Ёди хизматҳои падар

Хизмати шоистаи инсон ҳамеша қадр карда мешавад. Номи неки ӯ ҳеҷ гоҳ аз хотираҳо дур намемонад. Номашро бо некӣ ёд мекунанду дар ҳақаш дуои хайр мехонанд. Шахсони барӯманди заҳматкаш дар дилу дидаи мардум маъво мегиранд. Дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ ҳар як соҳаи истеҳсолию иқтисодӣ, сохтмонӣ ё хоҷагии халқ, мутахассиси соҳибкасб ва сарвари бо фарҳанги худро дошт. Бо халқ якҷоя заҳмат мекашид ва ба зердастон дар рушду нумуи соҳа саъю талош намуда, тавсияҳои манфиатбахш медод, то ин ки аз натиҷаи ҷамъбасти заҳматкашон иҷрои нақшаашонро баланд бардошта, манфиати бештаре ба даст биёранд.

Соҳаи зироатпарварии геран – анҷибар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамагӣ дар ду ноҳия парвариш карда мешуд ва аз он равғани қиматбаҳои эфир ба даст меоварданд. Парвариши он фақат дар шаҳри Турсунзода ва ноҳияи Қумсангир (Ҷайҳун) ба роҳ монда шуда буд. Таъминоти молиявӣ ва техникаҳои гуногунтамғаи коркарди ин зироат ва заводи истеҳсолии равғани эфирӣ аз маркази собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ-шаҳри Москва фиристода мешуд, чунки фурӯши равғани истеҳсолшудаи эфириро аз анҷибар худи «марказ» қабул карда, аз озмоишгоҳи махсуси саноатии стандарти давлатӣ гузаронида, ба бисёр кишварҳои хориҷии ҷаҳон ба фурӯш мебаровард. Даромади аслии ин зироатро худи «марказ» соҳиб буд.

Яке аз деҳқони асили соҳаи геранпарварӣ, сардори бригадаи геранпарварӣ Файз Наҷмиддинов (рӯҳаш шод бод) дар ин соҳа таҷрибаи ғанӣ дошт. Ӯ ҳамасола чӣ дар кишту кори барвақтӣ, чӣ дар парваришу коркард, ҷамъоварии истеҳсоли равғани аълосифати эфирӣ дар совхоз намунаи ибрати дигарон буд. Дар ҷамъбасти ҳисоботи солона Ф. Наҷмиддиновро барои корҳои хушсифат ва истеҳсоли баланди ҳосили анҷибар дар иҷроиши нақшаи солона аз тарафи Ҳукумати кишвар ва вилоят бо Ифтихорномаю мукофотҳои пулӣ қадрдонӣ мекарданд. Ӯ инсони хеле софдилу меҳнатдӯст буд.

Ба хотири гиромидошти меҳнати падар ва шод намудани арвоҳи ӯ фарзандон то ба имрӯз дар қитъаи замини наздиҳавлигиашон чанд буттаи ниҳоли анҷибарро сабзонда, парваришу нигоҳубин мекунанд (ҳол он ки зиёда аз 20 сол боз инҷониб соҳа аз байн рафтааст).