Day: April 22, 2020
Э Ъ Л О Н И № 2
мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон барои ишғоли мансабҳои зерини холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ДАСТГОҲИ РАИСИ НОҲИЯ Мутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳия – 1 ҷой. Талаботи тахассусӣ барои довталабон: – таҳсилоти олии касбии филолог, ҳуқуқшинос, сотсиолог, психолог, мутахассиси соҳаи идоракунии давлатӣ. – донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии…
Пешгирии коронавирус
Бемории сироятии COVID-19 дар як муҳлати кутоҳ зиёда аз 200 давлати сайёраро убур кардааст, ки сироятёбиаш аҳли оламро то ба ҳол ба коми худ кашида истодааст. Зиёда аз чор моҳ мешавад, ки хавфи бемории коронавирус аҳолии ҷаҳонро ба таҳлука андохтааст. Ин бемории сироятӣ 90 дар сади калонсолонро гирифтори худ гардондааст. Бемории вабои нав садҳо ҳазор одамонро мубтало гашта, даҳҳо ҳазор…
Ёди хизматҳои падар
Хизмати шоистаи инсон ҳамеша қадр карда мешавад. Номи неки ӯ ҳеҷ гоҳ аз хотираҳо дур намемонад. Номашро бо некӣ ёд мекунанду дар ҳақаш дуои хайр мехонанд. Шахсони барӯманди заҳматкаш дар дилу дидаи мардум маъво мегиранд. Дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ ҳар як соҳаи истеҳсолию иқтисодӣ, сохтмонӣ ё хоҷагии халқ, мутахассиси соҳибкасб ва сарвари бо фарҳанги худро дошт. Бо халқ якҷоя заҳмат…
Мусобиқаҳои варзишӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҶАЛБИ ҶАВОНОН БА ФУТБОЛ
Дар асоси Фармоиши мудири шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷайҳун таҳти № 14/3 аз31 январи соли 2020 нақшаи чорабиниҳои шуъбаи маориф, бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия ва Кумитаи Иттифоқи касабаи кормандони соҳаи маориф ва илм «Оиди ташкил ва гузаронидани мусобиқаи варзишӣ оид ба футболи хурд байни омӯзгорон ва кормандони техникии муассисаҳои таълимӣ ва МД «ЛКТ»…
НАШЪАМАНДИ ВА КАРОНАВИРУС
20 апрели соли ҷорӣ дар муассисаи таълимии №12-и Ҷамоати деҳоти «Ваҳдати миллӣ» чорабинӣ бахшида ба пешгирии нашъаманди миёни хонандагон гузаронида шуд. Дар чорабинии мазкур саҳначаҳои тарбиявӣ, бозиҳои варзиши миёни хонандагон ва маърузаҳо оиди нашъаманди ва пешгирии каронавирус пешкаши падарону модарон ва хонандагон карда шуд.