31 январи соли ҷорӣ тибқи нақшаи чорабинии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷайҳун вобаста ба Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 2018, №АП-1140 «Дар бораи ҷадвали баргузории фестивал, намоиш ид ва озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021» дар назди Касри фарҳанги ноҳия озмуни «Дастархонороӣ» баргузор гардид, ки дар ин озмун намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ ба марази тамошо гузошта шуд.
Дар фарҷоми озмун ба иштирокчиён ифтихорнома, сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ аз тарафи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия тақдим гардид.