«Ҳунар беҳтар аз зар бувад»

Дар ноҳия озмуни ҷумҳуриявии «Фестивали ҳунарҳои мардумӣ таҳти унвони, «Ҳунар беҳтар аз зар бувад» мутобиқи банди 5 ҷалвали баргузории фестивал, намоиш, ид ва озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021, к ибо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13.12.2018, №1140 тасдиқ шудааст, баргузор гардид.

Озмуни мазкур дар байни корхонаву муассисаҳо, хоҷагиҳои деҳқонӣ, соҳибкорони инфиродӣ ва бо иштироки васеи сокинони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот баргузор гардид.

Дар охир ғолибон бо ифтихорнома, сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.