Коррупсия ҳеҷ гоҳ фоидаовар нест, агарчӣ тавассур кунӣ манфиати якҷониба аст. Коррупсия падидаи иҷтимоии нав набуда, мисли дигар падидаҳои номатлуб таърихи кӯҳан дорад. Коррупсия фақат як масоили пулӣ нест, онро дар чанд ҷанбаъ дар ҳаёти иҷтимоӣ дид. Ин падидаи номатлуб метавон ҳатто таъсири фардӣ дошта бошад, ки аз назари ман ин нуқта ҳамчун коррупсияи фардӣ шинохта мешавад. Дар воқеъ коррупсия метавонад дар ҳама самтҳои фаъолияти иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, сиёсӣ, маънавӣ, шахсӣ ва ҳатто ҳуқуқӣ таъсири мусбии худро расонад. Инчунин коррупсия метавонад ҳамчун падидаи манфур иқтисоди дилхоҳ кишварро заиф намояд, эътимоди мардумро нисбат ба сохторҳои давлатӣ коста куна два сохти давлатро фалаҷ намояд.
Коррупсия чуноне, ки зикр шуд танҳо як муомилот ё муносиботи пулӣ нест, метавонад омилҳои дигар ҳам дошта бошад…
Барои бунёди ҷомеаи солим, пешрафти давлат ва рушди иқтисоду иқтидори он, баланд бардоштани нуфӯзу эътибор ва ҷалби эътимод дар айни замон муқовимат бо коррупсия ва пешгирӣ намудани ин падидаи иҷтимоӣ яке аз роҳҳои асосии расидан ба ҳадафҳои миллӣ ва бунёди давлати мустақил ва комил аст. Аз тарафи дигар расидан ба аъдоф ва решакан намудани коррупсия танҳо вазифаи мақомотҳои қудратӣ ва сохторҳои марбута набуда, дар ин ҷодда нақши ҷомеаи шаҳрвандӣ ниҳоят муҳим арзёбӣ карда мешавад.
Коррупсия чуноне, ки борҳову борҳо собит шудааст ба касе фоида наоварда аст ва баръакс обрӯ ва нуфӯзи шахсеро, ки ба ин кирдори ношоиста даст задааст, паст намуда, боиси доғдор гардидани чунин ашхос гардидааст.
Аз ин хотир, моро зарур аст, ки дар таъмини устувории бахши иқтисодиёт ва иҷтимоиёти мамлакати худ, таъмини зиндагии шоиста, ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои шахс, пешгирӣ ва решакан кардани коррупсия дар ҷомеаи худ саҳмгузор бошем.