Қаҳрамонон фаромӯш намешаванд

Дар арафаи 75-умин солгарди Ғалаба дар ҶБВ бо дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷайҳун ва аз ҳисоби фаъолон ва Иттиҳодияи интертансионалистони собиқадори ноҳия бо сардории роҳбари он Александр Валентинович Моисеев дар назди оромгоҳи Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ Ҳайдар Қосимов лавҳаи ёдгории иштирокчии ҶБВ (солҳои 1941-1945) гузошта шуд.

Дар ин рӯзи айёдат ва кушодашавии лавҳаи ёдгорӣ роҳбари (ҳамкорӣ бо Русия) Федератсияи Россия дар Тоҷикистон Вождаев Михаил Валерьевич, Қаҳрамони Федератсияи Россия Олег Козлов, роҳбари маданият ва маркази маориф, аҳолии русзабон дар вилояти Хатлон Ходжаева Людмила Дмитриевна, сардори Ситоди Артиши ҷавонони Муассисаи таълимии №4 шаҳри Бохтар, Вазорати Мудофиаи Федератсияи Россия Т. Х. Назыкова, роҳбари Иттиҳоди ветеранҳои маҷрӯҳи Иттиҳодияи интернатсионалистони вилояти Хатлон Соҳиб Баротов, муовини раиси ноҳияи Ҷайҳун Хушрафтор Латифзода ва хешовандону наздикони марҳум Қаҳрамони Иттифоқи Шӯравӣ Ҳ. Қосимов иштирок доштанд.

Пас аз кушодашавии лавҳаи ёдгорӣ ва гузоштани гулчанбарҳои хотиравӣ раиси Иттиҳодияи интертансионалистони собиқадори ноҳия Александр Валентинович Моисеев қисми тантанавиро дар назди лавҳаи ёдгорӣ ҳусни оғоз бахшида, сухан кард. А. Моисеев дар баромадаш аз корнамоиҳои ҷанговари шуҷоъ, қаҳрамони ҶБВ-Ҳайдар Қосимов ба иштирокчиён ёдовар намуд.

Пас аз гузоштани гулу гулчанбарҳо дар назди лавҳаи ёдгорӣ ва гирдиҳамоӣ намояндагони ҳамкории Россия ва сафири фавқулодда ва мухтори Федератсияи Россия дар Тоҷикистон ба муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1 зиёда аз 500 адад китобҳои дарсӣ ва адабиётҳои бадеӣ барои синфҳои русзабон туҳфа намуданд. Баъди туҳфасупорӣ меҳмонон ва собиқадорони интернатсионалистон ба дидорбинии иштирокчии ҶБВ, лиётчикзани номвар-Даря Кабутова рафтанд. Даря-холаро ба рӯзи Ғалаба табрику муборакбод намуда, ӯро бо медалӣ 75-солагии Ғалабаи бузург аз тарафи сафири фавқулодда ва мухтори Федератсияи Россия дар Тоҷикистон мушарраф гардониданд.

Ҳайдар Қосимов 7.03.1922 дар оилаи колхозчӣ дар хоҷагии Севахши Ҷамоати деҳоти «Туғай-Сарай»-и ноҳияи Октябри вилояти Сталинобод (ҳозира Тоҷикистон, шаҳри Душанбе) таваллуд шудааст. Ҳ. Қосимов фаъолияти кориашро соли 1938 ба сифати ҳисобчии бригадаи тракторчиён дар МТС Октябр-2 саркардааст.

22 июни соли 1941 Германияи фашистӣ ба Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравии Сотсиалистӣ аҳдшиканона ҳуҷум кард. Дар сафи ҳамдеҳагонаш баҳри ҳимояи ватани ягона-СССР соли 1941 ба қушунҳои Армияи Сурх Ҳ. Қосимов даъват шудааст.  Ӯ дар набардҳои хунин ҳамеша дар сафи пеш буд. Дар байни миллатҳои гуногун баҳри озодии хоки Ватан далерию шуҷоати худро ҳамчун фарзанди тоҷики кӯҳистонӣ нишон медод. Лаҳза ба лаҳза полк як қадам ба пеш мерафт. Зиракию мардонагии Ҳ. Қосимов дар назди фармондеҳони Армия намоён буд. Анаҳамин мардонагӣ соли 1943-ум Ҳ. Қосимовро ба сафи Ҳизби Коммунистӣ шомил намуд.

Коммунисти ҷавони боғайрат дар миёни ҳамяроқонаш намуна буд. Ӯ аз тарафи сарфармондеҳи Армия дар моҳи сентябри соли 1943 қумондони фармондеҳи ротаи миномиётии 229-и полки тирандозии фронти марказиро ба уҳда дошт. Акнун масъулияти гаронеро коммунисти ҷавон Ҳ. Қосимов дар набардҳо ва ҳимояи Ватан дар саркубии душман ба зимма дошт, ки нисбати худ дар назди сарфармондеҳони Армияи Сурх боварии калон дошт.

Ҷанг идома дошт, борони тиру тупи душман тарафи ҳимоягарони Ватан беист меборид. Имкони ҳар лаҳза  сар бардоштан набуд. Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, фармондеҳи ҷавон Ҳ. Қосимов ротаи полки тирандозии фронти марказиро ба пеш мехонд. Муқобилият нишон медод. Аслиҳаи ғанимат гирифтаю аскарони немиси асирро ҳисобот дода, ба қафо мефиристод.

Ротаи миномётии 229-и полки тирандозии фрони марказӣ, ки Ҳайдар Қосимов фармондеҳаш буд, дар яке аз муҳорибаҳои хунин, дар убур намудани дарёи Припять ва ғасби майдони миномётҳо ва аскарони фашисти лаъин ҷонбозиҳо кард. Ӯ қудратмандии худ ва аскарони шуҷоъашро дар муҳориба нишон дода, дарёро убур намуданд, ҳарчанд, ки талафоти ҷонӣ онҳоро таҳдид менамуд. Ҳамин тавр бо ғайрати ҷавонмардиаш анбори захиравии яроқу аслиҳа ва даҳҳо аскаролни душманро несту нобуд кард. Роҳи аскарони Шӯравӣ аз ин минтақа кушода шада, ҳазорон нафар аскарон ба пеш қадам гузоштанд.

Алоқаи таъҷилӣ аз корнамоии Ҳайдар Қосимов дар убур намудани дарёи Припять ва тору мор намудани гурӯҳи муҳофизони анбори аслиҳа ва ғанимат гирифтани анбори захиравии яроқу аслиҳаи душман аз тарафи фармондеҳ Ҳ. Қосимов ба сарфармондеҳони фронт расонида шуд.

Барои ҷасорату мардонагӣ нишон додан бар зидди фашистони лаъин ва роҳ кушодан ба Армияи Шӯравӣ барои озод намудани шаҳру рустоҳо аз дасти истилогарон бо Фармони Президиуми Советии Олии СССР Ҳайдар Қосимов бо унвони олии Иттиҳоди Шӯравӣ сарфароз гардонида шуд.

Дар ҶБВ 300 ҳазор нафар ҷавонписарону ҷавондухтарони тоҷик аз Тоҷикистон бо амри дил барои ҳифзи Ватан бар зидди фашизм сафарбар гардида буданд. Аз ин 92 ҳазор нафар аскарони тоҷик аз ҷанг бар нагаштанд. Баҳри ба даст овардани ғалабаи оламшумул зиёда аз 60 ҳазор нафар ба гирифтани ордену медалҳои ҷангӣ шарафёб шуданд. Аз ҷумла 54 нафар бо унвони олии Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ, 19 нафар бо ордени «Шараф» дараҷаҳои 1, 2, 3 қадрдонӣ карда шуданд.

Аз рӯи маълумотҳои оморӣ Ҳ. Қосимов дар зиёда аз 1000 муҳорибаҳои хунини ҶБВ дар солҳои 1941-1945 ширкат варзидааст. Баъди итмоми ҷанг соли 1946 Ҳайдар Қосимов дар асоси фармон аз хизмати амалии ҳарбӣ озод карда шуда, ба руйхати афсарони эҳтиётии Қувваҳои мусаллаҳи Шӯравӣ дохил шуд ва ба Ватан баргашт.

Баъди ба Ватан бар гаштан Ҳ. Қосимов дар корҳои гуногуни хоҷагӣ фаъолона кор мекард. Аз баски ӯ дониши хуби роҳбарӣ дошт, баъди чанд муддат ӯро раиси Ҷамоати «Тоҷикобод» таин намуданд. Як панҷсола вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Вахш буд. Ҷонишини директории байнихоҷагии гусфанд ва асппарварии мутаҳидшавии ноҳияи Вахши вилояти Қурғонтеппа (ҳозира Хатлон) таъин гардид. Ҳ. Қосимовро дар ҳар мансабе, ки вобаста мекарданд, аз уҳдааш ба хубӣ мебаромад. Чунки ӯ дар корҳои ҷамъиятию давлатӣ масъулияти хешро дучанд ҳис мекард. Ҳайдар Қосимов дар созандагию бунёдкории диёрамон баъди ҶБВ хизматҳои шоён намуда аст. Хизматҳои ӯ аз мадди назари давлату халқ дур намемонад. 

Баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ соли 1992 хоинони миллати осоиштаи тоҷик бо дастуру супоришҳои хоҷагони бурунмарзиашон дар Тоҷикистон оташи ҷанги таҳмилиро дар минтақаҳо рушан сохтанд. Оғози алангаи оташи ҷанг аз совхози Туркманистони ноҳияи Вахш сарчашма гирифт. Мардуми заҳматкаши минтақаҳо аз тарси ҷанг барои ҳимояи ҷони худ ва наздикон тарки ҷойи зист карда, ба дигар ноҳияҳои нисбатан (ҳамон шабу рӯз) ором буданд, гуреза шуданд. Оилаи қаҳрамон Ҳайдар Қосимов низ бо мардуми деҳа ба ноҳияи Қумсангир (ҳоло Ҷайҳун) омада ба ҳалқаи хешу пайвандонашон пайвастанд. Аниқтараш ба хонаи хусураш.

Соли нави мелодии 1993-ро Ҳ. Қосимов бо ҳамроҳи оила ва хешу пайвандонаш қайд намуданд. Охири моҳи январ рӯзона ярақбадастони ношиноси ҷангҷӯ ба хонаи муаллим Қаноатшо Абдуллоев, ки Ҳ. Қосимов дар он ҷо буд, даромада яку якбора бо садои баланд ба сари Ҳ. Қосимов дод зада, пеш даро! Гуфта аз хона гирифта бурдандаш. Ҳарчанд, ки ӯ худро ба онҳо муаррифӣ карда бошад ҳам, онҳо ба мо шумобарин қаҳрамонҳо лозим гуфта, ӯро бо дашном додан ба мошин савор карда, ба сӯи номаълум равон шуданд.

Хешу ҳамдиёрон, ёру дӯстон ҳарчанд минтақаҳои ноҳияро ҷустуҷӯ карда бошанд ҳам, аз Ҳайдари қаҳрамон хабаре пайдо накарданд. Фасли зимистон гузашту баҳор шуд, вале аз Ҳайдари Қаҳрамони гумгашта, дараке набуд. Аз овозаи мардум хабар расид, ки ҷасади марде дар паҳлуи пули назди ПМК-22 хобида аст. Ин аввали моҳи марти соли 1993 буд. Хешовандон худи ҳамон рӯз ба ҷойи таъиншуда омада диданд, ки дар ҳақиқат ҷасаде хобидааст. Вақти такорӯ кардан мушоҳида шуд, ки ҷасад қолаби вайронаро гирифта аст. Ягона аз либосҳояш ва чизҳои дар кисаашбуда, бо пуррагӣ тасдиқ гардид, ки ин ҷасади қаҳрамони мо Ҳайдар Қосимов аст. Маълум гардид, ки ӯ аз дасти сиёҳкорони гурӯҳи ҷангҷӯён кушта шудааст. Моҳи марти соли 1993 ҷасади Ҳайдар Қосимов дар мазори деҳаи «Рӯдакӣ» ба хок супорида шуд. Ҳамон шабу рӯз Ҳ. Қосимов ба синни 71-солагӣ қадам монда буд. Акнун Ҳ. Қосимов дар ин манзилгоҳи охират бо ҳамяроқонаш дар паҳлӯи Саттор Атоев, Абдурасул Абдуллоев, Латиф Шарифов, Соим Нозимов, Салим Алимов ва чанде дигарон (рӯҳашон шоду манзили охираташон обод бод) хоби абадӣ рафтанд.

Муассисаи таълимии миёнаи умумии №38-и зодгоҳаш ба номи Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ Ҳайдар Қосимов гузошта шудааст.

Ба хотири он шаҳидони роҳи озодӣ 27 млн нафар, ки (аз ин 92 ҳазор нафарашон аз Тоҷикистон мебошанд) шаҳрвандони қурбоншудаи ҶБВ-и солҳои 1941-1945 собиқадорон, тамоми хурду бузурги кишвар-Тоҷикистон, иттиҳодияи интернатсионалистони собиқадори ноҳия ва аҳлӣ эҷодии Муассисаи давлатии рӯзномаи «Ҷайҳун» сари таъзим фуруд меоранд. Вазифадоранд, ки хотираи онҳоро дар қалби худ абадӣ нигоҳ доранд.

Маҳмудшо Сиярзода, узви иттифоқи журналистони Тоҷикистон