«Мо модарон ба аёдати фарзандон-сарбозони Ватан меравем»

Дар асоси нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон 22 феврали соли ҷорӣ аз тарафи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷайҳун ва соҳибкорзанон  бахшида ба рӯзи Артиши миллӣ ва баргузории «Рӯзи модар» аксия таҳти унвони «Мо модарон ба аёдати фарзандон-сарбозони Ватан меравем» ба дидбонгоҳи №4  сафарбар карда шуданд.