Ҳозирини гиромӣ!
Дар ҷараёни сафари қаблии мо ба ноҳияи Ҷайҳун, ки се сол пеш сурат гирифта буд, чандин иншооти истеҳсоливу иҷтимоии навбунёдро ба истифода супорида, доир ба вусъати бештар бахшидан ба корҳои ободониву бунёдкорӣ дастуру супоришҳои мушаххас дода будем.
Таассуроте, ки мо имрӯз аз вазъи корҳо дар хоҷагиҳои кишоварзӣ, инчунин, намоишгоҳи маҳсулоти парваришкардаи деҳқонони ноҳия бардоштем, бори дигар собит менамояд, ки сокинони заҳматқарини ноҳияи Ҷайҳун барои таҳкими пояҳои иқтисодии давлатамон содиқона кору фаъолият карда истодаанд.
Аз ободиву пешрафти имрӯзаи ноҳия дида мешавад, ки тадбирҳои амалинамудаи Ҳукумати мамлакат доир ба баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум самараҳои нек дода истодаанд.
Бояд гуфт, ки бо мақсади баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум, бунёду барқарорсозии корхонаҳои истеҳсоливу иншооти иҷтимоӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳияи Ҷайҳун барои солҳои 2016 – 2020 амалӣ гардида истодааст, ки дар доираи он татбиқи 194 лоиҳа ба маблағи 164 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст.
Аз таҳлилҳо бармеояд, ки то имрӯз ҳамагӣ 57 лоиҳа ба маблағи 83 миллион сомонӣ амалӣ шудааст, ки 51 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.
Бо дарназардошти он, ки то охири муҳлати татбиқи барнома ҳамагӣ 7 моҳи дигар боқӣ мондааст, роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияро зарур аст, ки ҳамкориро бо вазорату идораҳои дахлдор ва бахши хусусӣ ҷиҳати дарёфт намудани сармоя барои татбиқи лоиҳаҳо ба таври ҷиддӣ тақвият бахшида, иҷрои барномаро дар муҳлатҳои муайяншуда таъмин намоянд.
Бо мақсади ҳалли масъалаҳои соҳаҳои кишоварзӣ, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, инчунин, энергетика дар ноҳия 5 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ амалӣ гардида истодааст, ки маблағи умумии дар доираи онҳо то моҳи апрели соли 2020 азхудшуда беш аз 18 миллион сомониро ташкил медиҳад.
Имкониятҳои ноҳияҳои водии Вахш, аз ҷумла Ҷайҳун дар самти рушди истеҳсолоти саноативу кишоварзӣ, махсусан, коркарди маҳсулот, баланд бардоштани ҳосилнокии замин, рушди сайёҳӣ ва дигар намудҳои хизматрасонӣ зиёданд ва зарур аст, ки ба ин соҳаҳо сармояи ватаниву хориҷӣ ба таври васеъ ҷалб карда шавад.
Бо дарназардошти мавҷудияти гузаргоҳи байналмилалӣ ва бозори наздисарҳадӣ дар ноҳияи Ҷайҳун мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, ноҳияи Ҷайҳун, ҳамаи ноҳияҳои водии Вахш ва дигар мақомоти дахлдори давлатиро зарур аст, ки дар самти ташкили иншооти сайёҳӣ, махсусан, бунёди меҳмонхонаҳо ва ҳамзамон бо ин, таъсиси инфрасохтори ҳамлу нақл ва дигар иншооти ба рушди сайёҳӣ ва хизматрасонӣ мусоидаткунанда тадбирҳои мушаххас андешанд.
Пешниҳоди қарзҳои дарозмуддат яке аз роҳҳои муҳимми дастгирии соҳибкории истеҳсолӣ буда, барои ин бояд сатҳу сифати хизматрасониҳои бонкӣ боз ҳам баланд бардошта шавад.
Дар чор моҳи соли 2020 дар ноҳия ҳаҷми қарзи аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ додашуда 24,5 миллион сомониро ташкил додааст. Умуман, дар ҳафт соли охир барои рушди соҳибкорӣ ва дастгирии соҳаи кишоварзӣ 142 миллион сомонӣ қарзҳои имтиёзнок дода шудаанд, ки бо дарназардошти имкониятҳои ноҳия ва талабот ба воситаҳои молиявӣ ҳанӯз нокифоя мебошад.
Вобаста ба ин, Бонки миллиро зарур аст, ки якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани дастрасии аҳолӣ ва соҳибкорон ба воситаҳои молиявӣ ва баланд бардоштани фаъолнокии иқтисодии мардум чораҳои амалиро роҳандозӣ намояд.
Ҳоло дар ҳудуди ноҳия 10 корхонаи саноатӣ дар самтҳои истеҳсоли масолеҳи сохтмон, хӯрокворӣ, дӯзандагӣ ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ фаъолият дорад, ки ин низ қонеъкунанда нест.
Дар баробари ин, фаъолияти корхонаҳои саноатии ноҳия дар самти таъмини сифати маҳсулоти истеҳсолшаванда ва истифодаи пурраи захираву имкониятҳои мавҷуда то ҳанӯз ба талаботи рӯз ҷавоб дода наметавонад.
Ҳукумати мамлакат бо мақсади таъмин кардани рушди саноати кишвар, бахусус, шаҳру ноҳияҳои водии Вахш, аз ҷумла Ҷайҳун минтақаи озоди иқтисодии “Панҷ”-ро таъсис дода, дар давоми даҳ сол аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ барои нигоҳдорӣ ва сохтмони инфрасохтори аввалиндараҷаи ин минтақа 9,6 миллион сомонӣ равона намудааст.
Гарчанде дар ин минтақаи озоди иқтисодӣ 20 ширкат ҳамчун субъект ба қайд гирифта, ба маблағи 17 миллион сомонӣ сармоя ҷалб карда шудааст, вале имкониятҳои истифоданашудаи он ҳоло ҳам зиёданд.
Зеро ин минтақа дар мавзеи наздисарҳадӣ ҷойгир буда, дорои иқтидори калони таъмин намудани бозори ҳам дохилӣ ва ҳам хориҷӣ мебошад.
Бинобар ин, роҳбарони Вазорати рушди иқтисод ва савдо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳия вазифадоранд, ки тавассути ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ ва воридоти технологияҳои навтарин суръатбахшии раванди ташаккул ва рушди минтақаро таъмин намоянд.
Ҳамчунин, роҳбарони вилоят ва шаҳру ноҳияҳои водии Вахш вазифадор карда мешаванд, ки дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдор барои истифодаи пурраи иқтидорҳои истеҳсолӣ, таъсиси корхонаҳои нав ва фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ барои сокинон, инчунин, ҷиҳати бартарафсозии монеаҳои рушди соҳибкорӣ тадбирҳои мушаххас андешанд.
Зеро водии мазкур доир ба ташкили иқтидорҳои нави коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, таъмини бозори дохилӣ, содироти маҳсулот ва ташкили ҳазорҳо ҷойи корӣ имкониятҳои васеъ дорад.
Соҳаи кишоварзии ноҳияи Ҷайҳун, ки дар он зиёда аз 19 ҳазор нафар аҳолии қобили меҳнат фаъолият дорад, барои таъмини талаботи бозори истеъмолии мамлакат, бахусус, бо ҳосили зироатҳои барвақтӣ нақши бузург мебозад.
Аз майдони умумии заминҳои кишоварзии вилоят беш аз 4 фоиз ва қариб 6 фоизи замини обӣ ба ноҳияи Ҷайҳун рост меояд ва дар ноҳия 6 фоизи ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзии вилоят истеҳсол мегардад.
Қобили зикр аст, ки ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзии ноҳия дар чор моҳи соли 2020 назар ба ҳамин давраи соли гузашта қариб 50 фоиз афзоиш ёфта, истеҳсоли сабзавоти барвақтӣ, асосан, пиёз нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 55 фоиз зиёд шудааст. Ба санаи 22 майи соли ҷорӣ аз ноҳия ба хориҷи кишвар 5600 тонна пиёзи барвақтӣ содирот шудааст, ки ҳоло ҳам кам аст.
Яке аз сабабҳои асосии чунин вазъ дар он аст, ки дар ноҳияҳои вилоят механизми содироти маҳсулот ҳанӯз ба таври кофӣ коркард нашудааст ва аз сохтору мақомоти дахлдор тақозо менамояд, ки дар ин самт чораҳои таъхирнопазир андешанд.
Барои рушди соҳаи кишоварзии шаҳру ноҳияҳои водии Вахш аз ҷониби иттиҳодияи аграрии “Водии заррин” дар самти барқарорсозӣ ва бунёди пойгоҳҳои обкашӣ, ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳо, бунёди иншооти обёрӣ, корхонаҳои коркарди пахта ва шолӣ, хатҳои обгузар, интиқоли барқ ва дигар иншооти инфрасохтори иҷтимоӣ ҳоло чандин лоиҳа бо ҷалби беш аз 1,1 миллиард сомонӣ мавриди татбиқ қарор дорад.
Дар ноҳияи Ҷайҳун аз ҷониби иттиҳодияи мазкур 6700 гектар заминҳои бекорхобида ба гардиши кишоварзӣ ворид гардида, ҳоло дар онҳо кишти зироатҳои гуногун ба роҳ монда шудааст ва ҳазорҳо нафар бо ҷойи корӣ таъмин гардидаанд.
Аммо такроран таъкид месозам, ки захираву имкониятҳои шаҳру ноҳияҳои водии Вахш ҳанӯз зиёд буда, барои истифодаи самараноки онҳо ба кор андохтани иқтидорҳои нав зарур аст.
Бо мақсади ҳарчи беҳтар таъмин намудани бозори дохилӣ ва зиёд кардани ҳаҷми содироти маҳсулоти барвақтӣ роҳбарону мутахассисони шаҳру ноҳияҳои водии Вахш ва хоҷагиҳои кишоварзиро зарур аст, ки бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда майдони кишти зироатҳои барвақтӣ ва кишти такрориро боз ҳам афзоиш диҳанд.
Дар ноҳия бунёду барқарорсозии сардхонаҳо ва анборҳои захираву нигоҳдории маҳсулоти кишоварзӣ барои фаслҳои тирамоҳу зимистон аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарин мебошад.
Аз ин лиҳоз, роҳбарони вилоят ва ноҳия, Вазорати кишоварзӣ ва Иттифоқи “Тоҷикматлубот” дар ҳамкорӣ бо соҳибкорон ва хоҷагиҳои деҳқонӣ бояд аз ҳозир сар карда, барои захираву нигоҳдории маҳсулоти кишоварзӣ ва таъмини бозори истеъмолӣ дар фасли зимистони солҳои 2020 – 2021 чораҷӯӣ намоянд.
Ҳамчунин, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои он, Вазорати кишоварзӣ, Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ, Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ вазифадор карда мешаванд, ки беҳтар гардонидани ҳолати мелиоративии заминҳо, пешгирӣ кардани партовшавии заминҳои корам ва истифодаи самараноки онҳоро таъмин намоянд.
Роҳбарияти вазоратҳои маориф ва илм, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳия, инчунин, вазифадоранд, ки ҷиҳати бартараф намудани масоили ҳалталаби соҳаи маорифу тандурустӣ, аз ҷумла бо ҷалби соҳибкорон ва аҳолӣ таъмиру таҷдид кардани муассисаҳои таълимӣ, беморхонаву бунгоҳҳои тиббӣ ва фароҳам овардани шароити мусоиди донишомӯзӣ барои наврасону ҷавонон ва беҳтар ба роҳ мондани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ тадбирҳои иловагиро роҳандозӣ намоянд.
Хусусан, дар шароити имрӯза, ки паҳншавии бемории коронавирус боиси ташвишу нигаронии мардуми сайёра, аз ҷумла сокинони кишвари мо гардидааст, ҳалли масъалаҳои беҳтар кардани таъминоти муассисаҳои тандурустӣ аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимтарини роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо мебошад.
Дар робита ба ин, бо истифода аз ширкати роҳбарону намояндагони сокинони шаҳру ноҳияҳои водии Вахш бори дигар зарурати аз ҷониби ҳар як шахс риоя гардидани қоидаҳои беҳдошти шахсиву ҷамъиятӣ ва тавсияҳои табибону мутахассисонро хотирнишон менамоям.
Ҳамдиёрони азиз!
Тавре, ки дар суханрониву вохӯриҳои худ доим таъкид месозам, дар марҳалаи кунунии рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар ҷалби мардум ба корҳои созандаву ободгарона, ҳифзи дастовардҳои истиқлол, таҳкими сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи масъулини вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, фаъолон ва аҳли зиё мебошад.
Мову шумо ҳоло дар давраи омодагӣ ба ҷашни бузургу муқаддаси миллиамон – сисолагии истиқлоли давлатии Тоҷикистони азизамон қарор дорем.
Ҳамаи мо вазифадорем, ки барои дар сатҳи баланд ҷашн гирифтани ин санаи воқеан сарнавиштсозу таърихӣ саъю талош намоем.
Ҳар яки мо бо дарназардошти вазъи ноороми ҷаҳони муосир ҳамеша ҳушёр ва барои ҳимояи манфиатҳои миллату давлатамон омода бошем, суннатҳои неки миллиамон, аз ҷумла сарфаю сириштакориро риоя кунем, фарзандонамонро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ифтихор аз Ватану давлати соҳибихтиёри тоҷикон ва худшиносиву худогоҳии миллӣ тарбия намоем.
Бовар дорам, ки мардуми сарбаланди ноҳияи Ҷайҳун анъанаҳои неки аҷдодиамонро идома бахшида, бо сарҷамъиву муттаҳидӣ минбаъд низ саҳми босазои хешро барои пешрафту ободии кишвари соҳибистиқлоламон дареғ намедоранд ва ба дастовардҳои боз ҳам бештари иҷтимоиву иқтисодӣ ноил мегарданд.
Ҳоло вақти ҷамъоварии ҳосил, аз ҷумла меваю сабзавот, полезиҳо ва зироатҳои дигар мебошад.
Зарур аст, ки кулли роҳбарону мутахассисон ва хоҷагиҳои деҳқонӣ ба ин масъала эътибори ҷиддӣ дода, доир ба вусъат додани кишти такрорӣ, захираи маҳсулот, содироти он, инчунин, густариши корҳои ободониву созандагии ба нақша гирифташуда ба хотири пешрафту ободии Тоҷикистони маҳбубамон чораҳои иловагӣ андешанд ва мардумро ба корҳои созанда ҳидоят ва сафарбар созанд.
Барои амалӣ гардидани ҳадафу нақшаҳои неку созанда ба кулли сокинони ватандӯсту сарбаланд ва заҳматқарини ноҳияи Ҷайҳун барору муваффақият ва хонаи ободу рӯзгори пурфайз орзу менамоям.
Ҳамеша саломату сарбаланд бошед!
Боз нашр аз сомонаи: http://prezident.tj/node/23002