КОРОНАДУРӮҒИ ИФРОТГАРОЁН БО МАҚСАДИ ФИРЕБИ МАРДУМ

Дар замони муосир тули солҳост, ки бар асари ҷангҳои иттилоотии гурӯҳҳои террористию экстремистӣ бо нерӯҳҳои ҷонибдори сиёсати давлатҳои алоҳидаи сайёра, алалхусус Тоҷикистон вазъи геополетикии ҷаҳон комилан хароб гардидааст. Бояд гуфт, ки бо мақсади коста гардонидани вазъи дохилии давлатҳои алоҳида, гурӯҳҳои террористӣ дар сомонаҳои интернетӣ мавоҳои иғвоангези теғадор пехш менамоянд, ки тавре ба ҳамагон рӯз барин равшан аст, мехоҳанд тавассути таблиғот халқро безобита сохта, ба ҳадафи нопокашон бирасанд (яъне мехоҳанд давлати мавриди ҳадафашон қарордоштаро ба парокандагӣ дучор оваранд).

Бояд тазаккур дод, ки муддати зиёда аз панҷ моҳ мешавад, ки ҷомеаи ҷаҳониро зуҳури вируси Covid-19 бо номи коронавирус ба ташвиш овардааст, ки мавҷудияташ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ тасдиқ гардид. Бино ба маълумоти Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ, то оғози моҳи майи соли равон дар ҷаҳон шумораи гирифторони бемории Covid-19 аз марзи ду миллион нафар убур намудааст ва тибқи гузориши манбаъҳои иттилоотии байналмилалӣ, ин беморӣ ҳоло дар саросари ҷаҳон дар ҳоли паҳн шудан қарор дорад ва талафоти инсониву иқтисодиро дар пай дорад. Рӯзҳои охир мавридҳои гирифтор шудан ба ин беморӣ анқариб дар бисёре аз кишварҳои олам ба назар мерасад. Вобаста ба анаҳамин масъала дар сомонаҳои интернетӣ гурӯҳҳои террористии муқобили сиёсати Тоҷикистони соҳибистиқлол амалкунанда, сару садоҳои зиёд бардошта, мехоҳанд сокинони кишварро бо усули маъмулашон фанду фиреб бидиҳанд.

Сароғоз бояд қайд намуд, ки ҳар офату балое, ки ба сари инсоният меояд, хос аз ҷониби Худованд аст ва инсон ё худ мусулмон бояд ба якдигар изҳори ҳамдардӣ баён кунанд ё дасти ёрӣ дароз намоянд. Вале бо вуҷуди ин ҳама тадбирҳои фарогири Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомотҳои иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳо ва шаҳру навоҳи кишвар ҷиҳати пешгирӣ аз ин бемории сироятӣ, боз гурӯҳчаҳои сиёҳкори террористӣ ба сӯи Ватан санги маломат мезананд, ки гӯё дар Тоҷикистон ягон чораҳои профилактикии зидди эпидемияи  Covid-19 андешида нашудаасту фалону беҳмадон…

Гуфтан ба маврид аст, ки масъулини мақомотҳои иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва бахшҳои тандурустии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ хоса ноҳияи Ҷайҳун ба хотири пешгирӣ аз бемории сироятии навъи Covid-19 ба мардум муроҷиат намуда, тавсия медиҳанд, ки нисбат ба чунин вазъият бетаваҷҷуҳ набошанд ва аз ҳама гуна амале, ки ба саломатии ҷисмонӣ ва равониашон зарар дорад, худдорӣ намоянд. Ҳамзамон ба риояи назофат ва гигиенаи шахсӣ диққати ҷиддӣ дода, ба тозагии хӯрок, ҷойи хобу фазои хона, дур кардани партовҳо аз муҳити зист, ҳамеша шустани дастҳо, пок кардани дандонҳо бо хамираи дандоншӯӣ аҳамияти аввалиндараҷа диҳанд.

Ҳамчунин тамоми беморхонаҳои кишвар таҳти роҳбарии Асосгузории сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои қабули гирифторони ин беморӣ дар ҳоли омодабош қарор доранд ва ҳамаи онҳо ба пуррагӣ бо маводҳои дорувории зидди вирусӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомотҳои дахлдор таъмин гардидаанд. Гузашта аз ин дар сохторҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомотҳои иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳо ва шаҳру навоҳии кишвар Ситод оид ба пешгирии эпидемияи Covid-19 таъсис дода шудааст, ки ҳамарӯза ҷиҳати пешгирии ин бемории хатарзо чораҳои амалӣ аз ҷониби Ситод андешида мешавад.

Бояд гуфт, ки тибқи супориши раиси ноҳияи Ҷайҳун Одиназода Абдулҳафиз Абдусаттор ва дар асоси нақшаи чорабиниҳои Ситод оид ба пешгирӣ ва мубориза бо пандемияи сироятии навъи Covid-19 кормандони системаи пешгирии бемориҳои сироятии беморхонаи марказии ноҳия ҷиҳати пешгирии ин вируси хатарзо хона ба хона гашта, як қисмати аҳолиро тавассути радарҳои махсуси санҷиши назоратии ҳарорати бадан дидан намуданд, ки дар натиҷа то имрӯз касе дар ҳудуди ноҳияи Ҷайҳун ба гирифтории пандемияи сироятии навъи Covid-19 ба қайд гирифта нашудааст, ки ин иқдом дар тамоми қаламрави кишвар ба роҳ монда шудааст. Ҳамчун шахсоне, ки синашон аз шаст гузаштааст ба ҳар яки онҳо ниқобҳои муҳофизатии вирусӣ ройгон дастрас карда шудааст.

Бояд ёдовар шуд, ки масъулини бахшҳои тандурустии шаҳру навоҳии кишвар ба тамоми шаҳрвандони кишвар муроҷиат намуда, ҳушдор сохтаанд, ки шахсоне, ки дар худ таби баландро эҳсос мекунанд, аз рӯи масъулияти шаҳрвандӣ фавран ба табиби маҳалӣ муроҷиат намуда, то шифо ёфтан аз рафтан ба ҷойҳои ҷамъиятӣ ва серодам худдорӣ кунанд.

Хулоса, мардум бояд дарк кунад, ки имрӯзҳо дар қаламрави кишвар ба пуррагӣ чораҳои амалӣ ҷиҳати пешгирии ин эпидемия андешида шуда истодааст. Кушода шудани суратҳисобҳои махсус, таъсиси ситодҳои амалкунанда дар тамоми сохторҳои ҳокимияти давлатии шаҳру навоҳии кишвар ва пойбанд сохтани онҳо ба масъалаи пешгирии ин вабо, таъмини тамоми беморхонаҳои кишвар бо маводҳои доругӣ, дастгирии молиявии тамоми духтурон, дар даромадгоҳҳои шаҳру навоҳии кишвар ва даромадгоҳои тамоми сохторҳои давлатӣ гузоштани радарҳои санҷиши таб ва ба ҳайси раиси Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирии эпидемияи Covid-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тайин намудани Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Қоҳир Расулзода аз ҷумлаи тадбирҳои фарогири Ҳукумати мамлакат ба ҳисоб меравад.

Аз ин лиҳоз гуфта мешавад, ки тамоми маводҳои интишор намудаи гурӯҳҳои террористӣ бардурӯғанд ва бо мақсади сарнагун сохтани сокинони кишвар пахш гардидаанд.

Фарҳод Обидзода, роҳбари Гурӯҳи ҷавонони «Авангард» дар ноҳияи Ҷайҳун