Инак, мавсими дараву ҷамъоварии ҳосили зироатҳои ғалладонагиҳо ва хӯроки дурушти чорво оғоз ёфт. Дар ин замина ситодҳои вилоятӣ ва ноҳиявӣ оид ба «Амалиёти зидди сӯхтор-2020» ҳангоми ҷамъоварии ҳосили зироатҳои ғалладонагиҳо, хӯроки дурушти чорво ва пахта дар соли 2020, тибқи Фармони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 224 аз 16.04.2015 б/ҷ «Оид ба ташкил ва гузаронидани чорабиниҳои профилактию оташнишонии комплексӣ» аз рӯи номгӯи рамзи «Ғалла» ташкил шуда, дар асоси нақшаи чорабиниҳо оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти ташкилоту муассисаҳо бо дидбонгоҳи алоҳидаи ҳарбикунонидашудаи Хадамоти давлатии оташнишонии ноҳия тартиб дода шуд.
Имрӯзҳо дар хоҷагиҳои ноҳияамон механизаторон ва шахсони мутасаддӣ вақтро ғанимат дониста, техникаи ғалладарав, ғаллакӯб ва ғаллакашонро аз таъмир бароварда истодаанд, то ин ки зироатҳои ғалладонагиҳо ва хӯроки дурушти чорворо беталаф ҷамъоварӣ намуда, дастархони хеш ва захираи хӯроки дурушти чорворо барои зимистонгузаронии солҳои 2020-2021 ғанӣ гардонанд. Фаромӯш набояд кард, ки яке аз сабабҳои талафи ғалладонагиҳо ва хӯроки дурушти чорво ин ҳодисаи сӯхтор аст, чунки ғалла ва коҳ, яке аз моддаҳои тездаргиранда ба ҳисоб рафта, дар вақти сар задани сӯхтор дар як муддати кӯтоҳ майдони зиёдеро ба хокистар мубаддал мегардонад ва меҳнати бо арақи ҷабин рӯёнидашудаи марди деҳқонро ба хокистари сиёҳ мубаддал медиҳад.
Дар вақти дарави майдонҳои ғалладонагиҳо ва кашонидани алафи хушк дар мавзеъҳои «Фатҳобод», «Кӯҳдоман», «Озодӣ», «Қарадум», мавзеъҳои ба номи Махтумқулӣ, як қисми хоҷагиҳои деҳқонии Ҷамоати деҳоти «Қумсангир» бояд ба қоидаҳои бехатарии зидди сӯхтор ҷиддан назорат бурд ва ҳар механизатори дар минтақаҳои номзикр буда, бояд эҳтиёткорона амал намояд, ки мавзеҳои мазкур пур аз алафи хушк буда, ҳангоми сар задани сӯхтор ҳосили беше талаф ёфтанаш мумкин аст. Аз тарафи баъзе ронандагон, механизаторон, шахсони мутасаддӣ оддитарин талаботҳои бехатарии зидди сӯхтор риоя карда намешаванд. Дар ҷамъоварии ҳосили соли гузашта ба ҳамаи раисони Ҷамоатҳои шаҳраку деҳот оиди иҷроиши қоидаҳои зидди сӯхтор амрномаҳо ирсол гардида буд, ки асосан вайронкунандагони қоидаҳои зидди сӯхтор механизаторон ва комбайнчиҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ мебошанд. Барои пешгирӣ намудани роҳҳои бехатарии зидди сӯхтор бояд донист, ки трактор, ядак, мошинаю комбайн бо аломатҳои сӯхторхомушкунӣ, оташхомӯшкунак (огнетушитель), бел, қуттии қум, намад, ҷорӯбҳои дастадароз, зарфҳои обдор, чангаки оҳанин ва шарорахомӯшкунак бояд таъмин бошанд. Ронандагону механизаторон ва шахсони мутасаддӣ, ки ба ҷамъоварии ғалладонагиҳо ва ё кашонидани алафҳои хушку дурушт вобаста шудаанд, қоидаҳои бехатарии зидди сӯхторро ҳатман риоя намоянд.
Мошинаю комбайнҳое, ки бешарорахомӯшкунак ва ё ба шарорахомӯшкунакҳои аз ҷиҳати техникӣ вайрон ба майдонҳои ғаллазор ва корзори дарави алафҳои хушк даромаданашон қатъиян манъ аст. Дар вақти ҷамъоварии ғалладонагиҳо ва хӯроки дурушти чорво чораҳои асосии қоидаҳои бехатарии зидди сӯхторро дидан зарур аст. Барои бо комбайни ғалладарав даравидани ғаллазорҳо майдонҳоро бо палҳо тақсим намуда, андозаи майдонҳо ба мӯҳлати кори якрӯзаи мошинҳо баробар бошад. Пеш аз сар шудани ҷамъоварии ғаллазор майдонҳои даравидаро ба миқдори кори техникаи шудгоркунанда ба назар бояд гирифт. Инчунин, дар роҳҳои мумфаршшудаи мошингарди аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва маҳаллидошта, ғалларо ғарам ва хӯшконидан қатъиян манъ аст. Аз ин рӯ, аз аҳолии маҳаллӣ хоҳиш карда мешавад, ки ғалла ва хӯроки дурушти чорворо дар хирманҳо ғарам ва хушк намоянд. Ғайр аз ин, дар вақти кӯфтани ғалла бо комбайнҳои худсохти барқӣ ва механикӣ бодиққат бошед, худ ва ҳосили ғаллаю шолӣ, ҷуворимаккаи дон ва дигар маҳсулотҳоро ҳифз намоед!
Ғалла ин бойгарии мост, нон ва файзу баракати дастархони хонадони ҳар яки мову Шумо мебошад. Ҳар дони умеди ғалла баракат бар сарзамини мову Шумо меорад. Сериву пурии мо аз баракати хирмани ғалла мусоидат мекунад. Ғалларо аз сӯхтор ҳифз намудан вазифаи ҳар як шахс аст.
Фируз Ибрагимов, нозири калони ГНДБС-и ноҳияи Ҷайҳун, майори хизмати дохилӣ