Ҳашари умуми ноҳиявӣ

15 феврали  соли 2020  дар ноҳияи Ҷайҳун барои тақвият додани корҳои ободонию бунёдкорӣ ва тоза нигоҳ доштани муҳити зист сокинони ноҳияи Ҷайҳун ба ҳашари умуми ноҳиявӣ баромаданд, аз ҷумла: Ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, коргарони ташкилоту муассисаҳо, корхонаҳо, соҳибкорони хурду миёна ва муассисаҳои таълимии ноҳия ба ҳашари умумии ноҳиявӣ баромада, ба тоза кардани гирду атрофи ташкилоту муассисаҳо, корхонаҳо, хонаҳои истиқоматӣ, кӯчаҳо, бозори марказӣ, шоҳроҳи шаҳри Бохтар ва ноҳияи Панҷ  машѓул гардиданд.