Танҳо дар ду соли охир 320 номгӯй таҷҳизоти тиббӣ, фармасевтӣ ва технологияҳои навтарин барои истеҳсоли доруворӣ дар ҳаҷми 950 миллион сомонӣ ворид гардида, барои муассисаҳои тандурустии шаҳру ноҳияҳо 150 воситаи нақлиёти санитариву махсусгардонидашуда харидорӣ карда шудааст.
Ҳарчанд ки дар натиҷаи таъмин кардани муассисаҳои тиббии шаҳру ноҳияҳо бо таҷҳизоти муосир як қисми мушкилоти соҳа рафъ гардидааст, аммо сатҳу сифати хизматрасонӣ ба аҳолӣ ва савияи касбии кормандони миёна ҳоло ҳам ба беҳбудӣ ниёз дорад.
Навмед набояд шудан аз гардиши айём…
Ин миллати барӯманд дар гузашта тавонист бо кӯмаки фарзандони хирадманду донои хеш мушкилиҳои зиёдеро, ки ба сари мардум ва сарзамин меомаданд, бо оқиливу якдигарфаҳмӣ пушти сар намояд. Имрӯз ҳам дар қатори мардуми олам, кишвари азизамон як вабои дигареро дучор омадааст, ки дар сурати деви сиёҳ ба хонадони тоҷику тоҷикистониён сарзада, мехоҳад азизи дилеро аз ин манзил ба коми бало бикашад.
Таърих гувоҳаст, ки дар гузашта низ бемориҳои вабо, домана, табларза, хурӯсак, гул баровардан ва ғайраҳо дар сарзамини аҷдодиамон доман паҳн намуда, як муддат тавонистанд дар ин майдон худнамоӣ бикунад. Ба шарофати иродаи мустаҳками мардуми азизамон ва якдигарфаҳмии хешу табор, ҳамсояҳо, дӯстон, ки ҳар кадом зуд пушти дари бемор латтаи сурх баста, рафтуомадро дар ин хонадон манъ мекарданд ва ҳамзамон аз ҳоли онҳо як нафар аз ҳисоби пиронсолон ё ҷавоне, ки тарзу усули муносибат ва рафту оро дар ин ҳолат хуб медонист, ба хонаи бемор пайғом мебурд, бо хӯрок таъмин мекарду аз ҳолашон дар доираи талаботи тиббӣ бохабар мегашт ва рафтуомадро ба роҳ мемонд. Ба хотири сироят наёфтани наздикони бемор, пиронсолон рафтуомадро ба ин хонадон ё назди бемор қатъ намуда, ба ғайр аз шахси мутассадӣ ба дигарон рафтуомад, ҳатто аёдати беморро иҷозат намедоданд ва мегуфтанд, ки омаду рафт, вохӯриву суҳбат бо бемор пай меафтад, яъне дард дар бадани бемор бо сабаби омадурафт дер мепояд, пай мемонад, аз бадан рафтан наметавонад.
Аз ин рӯ, дар гузашта ҳам мисли имрӯза на ҳамон «пай меафтад»-ро мисли «каратин»-и имрӯза истифода мебурданд. Ба хотири сироят наёфтани наздикон ва хешу табор як вақти муайян рафтуомад, аёдати бемор ва суҳбати рӯ ба рӯ бо бемор манъ карда мешуд, ки сарчашмаҳои таърихӣ гувоҳи ин гуфтаҳоянд.
Имрӯз ҳам Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон талош барон дорад, ки аз ин вабои ба сари оламиён омадаи аср, мардуми шарифи Тоҷикистонро ҳифз намуда, хоҳиши як вақти муайян рафтуомад ва ҳамнишиниро бо хешу табор ва наздикон ба хотири нигоҳ доштани саломатии онҳо қатъ намоем. Ин даъвати оқилона ва хирадмандонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро самимона пазируфта, аз пайи ҳифз намудани саломатии худу наздиконамон бошем.
Ҳарчанд баъди талошҳои зиёд, истодагариҳои шадид кишвари азизу офтобии мо низ мисли дигар кишварҳои рӯи олам ба ин дард печида бошад ҳам, дар дил ҳаросро ҷой додан, ваҳму ноумедӣ кашидан зарурат надорад. Мову шумо вазифадорем дастаҷамъона риояи қоидаҳои беҳдошти шахсиву гигиениро, ки аз мо талаб карда мешавад, ба ҷо оварда, ҳангоми суҳбат кардан фосилаи байни ҳамсуҳбатамонро нигоҳ дошта, дар доираи талабот дуруст шустани дастон ва пӯшидани ниқобҳои заруриро иҷро намоем, то аз ин бало эмин монем. Ман умедворам, ки миллати барӯманду фарҳангии тоҷик аз уҳдаи ин талабот ба хубӣ баромада метавонад, зеро пӯшидани ниқоб бори аввал аз ҷониби Абуалӣ Ибни Сино- олим, шоир, мутафаккир ва табиби оламшумули тоҷик ҳанӯз дар замони худ, зиёда аз 1000 сол қабл, пешниҳод гардида буд, яъне ин миллат ҳазор сол қабл низ пеш аз ба назди бемор даромадан ё бо ӯ суҳбат кардан ба хотири сироят наёфтан аз ин бемор, ҳатман ниқоб ба рӯ мекашид. Шустани дасту рӯ, чашму абру ва гӯшу бинӣ бошад, фарҳанги миллии тоҷикон аст, ки дар як рӯз то панҷ маротиба ин талаботро ба ҷо меоранд.
Дар ҳолати бемор шудан ҳам ноумед набояд шуд, зеро табиати мардуми тоҷик қавӣ буда, он аз ғизоҳои зарурӣ барои узви инсонӣ хеле бой асту метавонад бемориро сабуктар гузаронад.
Ҳоло фасли зебои баҳорро мо дар кишвар пушти сар карда истодаем ва аз табиати биҳишосои он нафаси рӯҳбахш мегирем. Ҳамзамон, аз растаниҳои шифобахши табиати афсункорамон, ки танҳо дар ин фасл мерӯянд, аз ҷумлаи торон, рошак, ров, чукрӣ, ҷамбилак, ҳолмун ва ғайра барои тоза шудани руҳу ҷонамон, ки он ба саломатии инсон хеле муҳим арзёбӣ шудааст, оқилона истифода намоем, зеро дар гузашта ҳам ниёгони хирадманди мо ин фаслро фасли зиндашавии табиат ва рӯҳу ҷон меномиданд. Дар ин фасл танҳо аз растаниҳои шифобахш хӯрокҳои лазиз мепухтанду ба тану ҷони худ ҷавонӣ, тароват ва неруи нав зам мекарданд. Бояд қайд намоям, ки хӯрдани меваҷот, кабудиҳои ватанӣ, растаниҳои шифобахши диёр бар тану ҷони мо нерӯи тоза бахшида, барзидди ин беморӣ беҳтарин даво аст.
Аз ин хотир, ҳамаи мо, ҳамватанони азизу гиромӣ, аз ҳар ваҷаб замини наздиҳавлигӣ ва кишоварзӣ хуб истифода бурда, онро самаранок ва оқилона кор фармуда, худ ва аҳли хонаводаамонро аз маҳсулоти тару тозаи ватанӣ, ки дорои қуввату тавоноии табиӣ мебошанд, таъмин намуда, тансиҳату солим ва беғаму хотирҷамъ тавонем ин балои басар омадаро дар ҳар хонаводаи тоҷику тоҷикистонӣ мағлуб сохта, ба нестиҳои бебозгашт гуселонем.
Барои ин мову шуморо зарур аст, ки аз чор фасли зебову нерубахши табиати кишвари азизамон самаранок истифода бурда, дастурхони худро аз меваҷоти биҳиштии кишварамон оро дода, нагузорем, ки рӯи хони мо аз меваҷот, сабзавот, хӯрокаву шириниҳо, тухму гушту дигар маҳсулоти парвардаҳои сохтаи дигарон оро дода шаванд.
Зеро ин миллатро танҳо маҳсулоти бою рангини сарзамини хеш неруву тавоноӣ ва тансиҳатӣ бахшида метавонаду халос.
Гавҳар Шарофзода, вакили МНМОҶТ, аз ҳавзаи интихоботии Ҷайҳун-33, аъзои фраксияи ҲХДТ