Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Ҳукумати мамлакат ҷиҳати таъмини аҳолӣ бо маводи ғизои хушсифат ва ғани гардонидани бозори истеъмолӣ баҳри истифодаи самараноку оқилонаи замин, саннаи 15 январи соли ҷорӣ бо иштироки и.в. раиси ноҳияи Ҷайҳун Ализод Азизулло Муҳибулло, сардори Сарраёсати кишоварзии вилояти Хатлон Ҳасанзода Б. ва сардори раёсати ИДБЗО дар вилоят Хоҷаев Ҳ. семинар машваратии кишти картошка дар хоҷагии деҳқонии “Ҷурабек”-и дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти “Ваҳдати миллӣ” баргузор гардид.




