Соли 1994 бо қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, давлати мо ҳамчун давлатӣ демократӣ ва ҳуқуқбунёд эътироф карда шуд. Дар давлати демократӣ, халқ сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ буда, онро бевосита ва ё ба воситаи вакилони худ амалӣ мегардонад ва ифодаи олии бевоситаи ҳокимияти халқ, ин раъйпурсии умумихалқӣ ва интихобот аст. Ҳамчун давлати ҳуқуқбунёд эътироф шудани Тоҷикистон маънои ба ҳуқуқ ва пеш аз ҳама, ба Конститутсия тобеъ будани ҳама гуна фаъолияти мақомоти давлатӣ, шахсони воқеъӣ ва ҳуқуқиро дорад. Волоияти қонун, риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, таҷзияи ҳокимият, нишонаҳои асосии давлати ҳуқуқбунёд мебошанд. Яъне дар ҷумҳурии мо тамоми муносибатҳои ҷамъиятӣ, тавассути ин ё он қонун ба танзим дароварда шуда, ҳангоми риоя нагардидани қонун аз тарафи шаҳрвандон, мақомотҳои давлатӣ ва дигар ташкилоту идораҳо, тарафи зарардида ё ҷабридида ҳуқуқ дорад барои ҳимоя намудани ҳуқуқу манфиатҳояш ба суд ё мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва дигар мақомотҳои дахлдор муроҷиат намояд.
Моҳияти давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёдро хуб дарк карда, ҳар як шаҳрванди кишварамонро мебояд аз меъёрҳои қонунҳои қабулкардаамон ба қадри имкон бо хабар шуда, мутаасил ба мутолиаи қонунҳо машғул шаванд ва дар ҳолати пайдо шудани мушкилот дар ҳалли қонунии ин ё он масъала, аз кумаки адвокатҳо ва ҳуқуқшиносони Бюроҳои давлатии ҳуқуқӣ истифода баранд, вагарна бо мушкилотҳои зиёд ру ба ру шуданашон мумкин аст. Масъалан, ҳангоми бекор кардани ақди никоҳ зану шавҳар бояд байни худ бояд масъалаҳоиҷои зисти кудакон, тақсим кардани молу мулки муштарак, баргардонидани молу мулки шахсии ҳамдигарро ҳал намоянд, вале айни замон дар ҷомеъаи мо, қариб ки бештари оилаҳои пошхӯрда, дар тақсимоти бо адолатона ва қонунии молу мулкашон ба созиш омада натавониста, барои ҳифзи ҳуқуқи моликияташон ба ҳимояи судӣ ру меоранд, ки ин ҳолат бевосита аз паст будани маърифати ҳуқуқӣ ва оиладории шаҳрвандон шаҳодат медиҳад.
Мувофиқи моддаи 34 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон: «Молу мулке, ки зану шавҳар дар давраи заношӯӣ ҷамъ кардаанд, моликияти муштараки онҳо мебошад». Дар бештари ҳолатҳо зану шавҳар фурсати соҳиби моликияти муштарак шуданро наёфта, ҷудо мешаванд. Агар зану шавҳар дорои моликияти муштарак набошанд, пас ҳар як тараф бояд чизу чораи шахсии тарафи дигарро баргардонад. Мувофиқи моддаи 36 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон: «Молу мулке, ки ба зану шавҳар то ақди никоҳ тааллуқ дошт, инчунин молу мулке, ки дар давраи заношӯи зан ё шавҳар ҳамчун ҳадя ё мерос гирифтааст, моликияти ҳар кадоми онҳо мебошад. Ашёи истифодаи шахсӣ (либос, пойафзол ва ғайра), ба истиснои ҷавоҳирот ва асбоби дигари зебу зинат, гарчанде дар давраи заношӯи аз ҳисоби маблағҳои умумии зану шавҳар ба даст оварда шудаанд, моликияти шахсии ҳар кадоме аз зану шавҳар ба ҳисоб мераванд». Бинобар ҳамин, ба шумораи молу мулки шахсӣ, ҳамчунин «қалинг» ё «маҳр»-е, ки тибқи қоидаю талаботи динӣ ва мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба сифати туҳфа ба арӯс дода мешавад, низ шомил мешавад. Аммо шаҳрвандони мо ба меъёри муқаррарнамудаи қонунҳои кишварамон нигоҳ накарда, баъди бекор кардани ақди никоҳ ё додани талоқ, маблағи пулии ба сифати маҳр-туҳфа ба арӯс додашударо пас талаб мекунанд, ё ин ки чизу чорае, ки зан бо маблағи маҳр харидорӣ намудаасту ҳангоми барпо намудани тӯйи арӯсӣ ба хонаи шавҳар овардааст, ба зан баргардонидан намехоҳад, ки ин боиси саргардониҳои зиёди дар ба дари мақомотҳои судӣ шудани ҳар як зан-модари соҳиби фарзандони ноболиғ мегардад, ки ин вазъият дар оянда муносибати собиқ ҳамсаронро боз ҳам пур аз кинаву бадбинӣ гардонида, ба амалӣ шудани ҳуқуқи фарзандони ноболиғ оиди муоширату дидорбинӣ намудан ба падар ё модари аз ӯ ҷудо зиндагӣ мекарда, инчунин ба гирифтани алимент аз падар халали ҷиддӣ мерасонад. Пас тамоми навхонадорон ва ҳамсаронро мебояд ба муносибати оиладорӣ ҷиддӣ рафтор намуда, аз оқибатҳои қонунии бастани ақди никоҳ, додани туҳфа ё маҳр ба арӯс, инчунин аз моҳияти моликияти муштараки ҳамсарон, моликияти шахсии ҳамсарон огоҳ шуда, баъдан ба иҷрои ин ё он амал даст зананд.
Саидбегим Мирзошозода, ҳуқуқшиноси калони Бюрои давлатии ҳуқуқӣ дар ноҳияи Ҷайҳун
Хуш омадӣ, баҳори нозанин!
Боз омад ин баҳори гулфишон,
Бар диёри пурфайзи тоҷикон.
Ҷумла меболад ҳар хурду калон,
Хандаи ширини лаҳни модарон.
Ай баҳори нозанин, хуш омадӣ!
Ай арӯси сол, хуш омадӣ!
Бо ҳазорон нағмаю соз омадӣ,
Назди ошиқ бо ниёзу роз омадӣ,
Ҷумла деҳқон сарфарозӣ мекунад,
Донаи ризқ бар замин ҷо мекунад.
Серию пурӣ зи деҳқон мешавад,
Хони мардум пур аз ганҷ мешавад.
Аз куҷо беранҷ ганҷ ҳосил шавад,
Аз куҷо беранҷ роҳат ҳосил шавад.
Зиндагиро бо амал обод мекунем,
Бо амал Ватанро обод мекунем.
Алӣ Имомов, омӯзгори МТМУ № 5
Сар мешавад баҳорон
З-овози андалебон, сар мешавад баҳорон,
Во шуда ғунча хандон, сар мешавад баҳорон.
Бо сабзаҳои навхез, бо накҳати дилангез,
Бо лолаҳои хандон, сар мешавад баҳорон.
Бо мурғакони хушхон, ҳар субҳ дар гулистон,
Шир-шири садои борон, сар мешавад баҳорон.
Аз гармии шабонгаҳ, гар мешавӣ то огаҳ,
Аз нури шамси тобон, сар мешавад баҳорон.
Гулдухтарон ғазалхон, сар то ба по гулафшон,
Бо кокули парешон, сар мешавад баҳорон.
Хушбахт марди деҳқон, сӯи саҳро шитобон,
Бо файзи марди деҳқон, сар мешавад баҳорон.
Аз чеҳраҳо намоён, аз ҷуфт-ҷуфт ёрон,
Аз шодиҳои тифлон, сар мешавад баҳорон.
Навзод барра хонад, то аз рама намонад,
Ҳам аз навои чӯпон, сар мешавад баҳорон.
Бо қалби пур зи эҳсон, ҳар мисраъи адибон,
Бо шавқу шӯру афғон, сар мешавад баҳорон.
Латофат Собирова
=Санҷиши қалам=
Деҳи ман
Дар пушта деҳи мо,
Ҷояш аҷоибзебо.
Дар паҳлуяш руди равон,
Дорад ду ҳавзи калон
***
Гиряи додарам
Ба кор равад модарам,
Гиря кунад додарам.
Шеър хонам аз Алифбо,
То ором шавад додарам.
***
Панди модар
Аз мактаб биёям,
Либосҳоямро овезам.
Дасту рӯям бишӯям,
Дасти модар бибӯсам.
Шинам сари дастархон,
Дар паҳлуи Имронхон.
Баъди хӯрдани нону кулча,
Гуфто ин калом оча:
Садқат шавам бача,
Бозӣ накун дар кӯча.
Дарсҳоро тайёр кунед,
Шеъратро аз ёд кунед.
Анушервон Гулмуродов, хонандаи синфи 3 МТМУ № 1