Имсол ба ғалабаи халқи Шӯравӣ дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ки мардуми тоҷик ҳам қисми ҷудонашавандаи он маҳсуб меёбад, 75 сол пур мешавад. Ҳамдиёрони мо низ аз деҳқони хокпоши оддӣ сар карда, то омӯзгору духтур, кормандони ҳизбию давлатӣ, шоиру нависанда, рӯзноманигор ва намояндагони дигар касбу кор вориди корзори он ҷанг гардида, ватанро аз ҳуҷуми урдуи истилогари фашистӣ муҳофизат намуданд ва ғалаба ба даст оварданд.
Шоири ҷанговар, ватанпарвар-Ҳабиб Юсуфӣ ҳам дар сафи дигар ҳамватанон дар синни 26-солагӣ ихтиёран ба Армияи Сурх пайваст, баъди хатми омӯзишгоҳи ҳарбӣ бо рутбаи лейтенант вориди ҷабҳаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ мешавад. Ҳабиб Юсуфӣ дар набардҳои озод кардани Ленинград, ҷамоҳири канори Балтика ва Полша иштирок намуда, дар муҳорибаи назди Варшава сахт маҷрӯҳ шуда, ҳалок гардидааст. Ҳабиб Юсуфӣ дар мавзӯҳои мухталифи замони худ шеър навишта бошад ҳам, мавзӯи эҷодиёти ӯро васфи Ватан ташкил медиҳад. Шеърҳо ва силсилаи мақолаҳое, ки Ҳ. Юсуфӣ дар тӯли 7-8 сол таълиф карда аст, аз муҳаббати халқу Ватан саршоранд. Дар ашъори ӯ ҳиссиёти ватандӯстӣ бо роҳи ифодаи ягонагии тақдири тамоми мамлакати Советӣ, ки мо мардуми тоҷик ҳамтақдири якдигар будем, зоҳир гардидааст.
Дар ҳар шеъри Юсуфӣ образи Ватан дар ягонагӣ мавриди тасвир қарор гирифта, бо мазмуну ғояи нав садо додааст. Шеърҳои «Муҳаббат ба Ватан», «Ба Ватан», «Мактуб ба Шарқи Дур», «Ба ҳар куҷо равам, дил диёри ман гӯяд», «Дар шаъни ҳаёт» ва ғайра аз чунин шеърҳои ӯянд. Махсусан шеърҳое, ки дар ибтидои ҷанг навишта шудаанд, ҳиссиёти ватандӯстӣ ва душманбадбинии ӯро дар шаклҳои нав ифода кардаанд. Чунончӣ дар шеърҳои «Муҳаббат ва ҳақиқат», «Таърих дидааст», «Мо ба душман зарбаҳои душманафкан медиҳем», «Аз ҳавою обу замин», «Ба гитлерзодагон амон нест», «Лаҳзаи хурсандии ман» ва ғайра…
Ҳабиб Юсуфӣ ба воситаи шеърҳои ватанпарваронаи худ, дар шуури хонанда ҳисси муҳаббат ба Ватан, ифтихор доштан ба он ва ҳамеша тайёр будан дар хизмати Ватанро бедор мекунад.
Гӯяд ватанат, ки посбон шав, ту шавӣ,
Ба сарҳади Шарқи дурамон рав, ту равӣ.
Калимаи Ватан дар лексикони ашъори ӯ мавқеи махсус дорад. Ин маъно дар шеъри «Ба ҳар куҷо равам, дил диёри ман гӯяд» хеле образнок ифода ёфтааст:
Қалам ба даст бигирам, ки шеър бинвисам,
Забони ман зи ҳама пештар, Ватан гӯяд.
Дар шеъри «Ватани дил» бошад, шоир чунон ватанеро бо ҳиссиёти баланди ватандӯстӣ тараннум намудааст, ки он боиси рашки сад чаман гардидааст, бо ин восита дар дили хонандаи худ меҳри ватанро дучанд меафзояд. Муҳаббат ба Ватан доштан дар шуури ҳар як хонанда ифтихори миллиро дар дили шахси ватандӯст мепарварад. Ояндаи халқу Ватан ба ҷавонон вобастагӣ дорад. Насли нави ба донишҳои замонавӣ тарбиятёфта, номбардори ватану миллати худ мегардад. Ҳамаи он шеърҳое, ки шоир дар васфи Ватан сароидааст бе восита ба ҷавонон нигаронида шудаанд.
Аввалин шеъри дар давраи ҶБВ навиштаи ӯ «Ман ватанро беш аз ҳарвақта дорам дӯсттар» ҳиссиёт ва муҳаббати ба ватани худ доштаи халқи моро боз ҳам барҷастатар ифода мекунад. Шоир дар ин шеър пеш аз ҳама ба қалами худ, ки рамзи эҷодӣ ва виҷдони уст, муроҷиат намуда, онро ба хизмату мудофиаи Ватан даъват мекунад.
Вақти он аст, эй қалам, буррандатар гарди зи теғ,
Вақти он аст, эй сухан, ғуррандатар гарди зи барқ!
То ба душман ҳамла орам, решааш бури зи бех,
То шави манҳус, анчарро кунӣ бешоху барг!
Ин аст, ки дар замони ҶБВ мазмуни ватандӯстӣ бозҳам баландтар садо медодагӣ шуд. Ҳ. Юсуфӣ чун адиби ҷанговар мунодии ишқи Ватан ва муҳофизати он тавонист, ки дар худшиносии чандин насли навраси мардуми тоҷик саҳми арзанда гузорад. Ба таълим ва тадриси эҷоди Ҳ. Юсуфӣ мо омӯзгорон метавонем ҳиссиёт ва рӯҳияи хештаншиносии шогирдонамонро дар ҳифзи музаффариятҳои истиқлолияти кишварамон баланд бардошта, дар тарбияи насли наврас саҳми муносиб гирем.
Ҷанг – бадбахтии инсон аст
Ҷанги дуюми ҷаҳон таърихӣ буд,
Инсоният чунин ҷангро надида буд.
Одамон дар таҳлука дар ҳифзи ҷон,
Кай биёбанд зи фашистон амон.
Тайёраҳои душман зери осмони кабуд,
Бомбаборон мекарданд, ҷонҳо мерабуд.
Тирборони душман беист ҳар замон,
Мурдаи инсонӣ буд он вақт бегарон.
Субҳдам он сол нӯздаҳу чилу як буд,
Мардуми бечора дар масти хоб буд.
Чунин ҳангома сарсон буданд, одамон,
Кӣ диҳад ёрӣ ба маъюбу фавтидагон?
Шаҳрҳои азиму зебо ҳама зери хок буд,
Мардумон дар ҷустуҷӯи хешу ақрабо буд.
Чаро зулмпеша бадбахтӣ орад ба инсон?
Чаро ранҷ кашад бекасу бечорагон?
Азми халқу миллати Шӯравӣ маълум буд,
Душмани малъунро то Берлин бурд.
Орзую умед доштанд он лаҳза озурдагон,
Гитлери хунхори лаъин шавад бехонумон.
Сарвари давлат нақшакашу зирак буд,
Мардумонро вай ба роҳи ғалаба бурд.
Қирғизу узбеку тоҷик, дигар миллатон,
Мушараф бо ордену боз шуданд қаҳрамон.
Умаралӣ Юсуфов, омӯзгори МТМУ № 8
Ғалаба бар фашизм
Худоё, шукри ин неъмат, ки додӣ,
Дари эҳсон ба рӯи мо кушодӣ.
Ато кардӣ ба олам аз дили меҳр,
Чунин дӯстӣ, ки гашта манзили меҳр.
Касеро дар замир меҳру вафо буд,
Вуҷудаш мазраи лутфи Худо буд.
Замоне мулки моро наҳси омад,
Ғирев аз гӯшаи дунё баромад.
Зи ҳарсӯ иблисони мардумикуш,
Биҷастанд аз камине хун дар ҷӯш.
Чу кардӣ гар назора хулқи онҳо,
Бигуфтӣ Аҳраман омад ба дунё.
Маром он ки зимоми аҳли одам,
Бигиранд ҷумлаи шар рӯи олам.
Чунон бикшода онҳо доми тазвир,
Раҳидан ҳеҷ набудӣ ҷуз ба тадбир.
Ватан-Модар, ки ҳамчун панҷа будӣ,
Ба халқаш бас кароматҳо намудӣ.
Ба амри ин Ватан садҳо диловар,
Намудӣ азми ҷангро чун бародар.
Чу Рустам ҳифзи мулки хеш кардӣ,
Чу бабре чанг ба пӯсти меш кардӣ.
Фашизм ин қиёми бе бевафоро,
Ки будаш азми ҳастӣ шар мадоро.
Зи фитна тахту тоҷу мулк рабуданд,
Ба мардум роҳи мақсуд во намуданд.
Ориёно
Ориёно, ин шукуҳи мардумони бахтиёр,
Ориёно, ин насими субҳи фасли навбаҳор.
Фатҳи нав дода ба олам ин ҳама ганҷи ниҳон,
Мисли барқе зад баромадинқилоби ин шиор,
Аз таомул ончи будӣ байни ҳар қавму нажод,
Зинда гардонид онро роҳбари олитабор.
Такя бар пирони миллат карда чун аҳли назар.
Файзи нав овард ба олам Ҳазрати Парвардигор.
Ҳамчу нуре дар дили шаббаски мерахшид накӯ,
Ду ҳазору шашумин сол гашт соли бобарор.
Гӯшаи хилват нуҳуфта дар миёни ҳафт фалак,
Ҳамчу шамсе нур пошад бо камоли ифтихор.
Насли Сомонӣ шавад
Кош дар ин кохи саодат хайру арзонӣ шавад,
Шоми тори халқи дунё субҳи Яздонӣ шавад.
Хизри неъмат ин замон, ки як назар кард сарзамин,
Дӯстӣ нонӣ забонӣ нею бал ҷонӣ шавад.
Шайху зоҳиде, ки дорем, аз дилу аз дидаҳо,
Кибри хешро дур созанд, гум парешонӣ шавад.
Шишаи қалби шикаста ҳар куҷо бинӣ агар,
По ба рӯи он ниҳодӣ, нуқси инсонӣ шавад.
Ҳалқаи аҳли назар холӣ мабод аз маърифат,
Бо Худо гуфтан на ҳар кас шахси руҳонӣ шавад.
Ин замон, ки аҳли олам эҳтиёҷ дорад ба ҳақ,
Роҳбаре бояд, ки аз ӯ нурафшонӣ шавад.
Ахтари бахте, ки дорем, баски мерахшад накӯ,
Сарвари Созмони Милал насли Сомонӣ шавад.