Ҳозирини гиромӣ,

Дӯстони азиз,

Меҳмонони арҷманд!

 

Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯйдоди воқеан таърихӣ мебошад, зеро маҳз дар ҳамин иҷлосия тақдири ояндаи давлати миллии тоҷикон таҳрезӣ гардид ва ба сӯйи ҳадафҳои бузурги умумимиллӣ – сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ қадами нахустин гузошта шуд. Бо ифтихору сарфарозӣ аз фазои сулҳу дӯстӣ ва амнияти пойдор дар кишвари азизамон ҷашни 30-юмин солгарди Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва “Рӯзи Президент”-ро, ки ҳамасола 16-уми ноябр таҷлил мегардад, ба ҳамаи Шумо ҳамдиёрон ва дар симои Шумо ба кулли мардуми ноҳия табрик гуфта, ба ҳар яки Шумо саодати рӯзгор, шодию нишот, осудагиву оромӣ  ва тамоми хушиҳои рӯзгорро таманно менамоям.

Ибтидои солҳои 90-уми асри гузашта буҳрони шадиди сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ чун як давлати пуриқтидор ва абарқудрати Иттиҳоди Шӯравиро куллан фалаҷ сохта, ба пошхӯрӣ расонид ва ҷумҳуриҳои иттифоқӣ, соҳибистиқлолии худро эълон намуданд. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар қатори давлатҳои дигар 9-уми сентябри соли 1991 истиқлолияти давлатии худро ба даст овард, ки ин давра барои эътироф ва ба расмият шинохтани ҷумҳурии тозаистиқлоли мо оғоз ёфт. Аммо раванди давлатсозию бунёдкории ҷумҳурии тозабунёди Тоҷикистон дере нагузашта, бо таъсири қувваҳои бадхоҳи дохилию хориҷӣ ба ҷанги шаҳрвандӣ кашида шуд, ки боиси қурбониҳои азими ҷонӣ, талафот ва хисороти бузурги сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва маънавӣ гашта, пояҳо, рукнҳо ва асосҳои давлатиро фалаҷ гардонид, қонуншиканӣ ва бесарусомониҳоро дар мамлакат ба вуҷуд овард.

Дар он рӯзҳои вазнин ва пурфоҷиа роҳбарони мамлакат паси ҳам иваз мегардиданд, вале вазъият ҳамоно бетағйир ва идоранашаванда боқӣ мемонд. Рӯз то рӯз сафи гурӯҳҳои силоҳбадаст ва ҷангиён пур мегардид ва дар кишвар харобиву нобасомонӣ зиёд мешуд. Оқибат дар кишвар ҷанги шаҳрвандӣ оғоз шуд, ки сабаби гуреза шудани шаҳрвандону ба ҳалокат расидани ҳазорҳо нафар ва ятим мондани кӯдакон  гардид. Дар чунин шароити душвор баҳри барқарор намудани асосҳои давлатдорӣ ва таъмини қонуният, сулҳ ва ризоияти миллӣ 16 – уми ноябри соли 1992 дар шаҳри бостонии Хуҷанд Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват карда шуд. Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 16-уми ноябр то 2-юми декабри соли 1992 дар Қасри Арбоби хоҷагии ба номи Саидхўҷа Урунхӯҷаеви шаҳри Хуҷанд доир гардида буд, бешубҳа Иҷлосияи тақдирсоз ва сарнавиштсози миллати тоҷик мебошад.

Дар ҳамин росто баргузории Иҷлосияи тақдирсози XVI-уми Шӯрои Олӣ заминаҳои мусоиди интихоби роҳбарияти олии сиёсии кишвар ва қабули қонуну санадҳои меъёрии тақдирсоз нақши калидӣ дорад ва барои расидан ба ҳадафу ормонҳои миллӣ Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумхурии Тоҷикистон асос гузошт. Муҳимтарин дастоварди бузурги ин Иҷлосияи таърихӣ интихоби муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун фарзанди бонангу номус ва вафодори миллат, далеру шуҷоъ, покзамиру нексиришт ва ҳуввияти баланди миллидошта ба ҳайси Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Мақсаду мароми вакилони халқ ба он равона шуда буд, ки ақли солим ва адлу инсоф боло гирад, ризоияти миллӣ, якпорчагии Ватан ва Сулҳ таъмин карда шавад. Зимни суханрониашон Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамин Иҷлосия чунин иброз намуда буд: «Ман кори худро аз сулҳ сар ҳоҳам кард», «Ман тарафдори давлати демократии ҳуқуқбунёд мебошам», «Мо бояд ҳама ёру бародар бошем, то ки вазъро ором намоем» ва «Ҳарчӣ аз дастам меояд дар ин роҳ талош хоҳам кард».

Таҳти раёсати Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ як қатор санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ қабул гардиданд, ки онҳо ба фаъол намудану таҳким додани сохтори ҳокимияти давлатӣ асос гузоштанд.

Раиси Шӯрои Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хуб дарк менамуд, ки аз иҷроиши қарорҳои Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдири минбаъдаи давлати соибистиқлоли Тоҷикистон, таъмини воқеии волоияти қонун, пойдории қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ фаъолияти босамари сохторҳои давлатӣ вобастагии калон дорад.

Иҷлосия Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авфи умумӣ»-ро қабул намуд ва намояндагони гурӯҳҳои силоҳбадастро ба дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ даъват намуд. Ҳамзамон дар Иҷлосия Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз ҷавобгарии ҷиноӣ, интизомӣ ва маъмурӣ озод кардани шахсоне, ки дар давраи аз 27 март то 25 ноябри соли 1992 дар минтақаҳои мухталиф ҷиноят содир кардаанд» қабул карда шуд.

Дар кори ҷаласа бо дастури Раиси Шӯрои Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақомоти роҳбарикунандаи Ҳукумати Тоҷикистон ба раванди музокироти сулҳ оғоз кард. Дар аввали соли 1993 бо мақсади хомӯш намудани оташи ҷанги шаҳрвандӣ дар кишвар, барқарор сохтани манзилҳои харобгаштаи аҳолӣ, баргардонидани гурезаҳо ва муҳоҷирони иҷборӣ ба макони зист ва ба хотири обод сохтани Тоҷикистон масъалаи ба ҳам овардани нерӯҳои мухолиф музокироти сулҳи тоҷикон оғоз гардид. Музокироти тоҷикон ҳарчанд, ки мушкилу тулонӣ буд, барои миллати тоҷик ва Тоҷикистон марҳилаи тақдирсоз ба ҳисоб мерафт. Дар ҷараёни гуфтушунид, ки зиёда аз 40 моҳ идома ёфт ва тарафҳо 21 маротиба сари мизи музокира нишастанд, 40 ҳуҷҷати барои давлат ва миллати тоҷик муҳимро ба имзо расониданд. Нуқтаи анҷоми музокироти байни тоҷикон, ки рӯзи 27-уми июни соли 1997 дар шаҳри Москва ба имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон гузошта шуд, марҳилаи сифатан наверо барои таҳкими пояҳои давлатдории миллати тоҷик оғоз бахшид.

Суханони фаромӯшнашавандаи Сарвари мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи XVI-и Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикстон, ки бо эътиқоди комил иброз дошта буд: «Ман қасам ёд мекунам, ки тамоми донишу таҷрибаамро барои ҳар як хона ва ҳар як оила, барқарор шудани сулҳ равона карда, барои гулгулшукуфии Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам». Гузашти солҳо собит намуд, ки дар воқеъ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар натиҷаи амалӣ сохтани сиёсати бобарор, хирадмандонаву дурандешонаи хеш бо назардошти манфиатҳои миллӣ барои рушду пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ хизматҳои беназирро анҷом дод. Ин ҳама сулҳу ваҳдат, ободӣ, рушди босуботи кишвар, амният, ҷовидонии давлати миллии мо натиҷаи заҳмату талошҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Имрӯзҳо ҳар яки мо вазифадорем, ки барои оромиву ободии меҳани худ саҳми арзандаи худро гузорем. Ба фарзандони худ арҷ гузоштан ба муқаддасоти миллиро омӯзонем, худшиносии миллиро дар онҳо талқин намоем. Чуноне, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд: «Сабақи талхи таърихи кишварамон ба ҳар кадоми мову шумо ҳушдор медиҳад, ки дигар ҳеҷ гоҳ зиракии сиёсӣ ва ҳушёрии зеҳниро аз даст надиҳем, ватандӯсту ватанпарвар бошем, аз гузаштаи пурғановати ниёгонамон ифтихор кунем ва ба ин роҳ ваҳдати миллӣ, ягонагии кишвар, марзу буми аҷдодиамонро эҳтиёт ва ҳифз намоем».

Мо бо Президенти худ ифтихор дорем ва шукронаи Худованд мекунем, ки ба миллати тоҷик чунин Пешвои арзандаро лоиқ донист. Дар  фароварди  суханам  бори дигар ҳамаи Шуморо ба 30-юмин солгарди Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва “Рӯзи Президент” табрику таҳният гуфта, бароятон рӯзгори неку тани сиҳат орзумандам.

Саломату сарбаланд бошед.