Month: February 2020
Омодагӣ ба даъвати баҳории соли 2020
Дар асоси нақшаи чорабиниҳои Ситоди генералии Қувваҳои Муссалаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри омодагӣ ба даъвати баҳории соли 2020 рӯзи 22 феврали соли ҷорӣ ташрифи 600 нафар хонандагони ноҳия барои шиносоӣ аз шароити зисти сарбозон ба қисми ҳарбии дар шаҳри Бохтар буда сафарбар карда шуданд.
«Мо модарон ба аёдати фарзандон-сарбозони Ватан меравем»
Дар асоси нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон 22 феврали соли ҷорӣ аз тарафи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷайҳун ва соҳибкорзанон бахшида ба рӯзи Артиши миллӣ ва баргузории «Рӯзи модар» аксия таҳти унвони «Мо модарон ба аёдати фарзандон-сарбозони Ватан меравем» ба дидбонгоҳи №4 сафарбар карда шуданд.
Тибқи нақша-чорабиниҳо 21 феврали соли 2020 27 солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷайҳун ҷашн гирифта шуд.
Иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Ҷайҳун Одиназода Абдулҳафиз Абдусаттор баромад намуда, ба муносибати 27 солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирокчиён ва кулли мардуми шарафманди ноҳияро табрик намуд. Аз тарафи кормандони комиссарияти ҳарбии ноҳия, омӯзгорони омодагии дифои ҳарбӣ, донишҷӯёну хонандагони муассисаҳои таълимӣ ва кормандони ташкилоту муассисаҳои ноҳия парад ва роҳпаймоӣ баргузор гардид. Дар қасри фарҳанги ноҳия ба як қатор фаъолон ва …
Ярмаркаи ҷойҳои корӣ ва вазифаҳои озод дар ноҳияи Ҷайҳун
Тибқи нақша дар соли ҷорӣ дар назди бинои Раёсати молияи ноҳия «Ярмаркаи ҷойҳои корӣ ва вазифаҳои озод» баргузор гардид. Дар рафти ярмарка аз тарафи шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳия аз 14 ташкилоту муассисаҳо 68-ҷойҳои корӣ ва вазифаҳои озод пешкаши корҷӯён гардонида шуд. Дар рафти чорабинӣ намоиши ҳунарҳои мардумӣ пешкаши иштирокчиён гардонида шуд. Дар ин чорабини зиёда аз…
«Ҳунар беҳтар аз зар бувад»
Дар ноҳия озмуни ҷумҳуриявии «Фестивали ҳунарҳои мардумӣ таҳти унвони, «Ҳунар беҳтар аз зар бувад» мутобиқи банди 5 ҷалвали баргузории фестивал, намоиш, ид ва озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021, к ибо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13.12.2018, №1140 тасдиқ шудааст, баргузор гардид. Озмуни мазкур дар байни корхонаву муассисаҳо, хоҷагиҳои деҳқонӣ, соҳибкорони инфиродӣ ва бо иштироки…
Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба велосипедронӣ
Дар ноҳияи Ҷайҳун мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба велосипедронӣ дар шоҳроҳи шаҳри Бохтар Панҷи поён барои дарёфти Ҷоми Федератсияи велосипедронии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муайян намудани узви дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иштирок дар Чемпионати Осиё оид ба велосипедронӣ дар кишвари Малайзия ки моҳи март баргузор мегардад, шуда гузашта истодааст.
Техналогияҳои иттилоотӣ ва камуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия барои солҳои 2018-2022
Бо мақсади таъмини Барномои давлатии амалӣ намудани Техналогияҳои иттилоотӣ ва камуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия барои солҳои 2018-2022 бо ташабуси мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷайҳун роҳбарони ХДФ-и ҳудуди Ҷамоати деҳоти «Қумсангир» ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №10 ва №37-и ҷамоати макзур, 10 адад компютер, 1 адад принтер ва 1 адад тахтаи электронӣ таъмин карда шуд.
«Рӯзғордорӣ»
15 феврали соли ҷорӣ тибқи нақшаи чорабинии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷайҳун вобаста ба Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 2018, №АП-1140 «Дар бораи ҷадвали баргузории фестивал, намоиш ид ва озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021» дар литсейи касбии техники ва филиали колеҷи тиббии шаҳри Бохтар дар ноҳияи Ҷайҳун озмуни «Рӯзғордорӣ»…
Ҳашари умуми ноҳиявӣ
15 феврали соли 2020 дар ноҳияи Ҷайҳун барои тақвият додани корҳои ободонию бунёдкорӣ ва тоза нигоҳ доштани муҳити зист сокинони ноҳияи Ҷайҳун ба ҳашари умуми ноҳиявӣ баромаданд, аз ҷумла: Ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, коргарони ташкилоту муассисаҳо, корхонаҳо, соҳибкорони хурду миёна ва муассисаҳои таълимии ноҳия ба ҳашари умумии ноҳиявӣ баромада, ба тоза кардани гирду атрофи ташкилоту муассисаҳо, корхонаҳо, хонаҳои истиқоматӣ, кӯчаҳо, бозори…
«Дар бораи танзим анъана ва ҷашну маросим»
6 феврали соли ҷорӣ дар асоси нақша чорабиниҳои муштараки мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷайҳун бо мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, ҷиҳати иҷрои Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, «Дар бораи танзим анъана ва ҷашну маросим», пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои террористию экстримистӣ ва гаравидани онҳо ба ҳар гунна ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, ҷудошавии оилаҳои ҷавон,…