Ҳамдиёрони азиз! Меҳмонони гиромиқадр!
Имрӯзҳо мардуми саодатманди тоҷик дар фазои орому осуда ва шукргузорӣ аз ваҳдату истиқлолияти давлатӣ иди аҷдодии худ Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуда истодаанд.
Аз ин рӯ бо дарки эҳсоси баланди миллию хештаншиносӣ, асолати ватанпарварию ватандорӣ ва арҷгузорӣ ба суннатҳои аҷдодӣ ҳамаи шумо ҳамватанони азизро бо фаро расидани иди аҷдодиамон Наврӯзи оламафрӯз ва пайки хуршеди зарнисори баҳорӣ табрику муборакбод намуда, хоҳони онам, ки Наврӯзи хуҷастапай ба ҳар як хонадони тоҷик файзу баракат, осудагию амонӣ, бахту иқбол ва сарсабзию хуррамӣ овард.
Ҳамчунин вобаста ба ин мехостам ба мардуми шарафманду меҳнатдӯсти Ҷамоати деҳоти Даштиҷум барои пешвозгирии хеле самимӣ ва ташкил намудани чорабинии идона бахшида ба таҷлили ҷашни байналмилалии Наврӯз миннатдории худ ва сокинони ноҳияро расонам.
Мардуми ин сарзамин бо фарҳанги бо худ хос, рушду нумуи соҳаи кишоварзӣ, меваҳои шаҳдбор ва аз ҳама муҳим бо шахсиятҳои таърихии худ, ки дар рушду нумуи таъриху санъати тоҷик нақши муҳим бозидаву дар кишвари азизамон Тоҷикистон ва берун аз он маълуму машҳур гардидаанд, пайваста зери таваҷҷуҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия қарор доранд. Тамоми сокинони ноҳия аз ҳунару истеъдоди санъаткорони нотакрори ин диёр чун Одина Ҳошимов, Озодамоҳ Муҳтарамова, Қосим Ҳошимов, Тағоймурод Розиқов, Ҷумъахон Сироҷов, Назирмад Мусоев, Файзалӣ Ҳасанов, Мирзоватан Миров ва даҳҳо шахсиятҳои варзида ҳамеша меболанду ҳунари волои онҳоро қадар месозанд. Зеро онҳо тавонистанд дар густариш додани фарҳанги ниёгон ва эҳёи санъати тоҷик нақши муҳим гузошта, санъату фарҳанги миллати тоҷикро ба ҷаҳониён муаррифӣ намоянд. Ва бо боварии комил гуфта метавонам, ки насли имрӯзи ин сарзамин аз ин мактаби шахсиятҳои таърихии диёри худ омӯхта дар рушду инкишофи ноҳия ва ҷумҳурии азизамон нақши худро мегузоранд.
Ҳозирини гиромӣ!
Наврӯз аз зеботарину шевотарин ва қадимтарин ҷашҳоест, ки табиат ба инсон ато кардааст. Ҷойи басо хушҳолию хушбахтии мо, тоҷикон, аст, ки аҷдоди шарафмандамон бори аввал дар таърих арзиши ин падидаи табиату ҳастиро дарк намуда, пазируфтаанд ва дар тӯли ҳазорсолаҳо пайваста онро алорағми ҳама душвориҳо азизу гиромӣ доштаанд. Онҳо ба хираду заковати азалии худ ин падидаи зебои
табиатро бо беҳтарин расму оин, ва суннатҳои наҷиб ороста, онро ба як фарҳанги умумибашарӣ табдил додаанд.
Аз ин рӯ Наврӯз чун суннати асили ниёгон аз замони қадим то ҳол ҳамчун намунаи покию хушрӯзӣ, сарсабзию шукуфоӣ, арҷгузории суннатҳои миллӣ аёдати хешону пайвандон, ятимону бечорагон ва дасти мададу ғамхорӣ дароз кардан ба ниёзмандон буду ҳаст.
Ба ин хотир бо итминони комил гуфта метавонам, ки мову шумо низ ин суннатҳои гузаштагони худро идома дода дар рӯзҳои истиқболи Наврӯзи фархундапай ва дигар ҷашну маъракаҳо ба ниёзмандон, барҷомондагону ятимон ва шахсони яккаву танҳо кӯмаки амалии худро мкрасонем.
Хусусан аз ҳисоби буҷаи ноҳия бо ин мақсад дар моҳи март бо маблағи 13000 сомонӣ ба оилаҳои эҳтиёҷманд кӯмак расонида шуд. Бо дастгирии шахсони саховатпеша имрӯз даҳ нафар кӯдакон хатнасур карда шуданд.
Бояд гуфт, ки истиқболи гарми Наврӯзи хуҷаста ҳамчун ҷашни бузургу муқаддаси байналмилалӣ, ки рамзи инсондӯстию арҷгзорӣ ба он, ифтихори миллию дӯст доштани зиндагист, меҳри Модару Ватан ва оламро дар дили ҳар як фарди ватандор бедор месозад.
Ба василаи Наврӯз мардумони эронинажод, аз ҷумла тоҷикон, суннатҳову унсурҳои фарҳанги бостонии худро идома доданд. Аз ин рӯ Наврӯзро метавон эҳёгару фарогири фарҳанги бостонӣ дар ҳар давру замон донист, ки волотарин унсурҳои фарҳангии мардумони эронитаборро ҷамъ овардааст. Ин ҷашни фархунда аз ибтидо то инҷониб ҷанбаи умумибашарӣ дошта, орзуву мароми инсон ва робитаи ӯро бо табиат бозтоб менамояд. Тавре ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардааст, «Наврӯз падидаест, ки аз ҷониби худи табиат барои аҳли сайёраи Замин тақдим шудааст». Аз ин ҷост, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони кишварҳои форсизабон ва кишварҳои Шарқ барои ҷаҳонӣ шудани Наврӯз саъю кӯшиши зиёд ба харҷ доданд. Дар натиҷа 23-юми феврали соли 2010 дар ҷаласаи 64-уми Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид Наврӯз ҷашни байналмилалӣ эълон гардид. Дар Қатъномаи маҷмааи мазкур таъкид шудааст, ки «Наврӯз ба гуфтугӯи миёни фарҳангҳо ва ҳамдигарфаҳмии мардумони сайёра мусоидат мекунад».
Имрӯз дар сар то сари мамлакат, аз он ҷумда дар ноҳияи мо низ ба истиқболи ҷашни Наврӯз бо як дилгармӣ ба оғози кишту кори баҳорӣ, тоза кардани ҷӯю заҳбурҳо, роҳравҳо ва шинонидани гулу гулбуттаҳо, ба тартиб даровардани хонаю дари худ машғул мебошанд.
Ба ин хотир мехостам, ҳар фарди диёрамон аз ҳар лаҳзаи фурсати баҳор самаранок истифода намуда, аз пайи ободонию бунёдкорӣ ва созандагиҳо бошад. Боварӣ дорам, ки мардуми меҳнатқарини ноҳия ин муроҷиатро бо як масулияти бузурги ватандорию хештаншиносӣ дарк намуда, аз пайи амалҳои хайр мешаванд.
Дар ин лаҳзаҳои хело ҳам мусоид мехостам хотирнишон месозам, ки дар тӯли солҳои соҳибистиқлолии кишвари азизу маҳбубамон, бахусус ноҳияи баланкӯҳу зебоманзари мо ба дастовардҳои хело ҳам назаррас ноил гардидааст.
Дастовардҳои ноҳияи Шамсиддин Шоҳин аз Наврӯзи гузашта то Наврӯзи имрӯза гувоҳи он аст, ки кишвари азизамон- Тоҷикистон низ рӯ ба ободию пешрафт дорад.
Зеро дар зарфи як сол дар ин гӯшаи дурдасти диёр чандин иншоотҳои муҳими хоҷагии халқ қомат афрохта, роҳҳои маркази ноҳия таъмир ва чароғон карда шуданд.
Бунёди аввалин муассисаи таълимии замонавӣ дар маркази ноҳия, сохтмони қасри фарҳангӣ, варзишгоҳи марказӣ, бинои маъмурии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва ба истифода додани роҳи байналмилалии Кӯлоб- Қалъаи Хумб қитъаи Шӯрообод- Шоҳон ба таври кулли симои ноҳияро дигаргун намуд.
Боварии комил дорам, ки тавассути сиёсати созанда ва бунёдкоронаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва заҳмати ҳамдиёрони азиз то Наврӯзи дигар барои амалишавии ҳамагуна барномаҳои ободкориву созандагӣ камари ҳиммат баста, саҳми арзандаи худро мегузорем.
Мо аз мардуми худ барои он сипосгузорем, ки онҳо ҳамеша сиёсати дохилию хориҷии Ҳукумати Ҷумҳуриро бо сарварии Пешвои миллат, Президенти маҳбуби кишварамон Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми ҷабҳаҳои зиндагӣ дастгирӣ намуда, ба меҳнати ҳалолу содиқона машғуланд.
Ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дорои захираҳои бойи табиӣ, мавзеъҳои хушманзара ва мардуми баору номусу меҳнатқарин мебошанд. Дар ояндаи наздик бо меҳнати ҳалолу бунёдкоронаи шумо, ҳамдиёрони азиз, ноҳияи Шамсиддин Шоҳин то ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатӣ ба яке аз гӯшаҳои тараққикарда ва ободу зебои кишварамон табдил меёбад.
Хотиррасон месозам, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми солонаи худ солҳои 2019-2021- ро солҳои «Рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон намуданд. Мақсад аз ин пешниҳод рушди инфросохтори деҳот, сохтори эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, ривоҷ додани соҳаи сайёҳӣ ва аз ҳама муҳим ташкил намудани ҷойҳои нави корӣ мебошаад. Ва бо боварӣ гуфта метавонам, ки мардуми ноҳияи мо ин икдоми роҳбарияти олии кишварро бо дарки эҳсоси баланди шаҳрвандӣ қабул карда, дар амалӣ сохтани нияту ҳадафҳои созандаи кишвар нақши худро мегузоранд. Зеро бо эълон гардидани соли 2018 соли «Рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» дар ноҳия чандин мавзеъҳои сайёҳву ҳунарҳои мардумӣ ба фаъолият оғоз намуданд, ки ҷалби сайёҳони дохилу хориҷ нақши муҳим бозиданд.
Аз ин рӯ бо истифода аз фурсат аз тамоми сокинони ноҳия даъват ба амал меорам, ки ҷиҳати пиёда сохтани ҳадафу мақсадҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз ҳама муҳим дар сатҳи баланди сиёсӣ истиқбол намудани ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии азизамон саъю кӯшиш намуда, дар ободу зебо гардонидани ин гӯшаи зебои диёр саҳми муносиби худро гузоранд.
Бо чунин нияту орзуҳои нек бори дигар шумо ҳамдиёрони азизро ба ин ҷашни фархунда Наврӯзи оламафрӯз табрику шодбош гуфта, ба ҳамаи шумо тани сиҳату хотири ҷамъро таманно дорам. Саломату сарбаланд бошед. Ташаккур!