣ ҳатман бояд аз назорати духтур гузашт. Чуноне қоидаҳо муқаррар менамоянд, аввалин бор бояд дар ҳавои офтобии бешамол дар ҳолати ҳарорати ҳаво 25-28 дараҷа гарм будан оббозӣ намудан мумкин аст. Танҳо дар ҷойҳое оббозӣ намудан мумкин аст, ки бехатарии шаҳрвандон кафолат дода мешавад.

Ҳодисаҳои солҳои охирро ба ёд оварда, мебинем, ки ҳар сол дар мавсими оббози даҳҳо нафар шаҳрвандон дар мавзеъҳои селгузар оббозӣ манъшуда ӣарқ шуда, ҷони худро аз даст медиҳанд. Ҳодисаҳои гарқшавии шаҳрвандон бештар дар соҳили канали «Қумсангир», ки аз ҳудуди ноҳия мегузарад ва обанборҳо ба қайд гирифта мешаванд. Ҳарчанд дар ин мавзеъҳо навиштаҷотҳо ва лавҳаҳои барои шиноварӣ манъшуда насб карда шуда бошад ҳам, вале сокинон ба ин огоҳӣ аҳамият надода, дар ин мавзеъҳо ба шиноварӣ машгул мешаванд.

Бинобар ин, бахши Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании вилояти Хатлон дар ноҳияи Ҷайҳун ба шаҳрвандон ва меҳмонон муроҷиат менамояд:

Ҳангоми оббозӣ дар кӯлу каналҳо, дарёҳои ноҳия талаботи бехатариро пурра риоя намоянд. Дар ҷойҳои маъншуда ва барои оббозӣ хавфнок худдорӣ намоянд. Танҳо дар ҷойҳое оббозӣ намоед, ки бехатарии Шумо кафолат дода мешавад. Агар оббозӣ карда наметавонед, кӯшиши ба кӯлу каналҳо ва дарёҳо даромаданро накунед. Ҳангоми оббозӣ дар ҷойҳои бароятон ношинос ҳатман аз воситаҳои эҳтиётӣ истифода баред. Зеро муддати гарқшавӣ ниҳоят кӯтоҳ буда, то расидани наҷотдиҳандагон эҳтимолияти ҳалок шудан имконпазир мебошад. Агар шоҳиди ҳолати гарқшавӣ шудед, оббозӣ карда наметавонед, барои наҷот кӯшиш накунед, балки дигаронро ба ёрӣ даъват намоед.

Инчунин он нафароне, ки бо мақсади худкушӣ худро ба каналҳо мепартоянд, андеша намоед. Ақли солимро идора кунед, зеро ин роҳи наҷот шуда наметавонад. Бо чунин наздикону пайвандонатонро як умр ба мусибат гирифтор накунед. Зиндагӣ ҳамеша якранг нест ва он мушкилоти Шумо рӯзе ҳал мешаваду зиндагии хуш насибатон мегардад.

Дар охир аз ҳамаи Шумо даъват менамоем, ки агар шоҳиди ҳолати ӣарқшавӣ шудед, фавран ба рақамҳои (83249) 4-26-46 ва 93-880-29-01 дар тамос шавед.

Мо дар якҷоягӣ амал намуда, метавонем пеши ҳодисаҳои нохушро гирем.

Х. Сатторзода, подполковник, сардори Бахши Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании вилояти Хатлон дар ноҳияи ҶайҳунФ