Day: June 10, 2020
Ҳабиб Юсуфӣ-шоири ватанпарвар
Имсол ба ғалабаи халқи Шӯравӣ дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ки мардуми тоҷик ҳам қисми ҷудонашавандаи он маҳсуб меёбад, 75 сол пур мешавад. Ҳамдиёрони мо низ аз деҳқони хокпоши оддӣ сар карда, то омӯзгору духтур, кормандони ҳизбию давлатӣ, шоиру нависанда, рӯзноманигор ва намояндагони дигар касбу кор вориди корзори он ҷанг гардида, ватанро аз ҳуҷуми урдуи истилогари фашистӣ муҳофизат намуданд ва ғалаба…
Ҳамбастагии дастаҷамъона дар пешгирии COVID-19
Барои пешгирӣ ва нигоҳдории саломатии бадан мутахассисони соҳаи тандурустии ноҳия, аз ҷумла кормандони Дармонгоҳи марказӣ (КАТС) ва маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим бо усули фаҳмондадиҳии «хона ба хона» сокинонро аз вазъияти мубориза алайҳи бемории сироятии (COVID-19) тарѓиб бурда, ҳамзамон маводҳои иттилоотӣ бо мақсади баланд бардоштани маърифати тиббӣ ва ҳолати пешгирӣ ва паҳншавии бемории сироятии хавфнок миёни сокинон тақсим карданд. Мувофиқи…
Сулҳи тоҷикон сабақи ҷаҳониён аст.
Ба ҳамагон маълум аст, ки халқи муаззами тоҷик таърихи тӯлоние дорад. Аслан ин миллат ориённасл буда, дар тӯли таърих ҳамчун миллати меҳанпараст ва тамаддунсозу фарҳангшинос шинохта шудааст. Миллати тоҷик дар тӯли ҳаёти хеш ба ҷаҳони мутамаддин фарзандони бузургу фарзонаеро додаст, ки онҳо баҳри рушди фарҳанг ва ҳама ҷабҳаҳои зиндагӣ хизматҳои арзанда намудаанд. Ногуфта намонад, ки тоҷикон ҳанӯз асрҳои 6-7 пеш…
Қаҳрамонон фаромӯш намешаванд
Дар арафаи 75-умин солгарди Ғалаба дар ҶБВ бо дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷайҳун ва аз ҳисоби фаъолон ва Иттиҳодияи интертансионалистони собиқадори ноҳия бо сардории роҳбари он Александр Валентинович Моисеев дар назди оромгоҳи Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ Ҳайдар Қосимов лавҳаи ёдгории иштирокчии ҶБВ (солҳои 1941-1945) гузошта шуд. Дар ин рӯзи айёдат ва кушодашавии лавҳаи ёдгорӣ роҳбари (ҳамкорӣ бо Русия)…