Сафари кории иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Ҷайҳун Одиназода Абдулҳафиз Абдусаттор бо гурӯҳи корӣ ба Ҷумҳурии Қазоқистон ва Федератсияи Россия!

Иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Ҷайҳун Одиназода Абдулҳафиз Абдусаттор  бо гурӯҳи корӣ  ба  Ҷумҳурии  Қазоқистон  ва  Федератсияи Россия бо мақсади дидорбинӣ,  ва мулоқот бо ҳамватанони дар хориҷи кишвар қарор дошта,  шиносоӣ  ба фаъолияти меҳнатӣ ва будубоши онҳо,  ҳамзамон муарифии  имкониятҳои  ҳамкорӣ  сафари  корӣ  намуданд.

Зимни вохӯрӣ  бо ҳамватанони бурунмарзӣ  оид ба имкониятҳои  иқтисодию  иҷтимоии  ноҳия,  ҷалби соҳибкорони тоҷик  ба раванди корҳои ободонию  бунёдкорӣ,  имтиёзу шароити мавҷуда барои таъсиси  корхонаҳои истеҳсолӣ,  коркарди маҳсулот ва содироти он  ба хориҷи  кишвар сӯҳбат намуданд.

Иштирокчиёни вохӯрӣ  оид ба таҳияи  нақшаҳои тиҷоратӣ,  бунёди коргоҳҳои истеҳсолию  марказҳои хизматрасонӣ,    барои расидан   ба ҳадафҳои гузошта  шуда,  таклифу  пешниҳодҳои худро баён  намуданд.

Дар охир  соҳибкорони ватанӣ,  ки дар Ҷумҳурии  Қазоқистон  ва  Федератсияи Россия кору фаъолият доранд,  иброз намуданд,  ки  мо  аз давлату  миллати  хеш  ифтохор дорем  аз  ғамхориҳои  Пешвои миллат  нисбати  ҳамватанони бурунмарзӣ  сипос  гузорем  ва  барои пешрафту  тарақиёти ватани  азизамон  саҳмгузорӣ  менамоем.