ХУД ВА НАЗДИКОНРО СОЛИМ НИГОҲ ДОРЕД АЗ БЕМОРИИ СИРОЯТИИ КОРОНАВИРУС

Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади пешгирӣ аз бемории сироятии коронавирус масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун корҳои фаҳмондадиҳӣ ва тақсимоти ниқобҳо ва маводҳои таблиғотӣ бо усули “хона ба хона” оид ба пешгирии ин вирус ва ҳамчунин истифода бурдани оқилона ва мақсадноки заминҳои наздиҳавлигӣ ва хоҷагиҳои ёрирасон дар байни сокинони деҳаи Хайробод ба роҳ монда шуд.

Масулин дар рафти чорабинии мазкур қайд намуданд ки, имрӯз тамоми ҷомеаи ҷаҳон аз хатари паҳншавии коронавирус (СOVID-19) дар таҳлука афтодааст. Ҳол он ки афзоиши ин беморӣ дар сайёра дар пайи муборизаи дастаҷамъии сокинон ва сохторҳои зидаҳл рӯз аз рӯз тамоюли пастшавиро касб карда, ҳаёт ба маҷрои пештара бармегардад. Дигар ҷойи тарсу ҳарос ва ба таҳлука таҳрик намудани мардум нест. Бояд дар муқобили ин беморӣ мо-ҳамагон аз сари масъулият ва ҷаҳонбинии васею фарҳангу ҳуввияти миллӣ мубориза барем. Чунки таҷрибаи ҷаҳонӣ собит кардааст, ки мубориза ба муқобили ин беморӣ танҳо ва танҳо дар якдигарфаҳмию ҳамгироӣ ва риояи беҳдошти шахсию хонаводагист. Илова бар ин, вобаста ба истифодаи мақсадноки замин масъулин таъкид доштанд, ки дар сурати истифодаи дурусти замин мо метавонем маҳсулоти кишоварзиро дар бозорҳои кишвар таъмин сохта, нарху навои онро бошад, муътадил нигоҳ дорем.