Мусобиқаҳои варзишӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҶАЛБИ ҶАВОНОН БА ФУТБОЛ

Дар асоси Фармоиши мудири шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷайҳун таҳти № 14/3 аз31 январи соли 2020 нақшаи чорабиниҳои шуъбаи маориф, бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия ва Кумитаи Иттифоқи касабаи кормандони соҳаи маориф ва илм «Оиди ташкил ва гузаронидани мусобиқаи варзишӣ оид ба футболи хурд байни омӯзгорон ва кормандони техникии муассисаҳои таълимӣ ва МД «ЛКТ» ба «Наврӯз-2020» ва истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд.

Оиди  гузаронидани мусобиқаи варзишӣ мувофиқи Низомнома дар 5 минтақа суръат гирифт, ки дар ин мусобиқа аз рӯи намуди бозии футболи хурд аз 40 муассисаи таълимии ноҳия зиёда аз 400 нафар фаъолона иштирок намуданд.

Мақсад аз баргузории мусобиқа ин баланд бардоштани завқи байни бозингарон,рушд ёфтани тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, ташвиқу тарғиботи соҳа дар ин самт ва дар амал татбиқ намудани «Барномаи рушди футбол дар ноҳияи Ҷайҳун барои солҳои 2017-2021» мебошад. Мусобиқаи бозии футболи хурд дар ду марҳила муайян карда шуда буд. Дар ин давра рафти бозии футболи хурдро сардовари мусобиқа Сорбон Муродов-мутахассиси пешбари бахши кор бо ҷавонон ва варзиш ва саркотиби мусобиқа Саъдӣ Насимов-мушовири шуъбаи маориф ба уҳда доштанд. Дастаҳои бозингарон бо либосҳои ягонаи варзишӣ аз 10 нафарӣ ва як мураббӣ иборат буданд, ки мусобиқаро мутобиқи қоидаи Федератсияи байналмилалии футболи хурд ба роҳ монда буданд.

Марҳилаи якум (минтақавӣ):

Ғолибони минтақаи 1: МТМУ № 14 ва МТМУ № 27;

Ғолибони минтақаи 2: МТМУ № 7 ва МТМУ 15;

Ғолибони минтақаи 3: гурӯҳи якум: МТМУ № 2 ва МТМУ № 28; гурӯҳи дуюм: МТМУ № 4 ва МТМУ № 8.

Ғолибони минтақаи 4: МТМУ № 30 ва МТМУ № 11;

Ғолибони минтақаи 5: МТМУ № 1 ва МД «ЛКТ».

Марҳилаи дуюм (ниҳоӣ) аз26 марти соли ҷорӣ дар майдони варзишии шаҳраки «Дӯстӣ» оғоз гардида ва 8 апрел бозӣ ба анҷом расид. Дар бозии футболи хурд дастаҳое, ки дар вақти бозӣ ба ягон талаботи Низомнома хатогӣ роҳ надода ва холҳои бештарро ба даст овардаанд,дар бозиҳои ниҳоӣ роҳхат гирифтанд. Ин ғолибон 12 дастаро дар бар мегирад.

Бозиҳои мазкур бо тарзи даврӣ дар ду гурӯҳ: А ва Б баргузор гаштанд.

Гурӯҳи А:

  1. МТМУ № 30
  2. МТМУ № 15
  3. МТМУ № 27
  4. МТМУ № 28
  5. МТМУ № 2
  6. МТМУ № 14

Гурӯҳи Б:

  1. МТМУ № 11
  2. МТМУ № 8
  3. МТМУ № 4
  4. МТМУ № 7
  5. МД «ЛКТ»
  6. МТМУ № 1

Дар натиҷаи бозиҳо ба нимниҳоӣ дастаҳои футболбозони муассисаҳои таълимии №№ 30, 11, 2 ва 4 роҳхат гирифтанд. Бозии якуми нимниҳоии бозингарони дастаҳои МТМУ № 30 ва МТМУ № 11 бо ҳам дар майдон қувваозмоӣ карда, натиҷаи бозӣ 6:0 ба фоидаи дастаи МТМУ № 30 анҷом ёфт. Бозии дуюми нимниҳоӣ дастаҳои МТМУ № 2 ва МТМУ № 4, ки боҳам бозӣ доштанд, доварони бозӣ дар натиҷа ҳисобро 3:2 ҷамъбастнамуданд. Дар ин бозӣ дастаи бозингарони МТМУ № 4 дастболо шуданд.

Дар бозиҳои ниҳоӣ барои ғолибияти ҷойи 3 дастаи МТМУ № 2 ва МТМУ № 11 дар майдон бо ҳам вохӯрӣ гузарониданд. Натиҷаи бозӣ бо ҳисоби доварон 7:4 ба фоидаи дастаи МТМУ № 2 анҷом ёфт. Барои ҷойи аввалро ба даст овардан дастаҳои бозингарони МТМУ № 30 ва МТМУ № 4 вохӯрӣ намуданд. Бозӣ хеле шавқовар гузашт, ки мухлисон ва тамошобинон аз тамошои бозии дастаҳо хеле ҳаловат бурданд. Натиҷаи бозии мазкур 6:2 ба фоидаи дастаи МТМУ № 30 анҷом ёфт.

Натиҷаи бозии дастаҳо дар ин мусобиқа чунин муайян гардиданд.

Ҷойи якум: дастаи МТМУ № 30

Ҷойи дуюм: дастаи МТМУ № 4

Ҷойи сеюм: дастаи МТМУ № 2

 Мукофотҳои омодашуда барои ғолибони бозии футболи хурд дар «Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон», ки рӯзи 23-май дар Қасри фарҳанг доир мегардад, ботантана тақдим карда мешаванд.

С. Насимов, мушовири шуъбаи маорифи ноҳия,

М.Сиярзода, мухбири «Ҷайҳун»