28 май дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Ҷайҳун Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо нашъунамои зироатҳои кишоварзии Хоҷагии деҳқонии “Одили Ҷалолиддин” ва боғи “Абдураҳмони Ҷомӣ” шинос шуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки Хоҷагии деҳқонии “Одили Ҷалолиддин” аз соли 2011 таъсис ёфта, майдони умумии онро 6 гектар замини корами обӣ ташкил медиҳад. Айни замон саҳмдорон дар майдони 1 гектар полезӣ, 2 гектар пиёз, 1 гектар пахта ва 2 гектар маккаи дон кишт намудаанд, ки нашъунамои хуб доранд.
Хоҷагии мазкур ҳамасола бо бардоштани ҳосили фаровон дар таъмини бозори дохилии мамлакат бо маҳсулоти кишоварзӣ нақши назаррас дошта, маҳсулоти он ба хориҷи кишвар низ содирот карда мешавад.
Бино ба таъкиди Пешвои миллат, кишоварзону саҳмдорон вобаста ба вазъи имрӯзаи ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд масъулияти зиёдтар дошта бошанд ва барои таъмини бозорҳои дохилӣ бо маҳсулоти тару тозаи ватанӣ саҳми бештар гузоранд.
Қобил ба зикр аст, ки дар ноҳияи Ҷайҳун ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои мушаххас амалӣ гардида, аз ҳисоби заминҳои бекорхобида майдони кишти картошкаву пиёз ва дигар зироати ғалладонагиҳо зиёд карда шудааст.
Ҳамчунин дар ҳаминҷо Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз шафтолубоғи Хоҷагии деҳқонии “Абдураҳмони Ҷомӣ” дидан карданд. Зимни боздид Сарвари давлат ба саҳмдорон барои дастгирии ҳадафҳои давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати истифодаи оқилонаи замин изҳори сипос намуда, ба фаъолияти боғдорон баҳои баланд доданд.
Мавриди зикр аст, ки боғи мазкур ҳанӯз соли 2011 аз ҷониби деҳқони асил Мақсуд Маҳмудов таъсис ёфта, майдони умумии онро 1,5 гектар шафтолубоғи навъҳои “Лола” ва “Саидаҳмадӣ” ташкил медиҳад.
Иттилоъ дода шуд, ки аз як дарахт ҳар сол ба ҳисоби миёна аз 40 то 50 килограмм ҳосил ба даст оварда мешавад. Нақши хоҷагии деҳқонии мазкур низ дар таъмини бозори дохилӣ бо меваи тару тоза хеле назаррас буда, хоҷагидорон бо зиёд намудани майдони боғ ҳадаф доранд, ки маҳсулоти худро ба хориҷи кишвар низ содирот намоянд.
Роҳбарияти Хоҷагии деҳқонии “Абдураҳмони Ҷомӣ” ҷиҳати истифодаи самараноки ҳар як ваҷаб замини корами обӣ тадбирандешӣ карда, дар майдони зери боғ хӯроки чорво низ парвариш намуданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз заҳмати суботкоронаи соҳибкорону хоҷагидорон ҷиҳати саҳмгузорӣ дар амнияти озуқавории кишвар ва рушди соҳаи боғпарварӣ изҳори қаноатмандӣ карда, ба боғдорону зироаткорон ҷиҳати рушд додани соҳа дастуру ҳидоятҳои муфид доданд.
Дар навбати худ саҳмдорон ваъда доданд, ки ҷавобан ба таваҷҷуҳу ғамхории зиёди Сарвари давлат нисбат ба марди деҳқон, талош хоҳанд кард, ки дар таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти хушсифат ҳиссаи бештар гузоранд.
Боз нашр аз сомонаи: http://prezident.tj/node/22998