Ҳамбастагии дастаҷамъона дар пешгирии COVID-19

Барои пешгирӣ ва нигоҳдории саломатии бадан мутахассисони соҳаи тандурустии ноҳия, аз ҷумла кормандони Дармонгоҳи марказӣ (КАТС) ва маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим бо усули фаҳмондадиҳии «хона ба хона» сокинонро аз вазъияти мубориза алайҳи бемории сироятии  (COVID-19) тарѓиб бурда, ҳамзамон маводҳои иттилоотӣ бо мақсади баланд бардоштани маърифати тиббӣ ва ҳолати пешгирӣ ва паҳншавии бемории сироятии хавфнок миёни сокинон тақсим карданд. Мувофиқи талаботи дастурамалҳои тиббӣ, аз ҷумла риояи гигиенаи шахсӣ дар оила, шустани дастон бо собун баъди анҷоми кор ё ба чизе расонидани даст, тоза нигоҳ доштани манзили зист, худдорӣ намудан аз суҳбати дурудароз дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва сафари роҳи дур ё аз деҳа ба деҳа дар ҳолати нолозим будан ва истифода бурдани ниқоб ва дастпӯшак тавсияҳои тиббии манфиатбор доданд.

-Аз ин беморӣ тарсидан, воҳима кардан ҳеҷ суде надорад. Дар ҳоли риоя кардани гигиенаи шахсӣ, аз ҷумла шустани пайвастаи дастҳо ва пӯшидани ниқоб, парҳезкорӣ аз ҷойҳои ҷамъиятӣ, бовар накардан аз овозаҳои бардурӯѓи  мардум, фосила нигоҳ доштани худ аз ҳамсуҳбат, даст ба бинӣ, чашм ва лабҳо нарасонидан, истифода бурдан аз маҳлулҳои безараргардонӣ пайваста тоза кардани дастҳо бо маҳлули «Антисептикӣ» зарурат дорад. 

Маҳлули «Антисептикӣ» метавонад 99,9 дар сади микробҳои дар дасту панҷа бударо нобуд созад, -гуфт дар суҳбат духтури оилавии Дармонгоҳи марказӣ Ривоҷиддин Рустамов.

-Аз хурӯҷи ин беморӣ мардуми тоҷик низ дар изтиробу таҳлука қарор дорад. Дар боробари бемории илтиҳоби шуш тамоми ҷомеаи ҷаҳониро бемории коронавируси навъи (COVID-19) ба ташвиш оварда аст. Дар пешгирии ин беморӣ кӯмаки дастаҷамъона аз манфиат холӣ нест. Бо мақсади ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ оид ба риояи қоидаҳои гигиенаи шахсӣ ва пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус аз шахсони фаъол, имомхатибон, роҳбарони синфҳои муассисаҳои таълимӣ ба таври ихтиёрӣ таъсис дода мешуд беҳтар буд. Чунки хонандагони ҳамаи табақаҳои муассисаҳои таълимӣ ба таътили тобистона баромадаанд. Ҷавонону наврасонро онҳо метавонанд назорат бурда, бештар дар хона шишта ба мутолеаи китобҳои дарсию бадеӣ ҷалб намоянд. Аз гаштугузори кӯча, сари роҳ ҷамъшудан ва молчаронӣ рафтан муваққатан худдорӣ намоянд, -гуфт пизишки дармонгоҳ Саидҷон Шоматов.

Ҳар яки моро зарур аст, ки ба дастури табибон такя карда, асаби худро тенҷу ором нигоҳ дошта, барои нигоҳ доштани саломатии худ ва атрофиён дар пешгирии бемории коронавирус бо қувваи бузург мубориза барем.

М. Сиярзода Ф