Бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷайҳун дар арафаи иди «Наврузи» байналмилали як қатор иншоотҳои ҷашни мавриди истифода қарор дода шуданд. Аз ҷумла дар Ҷамоати деҳоти «Панҷ» деҳаи «Рӯдакӣ» 2 майдончаи варзиши аз тарафи соҳибкорон сохта ба истифода дода шуд. Инчунин дар Ҷамоати деҳоти «Ваҳдати миллӣ» аз тарафи соҳибкорон 1 бунгоҳи тиббӣ, 1 сехи дӯзандагӣ ва 1 сехи макарон сохта ба истифода додашуд. Дар ин рузи фараҳ ба соҳибкорон Сипоснома ва туҳфаҳои хотирави аз тарафи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷайҳун тақдим карда шуд.