6 феврали соли ҷорӣ дар асоси нақша чорабиниҳои муштараки мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷайҳун бо мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, ҷиҳати иҷрои Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, «Дар бораи танзим анъана ва ҷашну маросим», пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои террористию экстримистӣ ва гаравидани онҳо ба ҳар гунна ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, ҷудошавии оилаҳои ҷавон, ҷинояту ҷиноякори аз тарафи ноболиғон, ҷавонон ва занон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» ва инчунин корҳои созандагию бунюдкори бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сокинони Ҷамоати деҳоти Панҷ, деҳаи «Якуми май» вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ прокурори ноҳия Раҷабзода Шоҳрух Ҷаббор, сардори ШВКД дар ноҳия Солеҳзод Неъмат, комисари Комиссарияти ҳарбии ноҳия Раҳмонзода Ҳайдаралӣ ва мудирони бахшҳои кор бо ҷавонон ва варзиш, танзим анъана ва ҷашну маросим, кор бо занон ва оила ва сармутахассис оид ба ҳуқуқи кӯдак иштирок ва суханварӣ намуданад.